Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаҳои Макнуна Ниёзова ва Беҳрӯз Зеваров дар Корея


Макнуна Ниёзова ва Беҳрӯз Зеваров дар ҷашнвораи мӯди Осиё соҳиби ҷоизаҳои махсус шуданд.

Макнуна Ниёзова ва Беҳрӯз Зеваров дар ҷашнвораи мӯди Осиё соҳиби ҷоизаҳои махсус шуданд. Ҷашнвораи мӯди Осиё, ки аз 5-ум то 22 май дар шаҳри Сувони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, намояндагони Тоҷикистонро бо ҷоизаҳои махсуси мири шаҳри Сувон қадрдонӣ кард. Дар баробари ширкат дар бахши фешн-шоу ё намоиши либосҳои замонавии тоҷикии дӯхти Макнуна Ниёзова, ду модели тоҷик – Фотима Маҳмадалиева ва Азизҷон Мирзоев ҳам барои ширкат дар озмуни ситораҳои мӯди ҷашнвораи Осиё қадрдонӣ шуданд. Беҳрӯз Зеваров, барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Осиё “Барои саҳми шахсиаш дар рушди фарҳанги Осиё аз роҳи шоу-бизнес дар кишвари худ” дар як сӯҳбат баъди анҷоми ҷашнвора аз шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ чунин гуфт:

“Духтари тоҷики мо Фотима Маҳмадалиева аз сӯи шаҳрдори Сувон ба унвони “Симои шаҳри Сувон” интихоб шуд. Ҳамакнун Фотима ва акстҳои ӯ дар шаҳри Сувон пайдо мешаванд”.

Ба қавли Беҳрӯз Зеваров, барои расмӣ шудани кори Фотима Маҳмадалиева дар амри муаррифии шаҳри Сувон қарор аст созишномаи расмӣ бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ имзо шавад. Дар маҷмӯъ, дар ҷашнвораи мӯди Осиё 26 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок карданд. Барои пуштибонӣ аз ширкатдорони тоҷики ин озмун аз Сеул ба Сувон раҳбарияти сафорати Тоҷикистон дар Корея сафар карда буданд.

XS
SM
MD
LG