Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 217 нафар дар тазоҳуроти зидди Трамп


Мақомоти Вашингтон гуфтанд, ки дастикам 217 нафар барои хушунату вайронкорӣ дар ҷараёни тазоҳуроти зидди Доналд Трамп – президенти нави Амрико –боздошт шудаанд. Ин афрод барои даргирӣ ва захмӣ кардани 6 тан аз маъмурони ҳифзи ҳуқуқ низ муттаҳам мешаванд. Мақомоти пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода кардааст. Эътирозгарони “сиёҳпӯш” шишаи қаҳвахонаи Starbucks, Макдоналдс ва дафтари Бонки Амрикоро шикаста, чанде аз нақлиётро оташ задаанд. Мюриэл Боузер, шаҳрдори Вашингтон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “мо ба ҳеҷ ваҷҳ хушунат алайҳи кормандони пулисро таҳаммул карда наметавонем”. Доналд Трамп рӯзи 20 январ бо адои савганд расман ба ҳайси президенти 45-уми Амрико ба кор оғоз кард.

XS
SM
MD
LG