Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: тоҷикони ихроҷшуда террорист набуданд


Тафтиши асноди муҳоҷири тоҷик дар Русия
Тафтиши асноди муҳоҷири тоҷик дар Русия

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони тоҷикро на ба хотири фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ, балки поймол намудани қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар хоки Русия ихроҷ кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 8-уми феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия амалиёти муштараки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Русия доир шуд, ки дар рафти он дар ибодатгоҳи бозори “Апраксин двор” даҳҳо фарди намозгузор-шаҳрвандони ҷамоҳири қафқозии Русия, Узбакистон, Озарбойҷон, Миср, Афғонистон ва аз ҷумла 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои экстремистиву террористӣ боздошт шуданд.

Сафорати Тоҷикистон изҳор намудааст, ки даҳуми феврал додгоҳи Русия ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро на бо ҷурми экстремизм ва ё терроризм, балки бо ҷурми поймол намудани қоидаи иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд. Сафорати Тоҷикистон номи чор нафар аз онҳоро зикр намудааст: сокинони вилояти Хатлон Аҳлиддин Аёнов ва Нурулло Аёнов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадулло Ғафуров ва сокини шаҳри Душанбе Абдуқаҳҳор Ҷобиров.

Охири ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ бо такя ба иттилоъ аз хабаргузориҳои Русия навишта буд, ки рӯзи шанбе 5 шаҳрванди Тоҷикистон ва рӯзи якшанбе якчанд шаҳрванди Озарбойҷон ба ватанҳояшон фиристода шуданд.

Онҳоро рӯзи ҷумъа дар рафти амалиёти зидди ифротгароӣ боздошт намуда буданд. Ба қавли хабаргузориҳо дар ин амалиёт камаш 271 шаҳрванди Озарбойҷон, Тоҷикистон, Миср, Афғонистон, Узбакистон ва шуморе аз шаҳрвандони Русия боздошт шуда буданд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, амалиёт бар пояи даъватҳои оммавӣ ба хотири ташвиқи терроризм, кӯшиши сафед намудани терроризм, даъват ба душманӣ ва таҳқири шаъни инсон раҳандозӣ шуда буд.

Дар ин амалиёт шаҳрванди 23-солаи Русия, зодаи ҷумҳурии Карбардину Балқар Мурод Сарбашев низ боздошт шуд, ки бидуни сабти ном дар Санкт Петербург зиндагӣ мекард. Муфаттишон ӯро бо ҷой додани маводи ифротӣ ва тарғиби терроризму ифротгароӣ дар интернет муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG