Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиноси иқтисодӣ Зафар Абдуллоев мегӯяд, бо вуҷуди нигарониҳову баҳсҳо дар робита бо дурнамои тарҳи CASA-1000, Тоҷикистон аз вуҷуди ин тарҳ танҳо манфиат мебинад.

Дар пасманзари шурӯи татбиқи тарҳи энержии CASA-1000, ки интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Покистон дар назар мегирад, бархе нозирон аз бурду бохтҳои ин тарҳ барои кишварҳои узв ҳадс мезананд. Кушоиши ин тарҳ рӯзи 12 май дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо ширкати раҳбарони ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон - Эмомалӣ Раҳмон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Навоз Шариф ва Сооронбой Ҷеенбеков баргузор шуд. Тарҳе бо арзиши 1 миллиард доллар, ки аз он ниҳодҳои молии байналмилалии мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ кардаанд, аз назари коршиносон ҳамчун як тарҳи “ғарбӣ” арзёбӣ мешавад.

Аз ин хотир, ба андешаи бархе коршиносон, бидуни ширкати Русия пеш рафтани ин тарҳ мояи асабонияти Маскав буда метавонад. Рӯзи 11 май мусоҳибони нашрияи “Независимая газета”, чопи Маскав дурнамои ин тарҳро аз назари таҳдидҳои амниятии Афғонистон зери суол бурда гуфтаанд, ки ҳатто дар сурати ба иҷро даромадани он, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавсими сармо бидуни энержӣ хоҳанд монд. То куҷо ин нигарониҳо дуруст аст? – суолест, ки бо коршиноси масоили иқтисодӣ дар Душанбе Зафар Абдуллоев дар миён гузоштем.

Зафар Абдуллоев: Мусаллам аст, ки Маскав аз тарҳи CASA-1000 чандон хушбахт нест ва ҳама талошашро ба харҷ медиҳад, то ки барои пешбурди ин тарҳ халал эҷод кунад. Русия аз оғоз на барои дигарҳо, балки барои манфиатҳои худ ба Тоҷикистон омада сохтмони нирӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро маблағугзорӣ кард, вале бо сабаби сиёсати нархгузориву тарифе, ки ҳукумати Тоҷикистон пеш мебарад, ин ширкат фоидаовар нашудааст. Кори нирӯгоҳи Роғун ҳам аз оғоз на барои таъмини барқи ширкати алюминий (ТалКо), балки барои содироти нирӯи барқ нигаронида шудааст. Дар тамоми ҷаҳон на тавлид, балки фурӯши захираҳои энержӣ як бахши муҳими даромади буҷаро ташкил медиҳад. Яъне ҳама мехоҳанд бевосита ҷараёни фурӯши энержиро назорат кунанд. Нирӯи барқ як хусусият дорад, ки онро захира карда намешавад, онро мисли як нони гарми аз танӯр беруншуда зуд фурӯхтан лозим аст. Аз ин хотир, тарафе, ки интиқоли барқро назорат мекунад, назар ба оне, ки барқро тавлид мекунад, муҳимтар аст. Вале воқеият ин мешавад, ки Русия ва қисман Тоҷикистон барқро тавлид мекунаду лекин ҷараёни фурӯши он зери назорати давлат ва фондҳои ғарбӣ мегузарад. Фикр мекунам, ки дар моҳҳои оянда Русия дар нисбати Тоҷикистону Қирғизистон як навъ вокуниш нишон хоҳад дод ва ин як демарши иқтисодӣ ё сиёсӣ хоҳад шуд. Яке аз фишангҳои фишор болои Тоҷикистон қарздории ширкати буҷавии “Барқи тоҷик” дар баробари “Сангтӯда-1” мешавад. Баъди бозбинӣ (реструктуризатсия)-и қарз, пуле, ки “Барқи Тоҷик” бояд ба “Интер РАО ЕЭС” пардохт кунад, ҳудудан 80-90 миллион долларро ташкил медиҳад.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти таҳдидҳои амниятии Афғонистон, ки ба назари бисёриҳо воқеитар фоидаҳову манфиатҳои ин тарҳ менамояд, шумо то куҷо дурнамои ин тарҳро муваффақ арзёбӣ мекунед?

Зафар Абдуллоев: Ба фикри ман, ҳеҷ кадом нирӯи ҷангҷӯи шадиде, назири гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ба эҳтимоли ғолиб, ба ноқилҳои барқгузар осебе нахоҳанд расонд. Чаро? Чунки ҳама ҷонибҳо метавонанд манфиатдори ин тарҳ бошанд. Ҳама фоидабари ин хатҳои барқгузар мешавад. Шояд масъала дар шантажи эҳтимолӣ ё тақсими доираҳои нуфуз бошад, дар ин сурат, эҳтимолан Русия барои дохил шудан ба ин тарҳ ҳама талошашро ба харҷ диҳад ва ба Тоҷикистону Қиғизистон таъсир кунад. Бешубҳа, ин хатҳо дар баробари таҳдидҳои террорризм заъфпазир ҳастанд. Вале ман мутмаинам, ки ҳеҷ як гурӯҳи низомӣ дар қаламрави Афғонистон ва ё Покистон манфиатдори хароб кардани ин хатҳо нестанд. Ҳатто дар сурати қатъ шудани интиқоли барқ дар сурати ҳамлаҳои эҳтимолӣ, барқарор кардани онҳо кори душвор нест ва ин ҳам як бартарияти дигари технологияи барқрасонӣ мебошад. Яъне ҳатто агар ин хатҳо аз қаламравҳои таҳти назорати ҳукумат неву, гурӯҳҳои шӯришӣ гузаранд, таҳти контроли ҳамин гурӯҳҳо мешаванд. Ин хатест, ки пул меорад.

Радиои Озодӣ: Мунаққидон мегӯянд, ки Тоҷикистон, кишваре, ки барои шаҳрвандонаш ба таври комил нирӯи барқро таъмин намекунад, баъди ба кор даромадани CASA-1000 дастрасии бе ин ҳам маҳдудро ба барқ маҳдудтар мекунад. Бо назардошти ин ки нирӯгоҳии азими таъминкунандаи барқ барои аҳолӣ ба таври комил кор намекунанд. Ба ин чиз назари шумо чист?

Зафар Абдуллоев: Ин ки мардум мисли пешина аз камбуди нирӯи барқ азият мешавад, дигар мусаллам аст. Чунки ҳоло имконияти ба даст овардани даромади ҷиддӣ аз фурӯши нирӯи барқ ба вуҷуд омадааст. Вале ман бовар намекунам, ки ҳукумат ё иқтисод тавони пешрафтро дар ин соҳа аз даст дода бошад. Ман бовар дорам, ки барои кӯмак дар ин соҳа шарикони дигар, на фақат Русия, пайдо мешаванд. Ҳоло имконияти тақсими нирӯи изофӣ пеш омадааст. Фаромӯш накунем, ки Тоҷикистон ҳам ба ҳайси кишвари транзитии нирӯи барқи Қирғизистон хизмат хоҳад кард ва ин ҳам аллакай масъалаи даромад аст. Яъне ин ҷо ҳеҷ саволе дар масъалаи манфиат дидани Тоҷикистон аз ин тарҳ буда наметавонад. Посух ин аст, ки бале, манфиатовар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG