Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раул Кастро: Фидел мухолифи шахспарастӣ буд


Куба барои раҳбари пешинаш нӯҳ рӯз мотам гирифт
Куба барои раҳбари пешинаш нӯҳ рӯз мотам гирифт

Раул Кастро, раҳбари феълии Куба, ваъда дод, ки роҳи бародари марҳумаш Фидел Кастроро барои "ҳимояти ватан ва сотсиализм" идома хоҳад дод. Ӯ дар ин бора рӯзи 4 декабр дар майдони Антонио Маесои шаҳри Сантяго изҳори назар кард. Раул Кастро дар идомаи суханонаш гуфт, номи Фидел дар муассисаҳо, кӯча, боғ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта нахоҳад шуд. Ба қавли ӯ, раҳбари пешини Куба намехост, ки кеши шахспарастӣ дар кишвараш густариш ёбад. Фидел Кастро, ки тақрибан панҷоҳ сол раҳбарии Кубаро бар ӯҳда дошт, охири моҳи ноябри имсол дар навадсолагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро Раул Кастро тавассути телевизионҳо эълон кард ва гуфт, ки бар асоси васияташ ҷасади Фидел Кастро сӯзонда мешавад.

XS
SM
MD
LG