Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш корманди пулис дар таркиши Қоҳира


Шаш корманди пулис дар таркише дар пойтахти Миср ҷон бохтанд. Мақомот мегӯянд, ки таркиш рӯзи 9 декабр дар гузаргоҳе ба самти Аҳром рух дода, ҳафт тани дигар, аз ҷумла чор роҳгузарро маҷрӯҳ кардааст. Масъулияти ҳамларо «Ҷунбиши Хасм» бар ӯҳда гирифт. Аз замони сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ – раиси ҷумҳури пешини Миср – дар тобистони соли 2013 то кунун таъқиби тарафдорони ӯ ва мухолифони ҳукумати президент Абдулфаттоҳ Сисӣ афзоиш ёфтааст. Рӯзи 8 декабр мақомот писари Муҳаммад Мурсиро низ боздошт карданд. Дар ҷавоб исломгароҳо ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла намуданд.

XS
SM
MD
LG