Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар Бейрут аз тими «Салом Ҷҳарта»-и Лубнон бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015, ки шоми сешанбеи 17-уми феврал дар пойтахти Лубнон – Бейрут - ба анҷом расид, аз тими «Салом Ҷҳарта» бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Голҳоро Аҳмад Хатиб дар дақиқаи 23-юм, Лукас Галан дар дақиқаи 48-ум ва Алекс Боутрос дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонданд. Сардовари ин бозӣ Нагор Амир Нур Муҳаммади 32-сола аз Малайзия буд.

Ба ин тартиб, дастаи “Хайр” аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 маҳрум шуд. “Салом Ҷҳарта”, ки ба даври баъдӣ роҳ ёфт, дар гурӯҳи «А» муқобили тимҳои «Ал-Ваҳдат»-и Урдун, «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Ал-Наҳда»-и Умон бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки «Хайр» бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Лубнон сафар карда буд.

Ҳайати дастаи «Хайр»:

Дарвозабонҳо: Анатолий Старушенко (Украина), Рустам Ризоев;

Ҳимоятгарон: Далерҷон Шарифов, Баҳодур Шарифов, Идибек Ҳабибуллоев, Субҳон Хоҷамов, Ҳасан Рустамов, Парвизҷон Ҳомидов;

Нимҳимоятгарон: Дмитрий Медекис (Латвия), Сафаралӣ Каримов, Ҷаҳонгир Хайров, Мӯҳсинҷон Парпиев, Маҳмадалӣ Содиқов, Алишер Ӯлмасов;

Ҳамлагарон: Владимир Верёвкин (Қирғизистон), Мирзобек Мирзоев, Шодибек Ғаффоров, Меҳроҷиддин Музаффаров.

Сармураббӣ: Тоҳирҷон Муъминов.

Ҷоми АФК-2015. Плей-офф

«Салом Ҷҳарта» (Лубнон) – «ХАЙР» (Тоҷикистон) – 3:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Хатиб, 23 (1:0). Лукас Матиас Галан, 48 (2:0). Алекс Боутрос, 87 (3:0).

«Салом Ҷҳарта» (Лубнон): Мустафо Матар, Аҳмад Ал-Хатиб, Петр Трапп (Умар, 64), Алаа Хамӣ, Агоп Донабидиан (капитан), Лукас Матиас Галан (Маҳмуд Маркоуч, 84), Абубакр Ал-Мел, Таха Диаб (Алекс Боутрос, 60), Ҷуко Ричард Кассага, Ҷеан Яминне, Умар Зеин Еддине.

«Хайр» (Ваҳдат, Тоҷикистон): Анатолий Старушенко, Субҳон Хоҷамов, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Баҳодур Шарифов, Парвизҷон Ҳомидов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 46), Далерҷон Шарифов, Алишер Улмасов (Владимир Верёвкин, 63), Дмитрий Медекис, Шодибек Ғаффоров, Мирзобек Мирзоев (капитан).

Огоҳонида шуданд: Сафаралӣ Каримов, Мирзобек Мирзоев ("Хайр”).

Беҳтарин бозигар: Лукас Матиас Галан («Салом Ҷҳарта»).

Сардовар: Нагор Амир Нур Муҳаммад (Малайзия).

Ёваронаш: Моҳд Шаҳрин Бин Чи Умар (Малайзия), Хсу Мин Ю (Тайван).

Довари эҳтиётӣ: Муд Бониядифард (Эрон).

Комиссари бозӣ: Принс Руфус (Ҳиндустон).

17 феврал. Бейрут. Варзишгоҳи «Салом Ҷҳарта». 1271 тамошобин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG