Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорат: Аз 25 дастгиршуда дар марзи Туркия бо Сурия як нафараш тоҷик будааст


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Туркия.

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Туркия.

Сафорати Тоҷикистон дар Анкара мегӯяд, аз 25 нафари дастгиршуда дар наздикии марзи Туркия бо Сурия танҳо як нафараш аз Тоҷикистон будааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Анкара гузоришҳои нашршуда дар матбуоти Туркия дар бораи боздошти гурӯҳи бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Ғозиёнтеппа дар наздикии марз бо Сурияро рад мекунад.

Муҳаммадвалишоҳ Махшулов, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Туркия рӯзи 14 июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “консули Тоҷикистон дар Анкара бо супориши сафир ду рӯз боз мавзӯъро дар Ғозиёнтеппа таҳқиқ мекунад ва маълум шуд, ки аз 25 нафари боздоштшуда танҳо якеаш шаҳрванди Тоҷикистон будааст. “

Намояндаи сафорат афзуд, қасди ба Сурия рафтан доштани ин шаҳрванди тоҷикро тасдиқ ё рад карда наметавонад: “Ӯ, ба гуфтаи худаш, гӯё тасодуфӣ дастгир шудааст, чунки Ғозиёнтеппа макони зиёрат ҳам ҳаст. Қарор аст, ин нафарро рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.”

Матбуоти Туркия қаблан хабар дод, ки шоми 12 июл зимни як амалиёт дар истгоҳи автобусҳои байнишаҳрии шаҳри Ғозиёнтеппа дар наздикии марзи Сурия 25 нафар, ки қасди сафар ба Сурия ба хотири пайвастан ба созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро доштанд, дастгир шудаанд. Ин расонаҳо бидуни овардани кадом мушаххасот навиштанд, ки боздоштшудаҳо “аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон” мебошанд ва бархе аз онҳо ҳамроҳ бо зану кӯдаконашон будаанд.

Мудири шӯъбаи зиддитеррори пулиси Ғозиёнтеппа, ки боздошти ин 25 нафар тавассути маъмурони ҳамин шӯъба анҷом шудааст, рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ аз посух ба ин суол ки оё мушаххасан чанд тан аз ин 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонанд?, худдорӣ кард ва гуфт, онҳо ҷузъиёти ин парвандаро аслан шарҳ намедиҳанд.

Бо ин ҳол, расонаҳои Туркия рӯзи 14 июл гузориш доданд, ки 25 нафареро, ки рӯзи 12 июл дар истгоҳи автобусҳои шаҳри Ғозиёнтеппа дар наздикии марзи Сурия дастгир шуданд, баъди бозҷӯӣ дар шӯъбаи зиддитеррори пулиси ин минтақа ба Göç Idaresi - идораи муҳоҷирати Ғозиёнтеппа - супурдаанд. Ин идора парвандаҳои ин афродро, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, барои ихроҷ аз қаламрави Туркия омода мекунад.

Хабаргузории “Haber Yazar” рӯзи 14 июл ҳамчунин хабар дод, ки “зимни бозҷӯӣ дар шӯъбаи зиддитеррори пулиси минтақаи Ғозиёнтеппа баъзе аз ин боздоштшудаҳо иқрор кардаанд, ки ба хотири пайвастан ба созмони “Давлати исломӣ” ба Сурия мерафтанд, бархе дигар гуфтаанд, ҳадафашон ҳиҷрат кардан аст ва баъзеашон гуфтаанд, ки барои ҷиҳод роҳи Сурия пеш гирифта буданд.”

Боздошти ин 25 нафар дар истгоҳи автобусҳои Ғозиёнтеппа бахши амалиёте буд, ки 10 июл бо боздошти 21 нафари роҳии Сурия дар Истамбул оғоз ёфт ва дар зарфи 3 рӯз – аз 10 то 12 июл – бо боздошти дар маҷмӯъ 45 ило 46 нафар анҷом ёфт.

Туркия, ки танҳо бо Сурия 877 километр ва бо Ироқ 331 километр марзи мустақим дорад, ҳамеша як масири умдаи ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои тундрави мазҳабии фаъол дар Сурияву Ироқ рехтани ҷангҷӯён аз кишварҳои мухталиф дониста мешуд ва мақомоти ин кишвар пайваста дар бораи боздошти афроде, ки қасди сафар ба ҷанги Сурияву Ироқро доштанд, гузориш медоданд. Аммо боздошти якбора 45 нафар дар роҳи сафар ба Сурия ва он ҳам дар зарфи 3 рӯз хабаре бесобиқа аст.

Пайвастани атбои Тоҷикистон ба сафи созмони ифротии “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав дар Ховари Миёна хеле боз ба як мояи нигаронии ҷиддии мақомоти амниятии Душанбе табдил ёфтааст. Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, то имрӯз ширкати дастикам 412 нафар аз Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ мушаххас ва дар бораи кушта шудани то 100 шаҳрванди тоҷик дар ин ҷангҳои бегона гузориш шудааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигаридини Ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст.

Бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Нирӯҳои ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG