Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» дар Тошканд бозиро бо "Нефтчӣ" бохт


«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ дар Тошканд аз «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозии санҷиширо дар шаҳри Тошканд ба тими «Нефтчӣ»-и Фарғона, қаҳрамони панҷкаратаи Узбакистон, бо ҳисоби 0:1 бохт. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 22-юми январ дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Бунёдкор” баргузор шуд.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, голи ягонаро ба дарвозаи футболбозони Душанбе Мурод Бобоҷонов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 28-ум, зад.

Дар ҷараёни ин бозӣ душанбегиҳо бисёр лаҳзаҳои голзаниро дар назди дарвозаи фарғонагиҳо ба вуҷуд оварданд, вале Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш, Акмал Холматов ва Аҳтам Назаров аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Ин бозии дувуми санҷишии «Истиқлол» дар Тошканд буд. Ёдовар мешавем, ки 19 январ “Истиқлол” бозии санҷиширо бо «Олмалиқ»-и вилояти Тошканд бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд. Ҳисобро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, ки алъон аз санҷиш мегузарад, боз кард. Голи ҷавобиро Ислом Исҳоқҷонов, бозигари “Олмалиқ”, дар оғози нимаи дувуми дидор ба ҳадаф расонд.

Бозии санҷишӣ

«Нефтчӣ» (Узбакистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Мурод Бобоҷонов, 28.

«Нефтчӣ» (Фарғона, Узбакистон): Уткир Юсупов, Сардор Қулматов, Шукур Пӯлодов, Диёр Ирматов, Алишер Самадов, Мӯҳсин Убайдуллоев, Аббос Маҳсталиев, Сардорбек Эминов, Бахтиёр Ёқубов, Мансур Саидов, Мурод Бобоҷонов.

Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Сергей Смородин, Ҳусниддин Ғафуров, Илҳом Бойдодоев, Умед Қодиров, Аббос Абдулҳақов, Шерзод Ҳакимов, Бобур Фарҳодов, Ҷамшед Ҳошимов, Отабек Исроилов.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Қурбоналӣ Бобоев (Алишер Додов, 64), Петро Ковалчук, Сиёвуш Асроров (Давронҷон Эргашев, 42), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Акмал Холматов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.

Огоҳонида шуданд: Аббос Абдулҳақов, Илхом Бойдодоев, Бобур Фарҳодов («Нефтчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд (бо ҳуқуқи иваз кардан): Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), 40 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Бахтиёр Намозов (Тошканд).

22 январ. Тошканд. Варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор». 100 тамошобин.

XS
SM
MD
LG