Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” барандаи Ҷоми ФФТ шуд


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои бори дувум ғолиби мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гардид.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016, ки шаби ҷумъаи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаву ҳалкунандаро Ромиш Ҷалилов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 25-ум, ба ҳадаф расонд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа барои ҷойи севум бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи Холмурод Назаров дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 73-юм, ба “Вахш” пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, “Регар-ТадАЗ” бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тило сарфароз гашт. “Хуҷанд” бо медалҳои нуқра ва “Вахш” бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҷоми ФФТ-2016

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ССКА «Помир» – «Вахш» – 0:1

Гол: Холмурод Назаров, 73.

Бозии ниҳоӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Ромиш Ҷалилов, 25.

Бояд тазаккур дод, панҷумин давраи Ҷоми ФФТ дар ду марҳила барпо гардид. Марҳилаи аввали мусобиқот, ки минтақавӣ буд, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Душанбе баргузор шуд. Давраи дувум – марҳилаи ниҳоӣ – аз 1-ум то 11-уми март дар Душанбе доир гашт.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот ҳамагӣ ҳашт дастаи беҳтарин – чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон – ширкат варзиданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Саройкамар» (Панҷ), «Истиқлол» ва ССКА «Помир» (ҳарду аз Душанбе) ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Қайроққум» (Қайроққум) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дохил буданд.

Дар даври ниманиҳоӣ чаҳор даста - ССКА “Помир”, “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш”, ки аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ маълум шуданд, ширкат карданд. Ду даста - “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” – ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ мушарраф шуд.

Дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Регар-ТадАЗ» бо ССКА «Памир»-и Душанбе рақобат кард. Замони асосӣ ва изофии бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони шаҳри Турсунзода омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки хеле пуршиддат гузашт, “Хуҷанд” дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор шуд. “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дуборӣ ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Се сол пеш дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) пирӯз гаштанд.

Соли 2014-ум дастаи «Истиқлол»-и Душанбе севумин барандаи Ҷоми ФФТ гардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Соли гузашта низ “Истиқлол” барандаи Ҷоми ФФТ шуд. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми марти соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар доир гашт, тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дод.

Ҷоми ФФТ-2016

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ССКА «Помир» – «Вахш» – 0:1

Гол: Холмурод Назаров, 73.

CСКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Сефаҳ Жаке Нана (Маҳмадалӣ Содиқов, 46), Фирдавс Чақалов, Павел Калугин (Фурӯғ Қодиров, 46), Рустам Толибов (Фирӯз Раҳматов, 76), Комрони Мирзонаҷот (Андоҳ Наполеон, 86), Шамсиддин Қосимов, Парвиз Қашқаров (Зоир Ҷӯрабоев, 86), Давронҷон Тухтасунов, Шодибек Ғаффоров.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Холмурод Назаров, Алексей Неъматов (Мухтор Ортиқов, 31), Фирӯз Ризомов, Улуғбек Абдулхайров, Худойдод Узоқов, Умедҷон Шарифов, Ҷамолиддин Зардиев (Умарҷон Шарифов, 88), Эҳсон Бобоев, Аҳтам Ҳамроқулов, Нуъмонҷон Ҳакимов (Собирҷон Холматов, 53).

Огоҳонида шуданд: Улуғбек Абдулхайров, Алексей Неъматов, Фирӯз Ризомов, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Сефаҳ Жаке Нана, Парвиз Қашқаров (ССКА «Помир»).

Беҳтарин бозигар: Фатҳулло Бобоев («Вахш»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Бозии ниҳоӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Ромиш Ҷалилов, 25.

Бозии ниҳоӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Ромиш Ҷалилов, 25.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Фарҳод Холбеков, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Ҳикматулло Расулов (Фаррух Чориев, 70), Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Акуффо Гершон, Меҳроҷиддин Музаффаров (Азиз Бегов, 60), Комрон Турсунов (Азим Тошев, 80).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фаррух Бердиев, Соҳибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Шероз Абдуллоев, Дилшод Каримов, Руслан Раҳматов, Саидҷон Шарифов, Сафаралӣ Каримов, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муъминов, 82), Марифҷон Марифбоев.

Огоҳонида шуданд: Сафаралӣ Каримов, Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»), Ромиш Ҷалилов, Азиз Бегов («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарин: Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2016):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

XS
SM
MD
LG