Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги ҳамсарро аксари мардони кӯҳансоли тоҷик гаронтарин зарби зиндагии худ медонанд ва ҳатто бисёриҳо пас аз марги ҳамсар худро ҳам барои мурдан омода мекунанд.

Равоншиносон бар инанд, ки пас аз марги ҳамсар мардони кӯҳансоли тоҷик умри каме мебинанд, аммо баръакс, зани кӯҳансол пас аз марги шавҳар метавонад умри хеле дарозтар бинад.

Шаҳодат Назаралиева, як сокини Душанбе мегӯяд, ду сол пеш модараш дар синни 76-солагӣ аз дунё даргузашт. То фавти модараш сиҳатии падараш хеле хуб буд, аммо пас аз ҳамагӣ 3 моҳи марги ҳамсар падари 79-солааш ҳам ба бистари беморӣ печид ва соле баъд фавтид.

Хонум Шаҳодат мегӯяд, ҳарчанд, ин хости Худо буд, аммо эҳсос мешуд, ки касе аз фарзандон дар хидмат ба падар натавонист ҷои модарро бигирад: «Ҳар коре, ки мо барояш мекардем, писандаш намеомад. Ҳатман ягон камбудӣ меёфт ва нороҳат сӯҳбат мекард. Дигар зан гирифтан ҳам нахост. Маълум буд, ки мо мисли модарам ба ӯ хизматгор буда наметавонем. Бо марги модарам гӯё як қаноти ӯ шикаста буд.»

Аммо баръакси ин воқеа, занҳо пас аз марги шавҳарон дар пиронсолӣ умри дарозтаре медидаанд.
Ҳомия Латифова, сокини 90-солаи шаҳри Душанбе.

Ҳомия Латифова, сокини 90-солаи шаҳри Душанбе.

Ҳомия Латифова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамакнун 90-сола мешавад, ҳанӯз 15 сол пеш ҳамсари худро аз даст додаст. Ӯ мегӯяд, бо муҳаббати зиёд издивоҷ карда буданд ва беш аз 50 сол зиндагии хуше бо ҳам доштанд. Ин зан меафзояд, то фавти ҳамсараш ӯ барояш хидмати зиёд мекард, аммо баъде ки танҳо монд, ҳамаи наздикон гӯё ба хидмати ӯ нишастанд. Ин зан аз зиндагӣ шиква надорад ва далели инро дар парастории хуб аз ҷониби фарзандону наберагон медонад. Ӯ як зани зиндадил аст ва ҳоло ҳам барои наберагон суруд мехонад.

Аммо Ғулом Шарифов, ки наздики 90 сол умр дораду ду сол пеш ҳамсарашро дафн кард, мегӯяд, бе ҳамсараш хор шудааст. Вай бо дард меафзояд, барои як пирамард баъд аз сари ҳамсараш касе наметавонад, ҷои холишудаи ӯро пур кунад. Ҳоло ин мард мегӯяд, ҳарчанд фарзандон нигоҳубинаш кунанд ҳам, бо даргузашти ҳамсараш ӯ як ҳамсӯҳбату ҳамдамашро аз даст додааст: «Ҳама шароитам хуб аст. Гуфтанд, ки биё, занат бидиҳем, аммо розӣ нашудам. Дигар занро чӣ кор мекунам? Кампир дигар буд. Ҳама вақт паҳлӯям буд, сӯҳбат мекардем. Ҳозир бо ин набераҳову фарзандон сӯҳбат ҳам кунам, мисли он вақт нест. Худо ҳамин мардро пеш аз зан бикушад, хубтар аст.»

Миёни бисёре аз мардони кӯҳансоли тоҷик марги ҳамсар ба ҳадде зарбаи сахт аст, ки аксари ҳатто розианд, ки қабл аз ҳамсари худ бимиранд.

Зарторбӣ Табарова, равоншиноси тоҷик мегӯяд, пас аз 70-солагӣ зан барои мард ба мавҷуде болотар аз як ҳамсар табдил меёбад ва вобастагии мард аз ҳама ҷиҳат ба ҳамсараш бештар мешавад. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд: «Зан дар ин синну сол на танҳо ҳамсар, балки парастор, доя ва ба як ҳамроҳ, ҳамсӯҳбату ҳамдами содиқу мушфиқу ғамхор табдил меёбад. Ҳамроҳе, ки мисли кӯдаки ширхора бе модар буда наметавонад, ҳамин хел мешавад. Мард тамоми ҳастии худро дар шахси зани худ мебинад. Дар ин сурат вақте кампир аз дунё мегузарад, мард гӯё якбора чанд нафарро аз даст медиҳад, аз ин рӯ, аксари мардҳо танҳо мемонанд ва ин ғуссаро бардошта наметавонанд. Ҳатто худро ба он омода мекунанд, ки тезтар аз дунё бираванд.»

Аммо ба гуфтаи ин равоншинос зиндагии зани кӯҳансол пас аз марги шавҳараш дигар мешавад. Ҳарчанд, зани кӯҳансол шавҳарашро аз даст додан ҳам нахоҳад, аммо пас аз марги шавҳар ӯ мустақилтар мегардад. Хонум Зарторбӣ меафзояд, зан то марги шавҳар як парастори ӯст, аммо пас аз марги шавҳар ҳама парастори ӯ мешаванд ва ташвишҳои зиндагиаш коҳиш меёбанд.

Ӯ гуфт: «Аз тарафи дигар зан хонашин аст ва ҳамеша бо муҳити хона одат дорад. Аммо мард чунин одат надорад, зеро ҳамеша берун аз дар будааст. Зан ҳамеша корҳои хонаро ба танҳоӣ анҷом медиҳад, аммо вақте мард хонашин мешавад, аксари кору рафтори хона барои ӯ бегона аст. Ба волидайн бештар духтарон таваҷҷӯҳ доранд. Духтарон сару рӯи ӯро мешӯянд ва тозагиашро нигаҳ медоранд, аммо писарон берун аз хонаанд ва чунин як ғамхориро келину духтарон барои мард карда наметавонанд.»

Дар ҳоле, равоншиносон аз фавти мардҳо пас аз марги ҳамсарон сӯҳбат мекунанд, ки тибқи иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон синну соли миёнаи занҳо ҳам дар ин кишвар нисбат ба соли мардҳо панҷ сол дарозтар будааст. Синни миёнаи занон дар Тоҷикистон 72 ва аз мардон 67 сол гуфта мешавад. Бино ба оморҳо, дар Тоҷикистон тақрибан 600 000 занону мардони болиғ аз синни 60 ба сар мебаранд.
Арафамо Даминова

Арафамо Даминова

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки пас аз марги ҳамсар фарзандон талош мекунанд, то падари худро хонадор кунанд. Аммо Арафамоҳ Даминова, як коршиноси дигар мегӯяд, дар чунин як синну сол барои мард ҳамсари нав мушкили дарёфти робитаро ба миён меорад ва барои ӯ на ҳамсар, балки хидматгор даркор мешавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, кам мавриде ҳаст, ки дар пиронсолӣ зани дигаре барои мард ҳамсари хубе шавад: «Мӯйсафед мисли кӯдак мешавад ва зани каме ҷавонтар дигар ӯро таҳаммул карда наметавонад. Дар бисёр ҳолат ё зан марди кӯҳансолро партофта меравад ва ё худи мард дигар ӯро намехоҳад.»

То ҳадде мардони тоҷик дар пиронсолӣ ба занҳои худ эҳтиёҷ пайдо мекунанд, ки ин мисраъҳо:
«Зиннати дунё зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад»

барои бисёре аз ришсафедони тоҷик шиори зиндагӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG