Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб аз тими «Ал Сувайқ»-и Умон бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуд.

Ин бозии даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» байни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва«Ал Сувайқ», қаҳрамони секаратаи Умон, шаби сешанбеи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Seeb Sports Complex»-и шаҳри Мускат бо ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд. Ҳарорати ҳаво 23 дараҷа гарм буд.

Муҳаммад Солеҳ Ал Ғассонӣ, бозигариАл Сувайқ”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Дастаҳо бо ҳисоби 1-0 ба танаффус баромаданд. Голи дувуми Сувайқ”-ро Абдулраҳмон Солеҳ дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд. Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро тағйир дод. Баъди ду дақиқа Сидоҳ Сирикӣ голи севумро ба дарвозаи меҳмонон зад.

Ҳайати дастаи “Равшан” дар ин бозӣ чунин буд: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов (капитан), Содиқ Мӯсо (Нуъмонҷон Ҳакимов, 46), Алексей Неъматов, Сайриддин Ғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Соломон Течи, Давронҷон Тухтасунов ( Муҳаммадҷони Ҳасан, 61), Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов (Комрон Саидзода, 86).
Огоҳонида шуданд: Содиқ Мӯсо 27, Соломон Течи, 30, Юсуф Абдулло Амир-Ас-Саъдӣ 83.
Менеҷери даста: Дилшод Шарифов.
Сармураббӣ: Ғайраталӣ Мираҳмадов.
Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳанад Қосим Саррой доварӣ карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими «Сафо»-и Лубнон дар майдони худ бар дастаи «Зат Рас»-и Урдун бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Голро Ҳасан Нозимеҳ дар дақиқаи 79-ум ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 7-ум Алӣ Ал Саъдӣ, бозигари “Сафо”, корти сурх гирифт ва мизбонон то охири бозӣ дар майдон 10 нафар буданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 « Ал Сувайқ» 1 1 0 0 3-1 3
2 «Сафо» 1 1 0 0 1-0 3
3 «Зат Рас» 1 0 0 1 0-1 0
4 «Равшан» 1 0 0 1 1-3 0

«Равшан» дар даври дувум рӯзи сешанбеи 11-уми март дар майдони худ бо тими «Сафо»-и Бейрути Лубнон бозӣ мекунад. Бозии дигар миёни дастаҳои «Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) баргузор мешавад.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG