Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ДИИШ барои роҳ ёфтан ба Тоҷикистон заминасозӣ мекунад"


ДИИШ ин тавонро надорад, ки ба Тоҷикистон ҳамла кунад, аммо эҳтимол барои фаъолиятҳои ояндаааш дар ин кишвар заминасозӣ мекунад.

Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси умури Афғонистон бар ин бовар аст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ин тавонро надорад, ки ба Тоҷикистон ҳамла кунад, аммо эҳтимоли роҳ ёфтани таблигарони он ба Тоҷикистон ва заминасозӣ барои фаъолиятҳои ояндаи ин гурӯҳ, дар миён аст.

Ин изҳороти Қосимшоҳ Искандаров рӯзи 12-уми май дар ҳамоише дар робита ба вазъи Афғонистон ва таҳдидҳои “Давлати исломӣ” ба кишварҳои минтақа садо дод. Вай бо нигаронӣ аз афзоиши нуфуз ва сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон гуфт, ки дар 24 вилояти ин кишвари ҳаммарз бо Тоҷикистон аъзои ДИИШ фаъол шудаанд.

Қосимшоҳ Искандаров аз ҷумла гуфт, ки “дар як соли ахир ба назар мерасад ДИИШ бештар ба масъалаҳои таблиғотӣ ва ҷалби ҷавонон машғул аст ва амалиётҳои густардае мисли дар Ироқу Сурия анҷом намедиҳад. Фақат бо таваҷҷӯҳ ба шароити зист ва фақру бекорӣ ва беадолатӣ инҳо кӯшиш доранд ҷавононро ба худ ҷалб кунанд ва муваффақ ҳам шуданд, ки дар аксар вилоятҳои шимоли Афғонистон онҳо ҷойи по пайдо кунанд.”

Қосимшоҳ Искандаров
Қосимшоҳ Искандаров

Аксар коршиносони тоҷик ҳам бар ин боваранд, ки таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон ва минтақа ҳоло ба он ҳадде нест, ки дар расонаҳо тасвир мешавад. Аммо Муҳаммад Мусо, коршинос умури сиёсӣ дар Афғонистон, бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ дар суфи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон таҳдидҳои ҷиддии ин гурӯҳро дар ояндаи наздик ба давлатҳои Минтақаи Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур намедонад.

Ин коршиноси афғон мегӯяд, ки “шумо медонед, ки дар сафи ДОИШ ва Толибон бештар шабакаҳои ифротгарои исломӣ аз Осиёи Марказӣ ҳам ҳузур доранд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки дар Сурияву Ироқ омӯзиш дида аз Покистон ба Афғонистон омаданд. Ҳоло бештари онҳоро ба шимоли Афғонистон интиқол додаанд ва маркази густардаеро дар ин ҷо эҷод кардаанд, то тавонанд ба содагӣ хатари худро барои замони кӯтоҳ ё дароз вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ бисозанд. Онҳо аксаран ҷавононанд ва маъмулан омӯзишҳои низомӣ ва ҷангӣ мегиранд, то вориди ҷангҳои гарм шаванд”- гуфт коршиноси афғон Муҳаммад Мусо.

Биноба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудаанд ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ кӯч бастанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамоиши шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи даҳшатафканро, ки ба бераҳмӣ ном баровардааст, рад мекунанд ва мегӯянд, ин шаҳрвандон аз гумроҳӣ мавриди мағзшӯии таблиғгарони ДИИШ қарор гирифтанд.

Саидхоҷа Ализода, таҳлилгари тоҷик низ ба ҳамин ақида мувофиқ аст ва мегӯяд, онҳое, ки ба “ҷиҳод” мераванд аслан афроди гумроҳу бемаълумотанд, ки аз дасташон коре намеояд ва хатари ҷиддие ҳам барои кишварҳои худ надоранд. Ҷаноби Ализода мегӯяд,“албатта талош мешавад аз ин ҷавонон, ки бо роҳи фиреб ба сафи ин гурӯҳҳо пайвастаанд, истифода кунанд, аммо ин ҳама фақат воҳимае дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст ва ман бовар дорам онҳо на дар Афғонистон ва на дар Тоҷикистон муваффақ намешаванд.”

Рамил Нодиров
Рамил Нодиров

Аммо бо ин ҳам таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки дар ҳар сурат набояд кишварҳои минтақа бепарво бошанд ва ҳамчунин созмонҳои бузурги амниятӣ дастаҷамъона барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои “Давлати исломӣ” муттаҳид шаванд. Генерал Рамил Нодиров, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки мутаассифона то ҳол як шабакаи дақиқи амниятӣ дар роҳи мубориза бо чунин таҳдидҳо эҷод нашудааст.

Ӯ мегӯяд, ба назар мерасад, ки созмонҳои зиёде барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ талош мекунанд, аммо аксари онҳо масъулиятҳои якранг доранд ва гоҳо бо ҳам вориди рақобат мешаванд. “Мутаасифона ҳоло наздиксозии мавқеи ду созмон, Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар масъалаи амниятии минтақа номумкин шудааст"- гуфт Нодиров ва афзуд, низои Украина ва мавқеҳои мухталифи ду созмон дар қиболи он, умеди муттаҳид шудани ду ниҳодро дар ростои таҳдидҳои амниятӣ камтар кардааст."

XS
SM
MD
LG