Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аудиторони хориҷӣ: “Барқи Тоҷик” бе кӯмак дер намепояд”


Нерӯгоҳи Норак, бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон ба "Барқи тоҷик" тааллуқ дорад.

Нерӯгоҳи Норак, бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон ба "Барқи тоҷик" тааллуқ дорад.

Аудити хориҷии “Барқи Тоҷик” як ширкати муҳими Тоҷикистон нишон додааст, ки дар сурати дастгирӣ наёфтан мумкин аст, “Барқи Тоҷик” дар оянда фаъолияташро идома дода натавонад.

"Агар "Барқи Тоҷик" аз саҳомони худ ва ширкатҳои дигари марбута ва бонкҳо кумаки молӣ ва дастгирӣ наёбад, бо ин ҳол фаъолияташро идома дода наметавонад." Ин аст, хулосаи аудиторони хориҷӣ дар бораи ширкате, ки хонаҳои мардумро рӯшан карда ва дастгоҳу муҳаррики корхонаҳои хурду бузурги Тоҷикистонро мечархонад. Ба қавли иқтисоддонҳо, хулосаи аудиторони хориҷӣ дар бораи “Барқи Тоҷик” бо забони содда маънии муфлисиро дорад.

Миллионҳо сомонӣ қарзи "Барқи Тоҷик"

Ширкатҳои аудиторӣ ва машваратии "Baker Tilly Klitou" ва "Partners SRL" таҳқиқи вазъи моливу иқтисодии “Барқи Тоҷик” дар соли 2015-ро ба анҷом расонданд. Муаллифони аудит мегӯянд, бо зиёни молӣ, ки “Барқи Тоҷик” мебинад ва миллиардҳо сомонӣ қарзе, ки дорад, фаъолияти он дар ояндаи қобили пешбинӣ зери суол меравад. Аудитро худи “Барқи Тоҷик” нашр кард.

Дар ин санад омадааст, “Барқи Тоҷик”, ки барои иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва аз байн бурдани камбизоатӣ дар Тоҷикистон муҳим аст, соли гузашта тақрибан 3 миллиард сомонӣ ва ё 400 миллион доллар зиён дидааст. Дар соли 2015 қарзу ӯҳдадориҳои молии ширкат тақрибан 1 миллиард сомонӣ зиёд шуда, ба марзи 12 миллиард сомонӣ ва ё якуним миллиард доллар расидааст.

“Барқи Тоҷик” барои пешбурди фаъолият то ҳол аз вазорати молия тақрибан 5 миллиард ва аз “Ориёнбонк” бештар аз 1 миллиард сомонӣ қарз гирифтааст.

"Аҳолӣ пули барқро намедиҳад"

“Қарзи ширкат таърихи дароз дорад ва аз ҳисоби напардохтани пули барқ зиёд мешавад. Аҳолӣ пул намепардозад, насосҳои обкашӣ барои обёрии заминҳо беист кор мекунанд, вале хоҷагиҳо пул намедиҳанд." - гуфт як намояндаи ширкат ба Радиои Озодӣ ва афзуд, ​"қарзи мо зиёд нашавад, аз кӣ зиёд шавад?

Айни замон нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ки ҳоло ба Русияву Эрон тааллуқ доранд, аз “Барқи Тоҷик” домангиранд, ки аз ҳарду 1 миллиард сомонӣ қарздор аст ва наметавонад, пули барқи харидаро саривақт бипардозад. Хулосаҳои аудити хориҷӣ барои коршиносони тоҷик ҳайратовар нест.

“Ба фикри ман ширкат барвақт муфлис шудааст, вале ҳукумат расман ва ба сабабҳои дигар онро муфлис эълон намекунад.

Зафар Абдуллоев, хабарнигор ва иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, вазъи риққатовари "Барқи тоҷик" ба ширкати муфлис баробар аст. ​ “Ба фикри ман ширкат барвақт муфлис шудааст, вале ҳукумат расман ва ба сабабҳои дигар онро муфлис эълон намекунад. Бар асоси меъёрҳои аврупоӣ ва ё ғарбӣ, таъхир дар пардохти қарзҳо дар муддати ду се моҳ, маънии суқути ширкат ва марҳилаи аввали муфлисиро дорад", - гуфт Зафар Абдуллоев

Сабаб - нархи арзони барқ?

Зафар Абдуллоев мегӯяд, "Барқи тоҷик" вазъи ширкати муфлисро дорад.

Зафар Абдуллоев мегӯяд, "Барқи тоҷик" вазъи ширкати муфлисро дорад.

Бо назардошти аҳамияти ҳаётиаш ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш ва ё “вонамуд” мекунад, ки дастгирии ”Барқи Тоҷик”- ро идома медиҳад. Дар воқеъ муаллифони аудит ҳам гуфтаанд,Мо аз саҳҳоми асосии ширкат номаи тасдиқие гирифтем, ки дар он омадааст, саҳҳоми аслӣ кӯмаки молӣ ба ширкатро идома медиҳад”. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ дар як арзёбии вазъи “Барқи Тоҷик” дар се соли пеш гуфт, ки пайваста аз ҳисоби давлат кӯмаки молӣ гирифтани ширкат дар ниҳоят вазъи буҷа ва иқтисоди Тоҷикистонро бад мекунад.

Сабабҳои ба ин ҳол расидани “Барқи Тоҷик” як даста мушкилоту камбуд будааст, ки солҳои тӯлонӣ гиренбонгири ширкат аст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ аз “Барқи Тоҷик”, яке аз сабаб аслии бад будани вазъи ширкат дар нархи арзони нерӯи барқ аст.

Ба гуфтаи ӯ, пуле, ки аз муштариён ҷамъ мешавад, барои нигаҳдории нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои тақсими барқ намерасанд. Айни замон қимати як киловат соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон тақрибан 13 дирамро ташкил медиҳад, вале истифодабарандагони аслии нерӯи барқ “Талко” ва системаи обёрӣ камтар мепардозанд. Қимати ҳар киловат соат нерӯи барқ барои Талко то 11 дирам ва барои насосҳои обкашӣ камтар аз ду дирамро ташкил медиҳад.

Дар баъзе минтақаҳо мардум нирӯгоҳҳои хурд месозанд

Дар баъзе минтақаҳо мардум нирӯгоҳҳои хурд месозанд

Чаро раҳбарони "Барқи тоҷик" зуд-зуд иваз мешаванд?

Фурқат Қодиров, коршинос аз Маркази рушди нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар Тоҷикистон мегӯяд, талафот, дуздии нерӯи барқ, зербунёдҳои фарсуда аз сабабҳои харҷи зиёду даромади ками ширкат аст. Мудирият ҳамро бояд ба инобат гирифт. “Агар шумо ҳам бидонед, раҳбарони “Барқи Тоҷик”-ро хато накунам, ҳар якуним ё ду сол иваз мекунанд. Дар ин муддати кӯтоҳ ҳама чизро ба по хезондан ва сохтани нақшаҳо барои оянда номумкин аст”, – гуфт Фурқат Қодиров.

“Барқи тоҷик”, ки сад фоизи саҳмияҳояш дар дасти ҳукумати Тоҷикистон аст, нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ ва ширкатҳои зиёди тобеъ дорад. Истеҳсолу тақсим ва фурӯши барқ ба истиснои Вилояти Бадахшон дар дасти ширкат аст, вале ҳар зимистон наметавонад, мардумро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти такрори бӯҳрони энержӣ дар ҳар фасли зимистон, барои беҳбуди вазъи молии “Барқи Тоҷик” миллионҳо доллар қарз гирифт ва соли 2011 барномаи ислоҳоти сохтории ширкатро қабул кард. Бар асоси барнома, “Барқи Тоҷик”-ро ба чандин муассисаи мустақил ва хусусӣ тақсим мекунанд, ба истиснои нерӯгоҳҳо ва хатҳои нерӯи барқ, ки дар ихтиёри давлат мемонад. Марҳилаи саввум ва муҳимтарини ислоҳоти сохторӣ то 2 соли дигар ва бояд соли 2018 ба поён расад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG