Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабарҳо дар мавриди тахриби “Парки Тоҷикистон” дар минтақаи Караҷи вилояти Албурзро радд кард. Расонаҳои эронӣ қаблан аз оғози тахриби қисмате аз ин парк аз сӯи шаҳрдории Караҷ хабар дода буданд.

Як масъули сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи 14 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин умуман дуруст нест, кормандони мо рафта диданд, парк бо тамоми назокаташ дар ҳамон ҷояш истодааст. Баъдан тамоми расонаҳои Эрон ҳам чоп карданд, ки ин хабар воқеият надорад."

Ин масъули сафорати Тоҷикистон дар Эрон афзуд, ки қарор аст дар маҳали атрофи "Парки Тоҷикистон" биное сохта шавад, аммо он ба парк ҳеҷ вобастагие надорад ва аз ҳудуди "Парки Тоҷикистон" як метри мураббаъ ҳам ба он дода нашудааст. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки аз шаҳрдории Караҷ низ ба сафорати Тоҷикистон занг зада ва ин хабарро такзиб карданд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл бархе расонаҳои Эрон навиштанд, ки шаҳрдории Караҷ иҷозатномаи моликияти хусусии “Парки Тоҷикистон”-и ин шаҳрро содир карда, дар пайи он тахриби боғ шурӯъ шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, ин хабар эътирози сокинонро ба бор овард ва онҳо аз мақомоти маҳаллӣ хостанд, ки аз тахриби парк ҷилавгирӣ кунанд.

Ба дунбол, додситонии умумӣ ва инқилоби Караҷ ба хабаргузориҳо гуфт, ки мунтазири посухи катбии шаҳрдории Караҷ дар заминаи "Парки Тоҷикистон" ҳастанд ва дар ин замина дастуроте низ дода шудааст.

Хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА рӯзи 13 август аз қавли шаҳрдории Караҷ хабареро ба нашр расонд, ки дар он гуфта мешавад, "ҳеҷ гуна тахриби Парки Тоҷикистон сурат нагирифта ва ба ҳеҷ унвон иҷозаи ин кор дода нахоҳад шуд."

Шаҳрдории Караҷ гуфтааст, ки дар яке аз қисматҳои берунии ин парк бунёди як бинои истиқоматӣ идома дорад, аммо он ҳеҷ вобастагие ба парк надошта ва моликияти ҷудогона мебошад.

Хабаргузории "Тасним" ҳам аз қавли Муҳаммадтақӣ Эронӣ, як масъул дар Караҷ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба вобастагии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ва робитаи стратегии минтақаии ду кишвар, ба нерӯҳои интизомӣ дастур додаанд, ки пеши роҳи ҳар гуна тағйир дар фазои "Парки Тоҷикистон"-ро бигиранд.

“Парки Тоҷикистон” панҷ сол қабл бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Теҳрон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва барои бунёди он ҳашт миллиард риёл сарф шудааст. Масоҳати "Парки Тоҷикистон" дар шаҳри Караҷ 9400 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Парк аз ғурфаи Тоҷикистон, боғи бузург, тарабхона, майдончаи варзишӣ, обнамо ва ғайра иборат мебошад. Шаҳрдорӣ дар ҳоли ҳозир тасмим дорад, ки масоҳати паркро то 12000 метри мураббаъ васеъ намуда ва дар дохили он як фарҳангсаро бино созад.

XS
SM
MD
LG