Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафорат ба кӯдакони маъюб кумак мекунад"


Консули Тоҷикистон Садбарг Ғаниева (аз чап) ҳангоми аёдати Ҷамшед Содиқов ва модари ӯ.
Консули Тоҷикистон Садбарг Ғаниева (аз чап) ҳангоми аёдати Ҷамшед Содиқов ва модари ӯ.

Ин ваъда аз забони консули Тоҷикистон дар Маскав хонум Садбарг Ғаниева садо дод, ки ахиран бо як оилаи воқеъан мӯҳтоҷи кӯмак мулоқот анҷом дод. Қиссаи оилаи Содиқовҳо ба даҳҳо қисаи нохуши дигар монанд аст.

Оилаи Содиқовҳо, бо ду фарзанди худ, мисли садҳо ҳамватани дигар дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар дар Русия зиндагӣ ихтиёр кард. Аммо кӣ медонист, ки ба ҷойи оромишу осоиш онҳо ба мусибат гирифтор мешаванд. Ин оила даҳ соли пеш ба хотири ояндаи беҳтаре барои фарзандони худ дар шаҳри Санкт Петербург маскун шуд. Аммо шаш соли пеш ду фарзанди онҳо дар як садамаи нақлиётӣ маъюб гардид ва рӯзгори волидонро ба кобус монанд кард. Табобати бачаҳо маблағи зиёд талаб мекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки онҳо бимаи сиҳатӣ надоранд ва танҳо гоҳ гоҳ аз созмонҳои хайрия кӯмак мегирифтанд. Мо дар як сӯҳбат бо ин хонавода аз ҳоли Ҷамшеди 15-сола ва Маликаи 11-сола пурсидем ва баъдан бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам тамос гирифтем то дар рафъи мушкили ҳаватани худ саҳм бигирад.
Ахиран консули Тоҷикистон дар Маскав Садбарг Ғаниева дар Санкт Петербург бо оилаи Содиқовҳо мулоқот кард ва ваъда дод, ки сафорат кӯмаки худро аз ин оила дареғ намедорад. Мо ин қазияро таҳти назар гирифтаем ва хонадаҳои Озодиро аз ҳоли кӯдакони мӯҳтоҷ бохабар хоҳем кард.


Сафорати Тоҷикистон ба оилаи муҳоҷири тоҷик кумак ваъда кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:50 0:00
XS
SM
MD
LG