Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи субот


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як изҳорот аз рӯйдодҳои водии Рашт изҳори нигаронӣ кард ва шаҳрвандони кишварро ба таҳаммулпазирии бештар даъват кард. Дар ин баёния гуфта мешавад, "масъулияти ҳар як мусулмон" аст, ки ба суистифода аз арзиш ва шиорҳои динӣ роҳ надиҳад ва "дар баробари мушкилиҳо ва иғвоҳои эҳтимолии оянда устуворӣ" нишон диҳад. Шӯрои сиёсии ягона ҳизби исломии Осиёи Марказӣ сулҳу субот дар Тоҷикистонро ормони аъзо ва пайравони ин ҳизб ва рӯйдодҳои шарқи кишварро кори дасти нерӯҳои дохиливу хориҷие донист, ки мухолифи ваҳдату якпорчагии мардуми Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG