Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз Душанбе ба интихоботи президентии Афғонистон


Маҳофили коршиносии Тоҷикистон дар фазои ором ва ва шаффоф баргузор шудани интихоботи президентӣ дар Афғонистонро ба нафъи ҳамсоякишварҳо медонанд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, натоиҷи интихоботи Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа бисёр муҳим аст. Зеро дар сурати баргузор шудани ин интихобот дар фазои ором ва шаффоф, он метавонад беҳтарин интихоб, беҳтарин натиҷа барои Тоҷикистон бошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати тақаллуб дар интихобот, ки рӯзи 5-уми апрел шоҳидаш хоҳем буд, замина барои чолишҳо ва рӯёрӯиҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам амниятиро дар Афғонистон фароҳам мекунад.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад афзуд, қатъи назар аз натиҷаҳои интихобот ва ё барандаи он, давлати Афғонистон ҳатман саъй мекунад, бо Тоҷикистон робитаи хуб дошта бошад:

«Қатъи назар аз он, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ки дастболо мешавад, ба делели сиёсати дурусте, ки аз сӯй Тоҷикистон то ҳоли ҳозир дунбол шудааст, ҳукумати Кобуд нигоҳи мусбат ба муносибатҳои Тоҷикистгон хоҳад дошт.»

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ, низ бар он бовар аст, ки агар интихоботи Афғонистон бо музокира ва ҳамдигарфаҳмии нерӯҳои мухолифи ҳукумати кунунии ин кишвар анҷом ёбад, он гоҳ таъсираш ба Тоҷикистон хуб хоҳад буд. Зеро дар сурати ба ҳам омадан ва созиш кардани ҳама гуна гурӯҳҳои мухолиф дар Афғонистон, он барои беҳтар кардани муносибатҳои ин ду кишвар кӯмак хоҳад кард. Аз ҷумла мушкил бо ҷангсолорон ва кишти кӯкнору қочоқи маводи мухаддир метавонад то андозае ҳалли худро ёбад:

«Аммо агар интихобот на ба наздикшавӣ, балки ба аз ҳам дур шудани нерӯҳои дохилии кишвар боис гардад, он гоҳ ноамнӣ ва киштукор кӯкнор ҳамоно идома меёбад ва дар ин сурат қазияи истеҳсолу интиқоли маводи мухадир кам намешавад. Зиёд ҳам шуданаш мумкин аст, ки ин албатта барои Тоҷикистон чандон хуб нест.»

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло
Ба назари мақомоти Тоҷикистон ҳам амнияти минбадаи Тоҷикистон аз ором баргузор шудани интихоботи 2014-и Афғонистон вобастагӣ дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, баргузор шудани интихоботи хубу демократӣ дар Афғонистон ба манфиати тақвияти субот дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, шанбеи 22-юми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ афзуд, барои Тоҷикистон аз ҳар замина муҳим он аст, ки интихобот дар Афғонистон хуб гузарад. Аммо ба суоли он, ки пирӯзии кадоме аз довталабони курсии раёсатҷумҳури Афғонистон метавонад муносибати ду кишварро беҳтар гардонад? Ҷаноби Атоев гуфт:

«Оне, ки дар ҳақиқат овози воқеии мардуми афғонро ба даст оварда, бо роҳи демократи раисиҷумҳурӣ ин кишвари азияткашида мешавад, мо ба ӯ эҳтиром мегузорем.»

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон барои иштирок дар ин интихобот 11 нафар, ба шумули Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Абдураҳим Вардак, Зулмай Расул, Нодир Наъим, Қаюм Карзай, Гул Оғо Шерзай, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзайро ба унвони номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон сабти ном кардааст.

Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Аммо ахиран яке аз номзадҳо -- Қаюм Карзай ба нафъи Зулмай Расул номзадии худро пас гирифт ва вазири пешини дифои он кишвар Абдураҳими Вардак ҳам аз сабқат берун шуд, вале эълон накард, ки чӣ ангезае ӯро ба ин кор водошт ва аз кадом аз номзадҳо ҷонибдорӣ мекунад.

Интихобот барои 5 апрел барномарезӣ шудааст ва номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ, ки ду давраи раёсаташ ба поён мерасад, мубориза хоҳанд кард. Карзай аз соли 2001, яъне аз соли вуруди нируҳои Амрико ва эътилофи байналмиллалӣ ба Афғонистон ва шикасти Толибон дар Кобул раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад. Тибқи қонун Карзай ҳақ надорад бори севвум худро номзад пешбарӣ кунад.

Вале гуфта мешавад, ки рақобати ҷиддӣ миёни Абдуллоҳи Абдуллоҳ -- аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд ва намояндаи Эътилофи шимол ва миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Зулмай Расул, ки аз пуштибонии низоми ҳоким дар Кобул бархӯрдоранд, сурат мегирад. Интихоботи президентии Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, то поёни соли равон нирӯҳои Амрико ва эътилофи таҳти фармони НАТО аз ин кишвари ҷангзада хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG