Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳои "хуб"-и КМИРТ ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо


Шермуҳаммади Шоҳиён.

Шермуҳаммади Шоҳиён.

Раиси КМИРТраванди ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро хуб арзёбӣ кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи душанбе зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин раванд хуб ҷараён дорад ва шикояте аз сӯи аҳзоб ба ин ниҳоди интихоботӣ нарасидааст.



Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Шоҳиён, танҳо як маврид зикр шудааст, ки Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карданд, то ҷамъоварии имзоро дар ин минтақа ба роҳ монанд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Шоҳиён, бо таваҷҷуҳ ба он, ки ҲСДТ то ҳол анҷумани худро баргузор накардааст, ба варақҳои онҳо имзо ва муҳр гузошта нашудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён сабаби рӯ задани арзу шикоятҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳоро ба айби аҳзоби сиёсӣ марбут донист. Вай гуфт, ки онҳо талаботи қонун ва қарори КМИРТ-ро дар ин замина иҷро накарданд ва муносибати аҳзоб рӯякӣ аст.

Шоҳиён гуфт, ки КМИРТ раванди ҷамъоварии имзоҳоро хеле содда кард ва ҳато ба созмонҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо иҷоза дод, ки варқаҳои имзоро дар назди раисони ҳукуматҳо имзо ва муҳр зананд ва имзои тарафдоронро ҷамъоварӣ кунанд.


Дар ҳамин ҳол Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ гуфт, ки дар муддати аз 19 то 30 сентябр даҳҳо арзу шикояти шифоҳӣ унвонии КМИРТ дар бораи ҷамъоварии имзоҳо расид, ки раҳбарияти ин ниҳоди интихоботӣ дар ҳаллу фасли камбудиҳо кӯмак карданд.

Ба таъкиди Додоев, бештари шикоятҳо дар мавриди дастрас набудани раисони шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани имзо ва муҳр буд, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳо гуфтанд, ки онҳо ба корҳои идорӣ машғул буданд ва набудани онҳо дар дафтари корӣ ба маънии сарпечӣ аз имзо ва муҳр гузоштани варақаҳои гуруҳҳои ташабускор набудааст. Аммо раҳбари дастгоҳи КМИРТ гуфт, ки бештари гуруҳҳои ташабускор бидуни омодагӣ назди раисони шаҳру ноҳияҳо рафтанд, ки дар натиҷа мушкилоте пеш овардааст.

Абдуманон Додоев, дар мавриди боздошти бародари Ойниҳол Бобоназарова -номзади ИНИТ гуфт, ки "пас аз гирифтани хабар аз Маҳмадалӣ Ҳайит, раиси ситоди интихоботии ҲНИТ, билофосила бо ҳукумати ноҳияи Ёвон дар тамос шуда ва мушаххас шуд, ки қазияи боздошти бародари номзад Бобоназарова, ҳеҷ рабте ба раванди интихобот ва ҷамъоварии имзо надоштааст, балки вай бо ҳамсояаш мушкил доштааст ва мақомот ӯро барои ин даъват кардаанд , ки бо мусоидати мо, мушкили бародари хонум Бобоназарова ҳал шуд."

Раҳбари дастгоҳи КМИРТ гуфт, ки баъзе мушкилоти ҷузъие, ки аз сӯи ҲНИТ матраҳ шуданд, ҳалли худро пайдо карданд ва имруз мушкиле дар ин замина нест. Вай мегӯяд, ҳарчанд шаш рӯзи дигар ба поёни раванди ҷамъоварии имзоҳо мондааст, аммо ҳеҷ гуна факти монеагузорӣ аз суи ҳукуматҳои маҳаллӣ вуҷуд надорад.

НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД

Нозирони байналмилалӣ аз САҲА ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба зудӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад ва миссияи худро оғоз хоҳанд кард. Шермуҳаммади Шоҳиён, гуфт, ки имрӯз то фардо нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Ҳамчунин ба гуфтаи раиси КМИРТ, ба таърихи 10-уми октябр ҳайате аз нозирони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард, ки фаъолияти худро ба хотири назорат ба раванди баргузории интихоботи президентӣ шурӯъ хоҳанд кард.

Ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки ташрифи нозирони байналмилалӣ аз САҲА ва ИДМ бо даъвати вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад ва қарор аст, бо вуруд ба Тоҷикистон, онҳо бо раиси КМИРТ дидору гуфтугу кунанд.

Ҳамчунин раиси КМИРТ аз намояндагони расонаҳо хоҳиш кард, ки метаовонанд, дар дидор бо раҳбари ҳайати нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ки муовини котиби генералии ин кумита дар раъси он қарор дорад, ширкат кунанд.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Шоҳиён, ин дархости бевоистаи раҳбари ҳайати нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ аст. Ба иттилои масъулони КМИРТ, қарор аст ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро 700 тан аз нозирони байналмилалӣ муроқибат намоянд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG