Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Дар Тоҷикистон ба шахсияти Шавкат Мирзиёев эҳтиром доранд


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъди чанд лаҳзаи эълони пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Узбакистон, бо ӯ гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, масъалаи ҳамкориҳои Душанбеву Тошкандро дар миён гузошт. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, аз ин пештар оқои Раҳмон ба унвонии Мирзиёев як номаи табрикӣ ҳам фиристода ва пирӯзии ӯро "баҳснопазир" номидааст.

"Мо омода ҳастем, ки..."

Мирзиёев соли 1990 вакили Шӯрои олии Узбакистон интихоб шуда, аз соли 2003 нахуствазир ва аз моҳи сентябри имсол иҷрокунандаи вазифаи президент буд.

​Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев таъкид шудааст, ки "дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд."

Шавкат Мирзиёев аз соли 2003 нахуствазири Узбакистон буд
Шавкат Мирзиёев аз соли 2003 нахуствазири Узбакистон буд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, инчунин, изҳори умед намудааст, ки идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон ба нафъи мардуми ду кишвар буда, Душанбе омодааст, "барои васеъ кардани заминаи мусоиди муносибатҳо" якҷоя талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Президенти дувуми Узбакистон

Ш​авкат Мирзиёеви 59-сола рӯзи 5 декабр президенти нави Узбакистон эълон шуд. Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Кумисюни марказии интихобот, гуфт, ки дар интихоботи рӯзи якшанбеи Узбакистон ба тарафдорӣ аз Мирзиёев 88,61 дар сад раъй доданд.

Мирзоулуғбек Абдусаломов
Мирзоулуғбек Абдусаломов

​Интихоботи президентии Узбакистон баъди се моҳи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар баргузор ва барои дарёфти курсии холимондаи ӯ чор нафар рақобат карданд. Дар баробари Шавкат Мирзиёев, инчунин Ҳотамҷон Кетмонов, Сарвар Отамурдов ва Наримон Умаров номзад буданд. Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон гуфт, Кетмонов 3,73, Умаров 3,46 ва Отамуродов 2,35 дар сад овоз гирифтанд. Ҳотамҷон Кетмонов ва Наримон Умаров дар интихоботи гузаштаи Узбакистон низ ба ҳайси рақибони Ислом Каримов иштирок карда, вале шикаст хӯрда буданд.

Шавкат Мирзиёев кист?

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Узбакистон, рӯзи 24 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон дар хонаводаи табиб таваллуд шуда, дорои маълумоти олӣ ва номзади илмҳои техникист. Фаъолияташро соли 1981 дар Донишкадаи муҳандисии хоҷагии қишлоқ шуруъ кардааст.

Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова, ду духтар, писар ва домоду набераҳояш
Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова, ду духтар, писар ва домоду набераҳояш

Мирзиёев соли 1990 вакили Шӯрои олии Узбакистон интихоб шуда, аз соли 2003 нахуствазир ва аз моҳи сентябри имсол иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера аст ва бори аввал рӯзи 4 декабр, яъне дар рӯзи интихоботи президентии Узбакистон, ҳамроҳи хонаводааш дар як қитъаи раъйдиҳӣ дар Тошканд зоҳир шуд.

Назари нозирони "худӣ"

Дар интихоботи 4 декабри Узбакистон дар маҷмӯъ 18 миллион нафари қобили раъй иштирок кардааст. Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, ки аз 21 миллион афроди қобили раъй 87,83%-ашон овоз доданд. Ин рақам ҳарчанд аз нишондоди интихоботҳои давраи Ислом Каримов (91%) кам ҳам бошад, вале нисбат ба интихоботҳои кишварҳои шӯравии пешин зиёд аст.

Ҳайати нозирони ИДМ ва СҲШ мегӯянд, дар интихоботи ғайринавбатии президенти Узбакистон қонуншиканиеро ба қайд нагирифтаанд, ки натиҷаҳои онро зери суол барад. Ҳар ду гурӯҳи нозирон интихоботи Узбакистонро "озод, шаффоф ва демократӣ" хонданд. Изҳороти нозирони САҲА дар ин замина ҳанӯз нашр нашудааст. Манобеъ мегӯянд, дар баъзе ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ба ҳар сурат қонуншиканӣ мушоҳида шудааст. "Норасоиҳои алоҳидаи техникӣ ба натиҷаҳои интихобот таъсир нарасонданд", - гуфтааст Сергей Лебедев, раҳбари ҳайати нозирони ИДМ ва котиби иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил.

XS
SM
MD
LG