Пайвандҳои дастрасӣ

Видеои боздошти 952 муҳоҷир дар Маскав


Боздошти қариб 1000 муҳоҷир

Боздошти қариб 1000 муҳоҷир

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, қазияи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Маскавро таҳқиқ мекунад.


Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Озодӣ гуфт, намояндагони консулгарӣ ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гузоришҳо дар бораи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар як сохтмон дар кӯчаи севуми Хорошевскаяи пойтахти Русияро таҳқиқ мекунанд. Аммо оқои Эгамзод гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки дар байни ин 952 муҳоҷири боздоштшуда чанд нафараш мушаххасан шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, ахиран дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти Русия дар Маскав қариб 1000 муҳоҷирро боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти пулиси Маскав ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ин амалиёт ахиран дар чорчӯби чорабиниҳои вижаи мавсум ба «Нелегал-2013» дар ҳавзаи шимолуғарбии пойтахти Русия сурат гирифтааст. Як сухангӯи раёсати умури дохилаи Маскав гуфтааст, дар ҷараёни амалиёт дар як иншооти воқеъ дар кӯчаи севуми Хорошевская 952 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуданд. Ба гуфтаи ин мақом, дар ҳоли ҳозир ташхиси ҳуввияти афроди боздоштшуда, эҳтимоли даст доштани онҳо дар ягон аъмоли ҷиноӣ ва ҳам қонунмандии кору иқомати онҳо дар қаламрави Русия тафтиш мешавад.

Видеои боздошт ва дастҳо пушти сар аз кӯчаи пуриздиҳом "конвой" шудани ин муҳоҷирон имрӯз дар Ютюб нашр шуд.


Ба гуфтаи мақомот, боздоштшудагон муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ва Туркия будаанд, ки дар як сохтмон кор мекарданд. Бино ба хабарҳо, онҳо дар «битовка»-ҳои махсусе, ки дар маҳалли кори онҳот дуруст карда буданд, ба сар мебурданд.

Мақомоти пулиси Маскав мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, алайҳи муҳоҷирони боздоштшуда алакай 117 санад дар бораи нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия ва шароити кору иқомат дар ин кишвар тартиб додаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ба муҳоҷирони боздоштшуда муҷозоте, чун ҷарима ё ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Дар сурати ихроҷ онҳо ҳаққи бозгашт ба Русия дар 5 соли ояндаро аз даст хоҳанд дод. Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар 10 соли охир 42 500 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд.

Ҳамасола беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд. Соли гузашта ин мардум ба Тоҷикистон қариб 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири пасошӯравист. Таҳлилгарон саҳми муҳоҷиронро як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG