Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҳосилот”-и Фархор пешакӣ ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид.

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки пешакӣ ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи соли ояндаи қаҳамонии Тоҷикистон дар лигаи олӣ шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Ҳосилот” баъди пирӯзӣ дар бозии даври 24-уми мусобиқаи лигаи аввал дар майдони худ бар тими «Исфара»-и шаҳри Исфара бо ҳисоби бузурги 7:1, барои рақибонаш дастнорас гашт. Футболбозони ноҳияи Фархор таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар 22 бозӣ 53 имтиёз ба даст овардаанд ва дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор доранд.

Барои медалҳои нуқраву биринҷӣ панҷ даста – “Эсхата”, “Ҳулбук”, “Панҷшер”, “Саройкамар” ва “Кӯктош” – талош доранд.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 24-ум

«Эсхата» — «Саройкамар» — 3:2

«Ҳосилот» — «Исфара» — 7:1

«Локомотив» — «Помир» — 1:1

«Канд» — «Панҷшер» — 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

22

17

2

3

50-16

53

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

23

15

4

4

71-31

49

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

22

13

6

3

42-24

45

4

«Панҷшер» (Румӣ)

21

12

7

2

40-17

43

5

«Саройкамар» (Панҷ)

21

13

2

6

50-18

41

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

22

12

4

6

58-35

40

7

«Исфара» (Исфара)

22

9

2

11

42-45

29

8

«Чашма» (Шаҳритус)

23

8

2

13

41-53

26

9

«Помир» (Душанбе)

22

6

4

12

36-47

22

10

«Локомотив» (Душанбе)

22

5

4

13

24-52

19

11

«Канд» (Конибодом)

21

4

2

15

27-53

14

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

21

3

5

13

24-42

14

13

МТО (Хуҷанд)

20

2

0

18

24-96

6

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 21 тӯб, Абдумалик ШОДИЕВ («Эсхата») – 19 тӯб, Фирдавс МӮСОЕВ («Исфара») – 13 тӯб, Адҳамҷон АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош») – 12 тӯб.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG