Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия парастори Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории тоҷикро ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҷавон дар муолиҷаи Гулмурод Ҳалимов дар Сурия дар соли 2015 кӯмак кардааст.

Ин ҷавон Маҳмад Маҳмадиеви 26-сола, як сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Тафтишот мегӯяд, ки ӯро охири соли 2016 дар наздикиҳои шаҳри Манбиҷи Сурия сарбозони турк дастгир кардаанд ва рӯзи 4 марти имсол ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши пешакӣ собит кардааст, ки Маҳмад Маҳмадиев дар Сурия дар ҷарроҳии Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои таъйиноти махсус ширкат карда ва ним моҳ ӯро парасторӣ кардааст.

Тафтишот мегӯяд, ки ӯ охири соли 2016 дар наздикиҳои шаҳри Манбиҷи Сурия аз ҷониби низомиёни турк боздошт ва рӯзи 4 марти имсол ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Санҷидани дурустии ҳарфҳои тафтишот тавассути манобеи мустақил ва ё аз забони худи Маҳмадиев имкон надорад. Хешовандони Маҳмадиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди истирдоди писар ба Тоҷикистон худи ӯро надидаанд ва танҳо ҳаминро медонанд, ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин нашудааст.

Табибӣ барои ДОИШ

Тафтишот мегӯяд, Маҳмадиев сентябри соли 2014 Душанберо тарк карда ба Маскав рафт ва декабри ҳамон сол аз Туркия ба модараш занг зад. Муфаттишон бовар доранд, ки Маҳмадиев махсус бо ҳадафи пайвастан ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба Сурия сафар карда буд. То он замон ӯ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе таҳсил карда, бо маълумоти нопурраи тиббӣ ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайваст ва гӯё дар ҳайати ин гурӯҳ ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ машғул буд.

Гулмурод Ҳалимов.

Гулмурод Ҳалимов.

Баъди захмӣ шудани Гулмурод Ҳалимов, дар як амалиёт дар Сурия дар таърихи 22 июни соли 2015, ба қавли тафтишот, як пизишки олмонитаборе дар ҳайати ДИИШ ӯро ҷарроҳӣ кард ва Маҳмадиев ҳам гӯё дар ин амалиёт иштирок дошт. Маҳмадиев ба тафтишот гуфтааст, чаҳор сантиметр аз устухони пойи фармондеҳи фирории тоҷикро буридаанд ва ӯ ҳоло мелангад. Маҳмадиев гуфтааст, ки наздики як моҳи баъди ҷарроҳии Ҳалимов ӯро парасторӣ кардааст.

Акси Маҳмад Маҳмадиев дар торнамои вазорати корҳои дохилӣ дар қатори дигар ҷавононе, ки бинобар пайвастан ба ДИИШ ҷустуҷӯ мешаванд, соли гузашта нашр шуда буд. Дар эълони вазорат гуфта мешавад, ки ҳузури Маҳмадиев дар Сурия маълум шудааст ва додситонӣ бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” аз 14-уми августи соли 2015 нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Волидони бехабар аз сарнавишти писар

Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмад Маҳмадиев 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта аз вазорати корҳои дохилӣ барояш хабар доданд, ки писарашро ба Тоҷикистон овардаанд. Ӯ гуфт, ҳамарӯза барои писараш ба боздоштгоҳ хӯрок мебарад, вале то ҳол аз наздик бо ӯ сӯҳбат накардааст.

Файзиҷон Маҳмадиев.

Файзиҷон Маҳмадиев.

Файзиҷон Маҳмадиев гуфт: “Ман бемор ҳастам, сутунмӯҳра ва дилам дард мекунад. Маҳмад ягона фарзандам буд, ки маро табобат мекард, доруҳоямро мегузаронд. Ба хотири табобати ман барои кор ба Русия рафт. Он ҷо чӣ шуд, ки яке хабараш аз Сурия омад. Аз он ҷо танҳо як бор занг зада буд ва мо зуд мақомотро огоҳ карда будем. Ҳоло ба ҳар ҳол хурсандам, ки писарамро аз он ҷо зинда оварданд. Дар зиндон ҳам бошад, дар Тоҷикистон аст.”

Наҷмиддин Мудинов, раиси маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне мақомот аз ҳузури Маҳмад Маҳмадиев огаҳӣ пайдо карданд, ки ӯ тариқи интернет бо ҷавони маҳалла дар тамос шуда, онҳоро барои пайвастан ба ДИИШ ташвиқ кардааст.

“Вай дар интернет бо бачаҳо гап мезанад ва ин овоза шуд. Аз ВКД омада моро пурсиданд. Баъди ин ба хонаашон рафта фаҳмидем, ки ҳақиқатан ҳам дар хонаашон нест. Баъдан пурсиданд, ки ҳамин хел одам дар маҳаллаи шумо ҳаст ё не. Гуфтем, ба Русия рафта буд”.

Ҳоло Маҳмад Маҳмадиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ таҳти табобати пизишкон қарор доранд, зеро ба гуфтаи мақомот, баъди боздошташ гӯё бо чанд захми корд дасташро бурида талош кардааст, дар Туркия бимонад.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори вазорати умури дохилӣ дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Амрико барои иттилои арзишманд дар бораи Гулмурод Ҳалимов 5 миллион доллар подош таъйин кардааст.

Аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ наздик ба 50 тан аз ҷавони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштаанд. Аммо Маҳмадиев аз аввалин нафаронест, ки дар Сурия аз ҷониби низомиёни турк боздошт ва баъдан ба ҷониби Тоҷикистон таслим шудааст. Аз ин рӯ, мақомот мегӯянд, афв нисбат ба ӯ татбиқ намешавад ва эҳтимоли аз 8 то 12 соли зиндон ба ӯ таҳдид мекунад. Тибқи иттилои расмӣ бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ба сафи ДИИШ пайвастаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG