Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Шарифов эҳтимоли шомил шудани Толибон ба ҳукумати Афғонистонро барои кишварҳои ҳамсояи он, бахусус Тоҷикистон, имтиҳони вазнин арзёбӣ мекунад.

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, набояд фаромӯш кард, гурӯҳҳое, ки зери назорати Толибон қарор доранд, назири Ҳаракати Исломии Туркистон ё Узбакистон, дунболи пиёда кардани идеяи таъсиси Хилофати исломӣ ҳастанд ва номгузории Аморати Исломии Афғонистон тавассути ин гурӯҳҳо, шаҳодати мӯътақид будани онҳо ба ин идея аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Сӯҳроб Шарифов бовар дорад, ки шомил шудани Толибон ба ҳукумати Афғонистон барои кишварҳои ҳамсояи он, бахусус Тоҷикистон мояи хушбинӣ нахоҳад буд, балки ҳушёрӣ ва зиракии бештареро аз ҳамсояҳо талаб мекунад.

Аммо собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, аз лиҳози илми низоъшиносӣ ворид шудани мухолифон ба сохторҳои давлат, таҷрибаи назаррас аст ва дар чанд соли пеш давлати Тоҷикистон низ чунин таҷрибаро бо мухолифони худ амалӣ карда буд.


Ба таъкиди Сӯҳроб Шарифов, Толибонро зарур аст, ки барои муваффақ шудан ба ин амр бо рақибони дохилии худ забон ёбад.

Бо ин ҳам ин вакили порлумони Тоҷикистон музокироти яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ - ИМА бо Толибон бидуни ҳукумати Афғонистонро барои расидан ба мақсад муассир намедонад. Зеро вай мегӯяд, ИМА бар иловаи манофеи мардуми Афғонистон манфиатҳои худро дорад.

Аз сӯи дигар, мегӯяд ҷаноби Шарифов, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин музокирот бо кадом гурӯҳи Толибон сурат мегирад. Чун ба таъкиди ӯ, гуфта мешавад, ки на ҳама ҳайати Толибон ба ин музокирот розӣ ҳастанд.

Вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон расидан ба сулҳу субот дар Афғонистонро меҳвари рушди ин кишвари ҷангзада медонад.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG