Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахши аъзами мардум дар Тоҷикистон ба маъракаҳое, чун интихоботҳо, хеле бефарқ нигоҳ мекунанд ва мутмаинанд, ки раъйи онҳо чизеро тағйир дода наметавонад.

Ҷомеъашиносони тоҷик электорат ё райъдиҳандаҳои интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистонро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: онҳое, ки суннатан бо хости ҳукумат райъ медиҳанд, электорати калаванда, яъне онҳо гоҳ ба ин тараф мегараванд, гоҳ ба тарафи дигар ва электорати эътирозӣ, ё норозӣ аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон.



Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази таҳлилии «Бозтоб» ба гурӯҳи аввали электорат насли калонсол, умдатан онҳоеро шомил мекунад, ки нооромиҳои солҳои 90-умро ба маъракаҳои сиёсие, чун интихоботҳо рабт медиҳанд ва тибқи мақоли «моргазида аз ресмони ало метарсад» рафтор мекунанд: «Онҳо ба ҳеҷ гурӯҳе муҳаббат надоранд, аммо суботу оромиро аз ҳама боло медонанд. Ба назари ин тоифа, тағйири раҳбарияти кишвар ҳатман нооромиро ба думбол дорад.»

Гурӯҳи дувуми электорат, яъне калавандаҳо, ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, аслан қишри аз 20 то 40 сола ва асосан мардҳо буда, каме беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистонро эътироф мекунанд, аммо инро барои зиндагии сазовору арзанда кофӣ намешуморанд. Онҳо аз рукуд дилгир ҳастанд, аммо аз гаравидан ба ҷумбишҳои ношинос низ истиҳола мекунанд.


Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Гурӯҳи сеюмро афроди омехта ташкил медиҳанд. Ба қавли Раҷаби Мирзо, ба гурӯҳи сеюм, яъне ба электорати эътирозӣ ҳам насли ҷавон ва ҳам нафарони нисбатан калонсол шомиланд: «Онҳо ба интернет дастрасӣ доранд, ба хориҷ зиёд сафар мекунанд ва баъди бозгашт нуқсҳои ҷомеъаи худро рӯшантар мебинанд.»

Ин таҳлилгари тоҷик меафзояд: «Ҳукумат наметавонад ифтихор бикунад, ки гӯё мардум аз барномаҳои онҳо огоҳ нестанд. Ин наметавонад байрақи масъулони ҳукумат бишавад. Як паҳлуи нозук ва ҳассоси интихоботҳои кишварҳое, мисли Тоҷикистон дар ҳамин аст, ки электораташкалаванда ва камиттилоъ аст.»

Дар ҷараёни таҳияи ин гузориш бо гурӯҳе аз райъдиҳандаҳо сӯҳбат кардем ва бардоштамон ин шуд, ки аксаран намедонанд аз кадом ҳизб ҷонибдорӣ кунанд ва ба кадом номзад бартарӣ бидиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат, махсусан телевизион, ки дар зеҳни мардум таъсири амиқ дорад, асосан ба таблиғи як нафар- раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон машғул аст ва ҳеҷ номзади дигарро ба экран роҳ намедиҳад. Ба сурати умум, калимаи мухолифин дар зеҳни аксари мардум маънои негатив гирифтааст ва худи мухолифин, ки як рукни ҳар давлати пешрафта ба шумор меоянд, «баҳамзананда»-и оромии ҷомеъа талаққӣ мешаванд.

Шарофат Акбарова, сокини 38-солаи Душанбе, ки бизнеси хурдеро пеш мебарад, мегӯяд, ӯ намедонад интихобот кай баргузор мешавад ва ин интихобот интихоботи президентӣ аст ё парлумонӣ? Шарофат мегӯяд, ҳамин, ки рӯзи интихобот фаро расид, ба касе ки раиси маҳаллаашон гуфт, овоз хоҳад дод. Хонум Шарофат гуфт, ки дар интихоботи гузашта даъватномаро ба дасти писари мактабхонаш равон кардааст, зеро медонад, ки «овози ӯ чизеро тағйир дода наметавонад.» Шарофат Акбарова мегӯяд: «Рӯзи интихобот даъватномаҳоро гирифта меравем ва раиси маҳалла худаш ба касе овоз диҳад.»

Ҷомиашиносон мегӯянд, як омили бепарвоии мардум ба маъракаҳои муҳиме, чун интихоботҳо, аз ҳамин ақида, ки раъйи онҳо чизеро дигар намекунад, маншаъ мегирад.

Агарчӣ дар кишвар бештари райъдиҳандагон ҷавон ҳастанд, вале аксари онҳо ҳам дар бораи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ маълумоти кофӣ надоранд.

Мафтуна Назирова, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи миллӣ, ки қарор аст барои нахустин бор дар интихобот ширкат кунад, мегӯяд, азбаски дар бораи ҳизбҳо ва довталабони курсии президентӣ маълумот надорад, намедонад, райъашро ба кӣ диҳад? Вай меафзояд, агар раисиҷумҳури феълӣ номзадияшро ба президентӣ пешниҳод накунад, талош хоҳад кард, то фарди дигари арзандаеро интихоб кунад: «Ҳамчун як ҷавони кишвар кӯшиш мекунам барои рушди ояндаи Тоҷикистон арзандатарин шахсро интихоб намоям.» Ягона интизорие, ки Мафтуна аз интихобот дорад,таъмини сулҳу субот ва озодии ҷомеа аст.


Мифтоҳиддин Исломзода

Мифтоҳиддин Исломзода

Ҷавони дигар бо исми Мифтоҳиддин Исломзода гуфт, агарчи синнаш аз 20 гузаштааст, боре ҳам дар интихобот ширкат накардааст ва шавқи ширкат дар чунин маъракаҳои сиёсиро ҳам надорад. Аммо: «Кӯшиш мекунем аз ин ба баъд ба ягон хулоса биёем. Шояд ба ҳизби халқии демократӣ овоз диҳем. Зеро дигар ҳизбҳо нестанд ку? Як ҳизби исломӣ ҳаст, ки бовар надорам, номзади худашро пешниҳод кунад.»

Аз беш аз 30 нафар аз ақшори мухталифи ҷомиа, ки Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе бо онҳо дар бораи интихоботи моҳи ноябр ва аҳзоби сиёсӣ сӯҳбат кард, аксар дар ин бора изҳори бехабарӣ карданд. Ҳадди аксар ошноии ҳамсӯҳбатони мо бо чеҳраҳои интихоботӣ танҳо бо раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳдуд мешуд.

Ин навори видеоии Озодӣ, ки дар кӯчаҳои Душанбе сабт шудааст, низ нишон медиҳад, ки аксарият ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон номзадҳои дигари эҳтимолӣ дар интихоботи президентии моҳи ноябрро намешиносанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG