Пайвандҳои дастрасӣ

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) мегӯяд, ки ба нукоти гузориши Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оида ба раванди баргузории интихоботи президентӣ, розӣ нест.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР дар робита ба гузориши миёндаврии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА изҳори норозигӣ намуд ва дар хусуси ин, ки дар марҳилаи ташвиқи пешазинтихоботӣ дар қиёс бо 5 номзади дигар барномаҳо ва мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бештар ба назар мерасад гуфт, ки КМИР ҷадвали махсус барои ҳамаи 6 номзадро муайян кардааст ва дар доираи он, вохӯрию мулоқот дар миёни мардум ва дар шабакаҳои ТВ баробар идома дорад.

Вай гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти амалкунандаи Тоҷикистон аст ва дар доираи ин масъулияти худ сафарҳои корӣ ба навоҳии кишвар анҷом медиҳад, то аз аҳволи мардум бохабар шавад. Вай афзуд, ки гузориши САҲА дар хусуси нобаробарӣ дар ҷараёни ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии Тоҷикистон заминаи воқеӣ надорад.

Абдуманон Додоев

Абдуманон Додоев

Дар гузориши мазкур зикр шудааст, ки рӯйхатҳои интихобкунандагон дар сатҳҳои маҳаллӣ тартиб дода шуда, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ интишор мегарданд ва ягон механизми марказонидашудае барои пешгирӣ намудани бақайдгириҳои чандкарата дар рӯйхати интихобкунандагон, вуҷуд надорад. Дар робита ба ин масъала Абдуманнон Додоев посух дод, ки ин дурӯғи маҳз аст ва варақаҳои раъйдиҳӣ бо дарназардошти шароти байналмилалӣ барои як нафар як овоз муқаррар карда шудааст.


«Ба ҳеҷ сурат як нафар наметавонад дар минтақаҳои раъйдиҳӣ ба ҷои чанд нафар овоз диҳад, аввал ин ин имкониятро қонун иҷоза намедиҳад ва дуввум ин раъйдиҳанда таҳти назорати нозирон ва дар сандуқҳои шаффоф варақи худро меандозад»,- афзуд ҷаноби Додоев

Номзадҳо ба мақоми президентии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки аз ҷараёни таблиғи барномаҳои худ тибқи ҷадвали КМИР розӣ ҳастанд ва ҳеҷ маҳдудият дар қиёс бо номзади дигар Эмомалӣ Раҳмон намебинанд.

Толиббек Бухориев, номзад аз ҳизби аграрӣ ба радиои "Озодӣ" дар робита ба як хулосаи гузориши миёндавраи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар хусуси ин, ки ташвиқоти пешазинтихоботии дигар номзадҳо ба ғайри Эмомалӣ Раҳмон назаррас нест, гуфт, тибқи ҷадвале, ки барои ҳамаи номзадҳо мушаххас шудааст, мулоқоту, ташвиқи барномаҳо дар нашрияҳо ва барномаҳои телевизионӣ баробар пеш меравад. Ба қавли оқои Бухориев «ҳатто дар хиёбони Рӯдакӣ агар бинед, барномаҳои интихоботӣ ва аксҳои мо ҳамаи номзадҳо ба таври баробар часпонида шудааст ва ҳеҷ камбудие намебинем».

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Номзади ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров, ки аз вохӯрӣ бо мардуми Файзобод баргаштааст гуфт, ки варақаҳои таблиғотӣ, акс ва барномаи пешазинтихоботии вай дар плакатҳо ҳамин рӯз дар хиёбонҳои пойтах насб карда мешаванд. Вай гуфт, ки КМИР ба ҳамаи номзадҳои ҳаққи баробар додааст ва «мо махсус назорат мебарем, ки кадоме аз номзадҳо, масалан бештар аз дигарон дақиқаҳои мушаххасшуда дар шабакаҳои телевизионро истифода мекунад ё берун аз ҷойҳои муқарраршуда аксу плакатҳои худро истифода мекунад». Оқои Ғаффоров афзуд, ки ба гузориши миёндавраии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мувофиқ буда наметавонад.

Дар хусуси ин, ки чаро шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ мулоқоту сафарҳои номзад Эмомалӣ Раҳмонро берун аз ҷадвали КМИР пахшу таблиғ мекунанд, номзадҳои дигар мегӯянд, ки дар марҳилаи ташвиқи пешазинтихоботӣ қонунҳои ҷории Тоҷикистон, аз ҷумла «Қонун дар бораи интихоботи президентӣ ваколати президенти кунуниро ҳифз мекунад. «Аз ин рӯ сафарҳои кории президент ба ҷадвали КМИР ҳеҷ робитае надорад»,- афзуд Абдуҳалим Ғаффоров.

Тақрибан ҳамаи 5 номзаде, ки дар корзори интихоботӣ бо номзади дигар Эмомалӣ Раҳмон дар сабқат қарор доранд, изҳор доштанд, ки бо гузориши миёндавраи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мувофиқ нестанд.

CАҲА: "Тавсияҳои мо аз мадди назар дур монд"

Ҳайати нозирони интихоботӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА гузориши миёндаврии худро дар робита ба раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард. Гузориш марҳилаи аз 2 то 19 октябрро дар бар гирифта ва мегӯяд "ин дуюмин интихоботи президентӣ аст, ки баъди ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосӣ дар соли 2003 ва аз 5 то 7 сол боло бурдани муҷлати президентӣ, баргузор мешавад."

Ин созмони нозири интихоботҳо дао саросари ҷаҳон гуфтааст, ки Тоҷикистон аксари тавсияҳои қаблии САҲА -ро сарфи назар кард ва ҳоло интихоботи зудрас дар чаҳорчӯбаи ҳамон қонунгузориҳои интихоботи президентии соли 2006 сурат мегирад.

Дар гузориш омадааст, ки ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва яке аз номзадҳои ин сабқат, баргузории интихоботи «демократӣ, озод ва одилона»-ро ваъда додааст, аммо аз миёни ҳафт номзад, яке аз онҳо бинобар монеаҳои маъмурӣ натавонистааст имзоҳои матлубро ҷамъ оварад.

Ин гузориш аз қавли номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфтааст, ки бархе аз райъдиҳандагон бинобар мавриди таъқиби ҳукумат қарор гирифтан, барои дастгирӣ намудани номзадии ӯ имзо нагузоштаанд.

Бар пояи ин гузориш, дар ҳоле, ки тамоми ҳизбҳои сиёсии сабтиномшуда дар КМИР намояндагони худро доранд, дар комиссияҳои сатҳи поёнӣ барои тавозуни намояндагии ҳизбҳо, ҳеҷ муқаррароте вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ин гузориш тақрибан 4 миллион овоздиҳандагон феълан ба қайд гирифта шудаанд, аммо феҳристи марказии бақайдгирии овоздиҳандагон вуҷуд надорад. Рӯйхатҳои интихобкунандагон дар сатҳҳои маҳаллӣ тартиб дода шуда, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ интишор мегарданд ва ягон механизми марказонидашудае барои пешгирӣ намудани бақайдгириҳои чандкарата дар рӯйхати интихобкунандагон, вуҷуд надорад.

Дар бахши дигари ин гузориш ба таблиғи интихоботии номзадҳо ишора шуда, гуфта шудааст, ки васоити ахбори оммаи давлатӣ ба таври васеъ ва мусбат ташрифҳои расмии президенти феълиро ба минтақаҳо ва иштироки ӯро дар маросимҳои гуногуни ифтитоҳӣ пахш намудаaнд ва то ба ҳол ташвиқоти пешазинтихоботии дигар номзадҳо назаррас нест.

Ҳайъати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 1 октябр вориди Душанбе шуда буд. Ин ҳайат аз 16 нафар иборат буда, қарор аст, то рӯзи баргузории интихобот 150 нафари дигар ба хотири назорат ба интихобот ба Тоҷикистон оянд. Нозирони САҲА барои бори панҷум аст, ки дар интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир ширкат мекунанд, вале то кунун ягон интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ эътироф накардаанд. Гуфта мешавад, интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ назорат хоҳад кард.

Барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷкистон 6 номзад-Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ, Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон - аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба сабти ном шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG