Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ростои таҷлил аз Рӯзи дониш дар Тоҷикистон масъулони Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки савияи дониши хонандаҳо дар мактабҳои кишвар 9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бино ба арзёбиҳои як соли охири Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шогирдони мактабҳои кишвар 70 дарсади барномаи таълимиро аз худ мекунанд, дар ҳоле ки солҳои пеш ин рақам ба 50 дарсад баробар будааст. Ҳамза Наврӯзов, намояндаи Вазорати маориф ва илм гуфт, далели аслӣ беҳтар шудани сифати таълим, замонавӣ шудани барномаҳои таълимӣ ва ба кор ҷалб шудани мутахасисҳои донишманд аст.

Вазорат дар ҳоле ба чунин натиҷагирӣ расидааст, ки шикояту интиқоди таҳлилгарону волидон аз сатҳи дониши хонандаҳо зиёд аст ва аксарият бар инанд, ки низоми маорифи феълӣ бо он мушкилоте, ки дорад наметавонад, ба як хонанда дониши зарурӣ диҳад. Лайло Эшонова, модари ҷавоне, ки имсол нахустфарзандашро бори аввал ба мактаб мебарад, гуфт, ҳам хушҳол ҳасту ҳам нигарон. Хушҳол аз ин аст, ки духтараш акнун мактабхон мешавад ва бояд хатту савод омӯзад, аммо нигарон аз он аст, ки фарзанди ӯ ҳамроҳ бо 40 нафар дар як синф мехонад ва гумон аст, ки муаллим ба ҳамаи 40 нафар таваҷҷӯҳ карда тавонад.

"Ман аз ҳоло ба ин фикр омадам, ки бояд бештар дар хона бо ӯ кор кунам ва ё ҷои дигар дарси иловагӣ гирад," -- мегӯяд Лайло.

Лайло мегӯяд, мисли ӯ аксар хонаводаҳо дар фикри таълимоти иловагӣ ба фарзандон ҳастанд. Имсол беш аз 200 ҳазор хонанда барои нахустин бор ба мактаб мераванд. Ин марҳила барои волидони бачаҳои синни 7 як марҳилаи хос аст ва онҳо аз моҳҳо пеш дар фикри пайдо кардани мактаби беҳтару хубтар буданд. Интихоби мактаб барои кӯдакон мисли солҳои қаблӣ маҳдуд нест ва ҳоло хонаводаҳо чандин интихоб доранд. Хонаводаҳои сарватманд бачаҳои худро ба мактабу литсейҳои номдор медиҳанд, намояндагони синфи миёна ҳам мактабҳои замонавиро интихоб мекунанд, хонаҳодаҳои бебизоат маъмулан бачаҳои худро ба наздиктарин мактаби ҳамагонӣ мебаранд.

Бархе таҳлилгарон беҳтар шудани сифати таълимро дар мактабҳо ба афзоиши рақобат дар байни муассисаҳои таълимӣ рабт медиҳанд. Аммо Ҷамшед Қуддусов, раҳбари Маркази пажӯҳишии “Сотсервис” мегӯяд, агарчӣ ҷавонҳо ҳудуди 70 дарсади аҳолиро фаро гирифтаанд, вале дар асл онҳое, ки дониши воқеӣ доранд, ангуштшуморанд. Қуддусов мегӯяд, агар дониши насли имрӯз аз рӯйи ҷадвали 10-бала баҳогузорӣ шавад, ӯ ба онҳо баҳои панҷ медод.

"Мо соли 2012 дар байни 2 ҳазор ҷавон назарсанҷӣ гузаронидем. 27 дарсади худи ҷавонон гуфтанд, онҳо хондаву навишта наметавонанд. Ҳол он ки маълумотӣ олӣ доштанд. Сабаб сифати таълим аст ва дар шароите, ки музди меҳнати муаллим паст аст, талаби сифат мантиқӣ нест," -- мегӯяд Ҷамшед Қуддусов.

Аксар падару модарон мегӯянд, ки дар давраи истиқлолият низоми таълим чанд зина поён рафт ва мактабу маориф натавонист рисолати худро ба ҷо оранд. Онҳо як мушкили аслиро дар баробари заъфи барномаҳои таълимӣ мебинанд ва мегӯянд, ки бахши умдаи муаллимон аз сидқи дил кор намекунанд. Пажӯҳиши созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ҳам муайян кардааст, ки дар ду даҳсолаи охир сатҳи донишомӯзии аҳолии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар як гузориши худ гуфта буд, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки насли ҷавонаш дар муқоиса бо насли калонсол донишу малакаи кофӣ надорад.

Аммо Шарифмурод Исрофилиён, раҳбари Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон шеваи баҳогузорӣ ба дониши ҷавонон ва муқоисаи насли имрӯз бо замони Шӯравиро нодуруст медонад. "Насли имрӯз дар замони сармоядорӣ зиндагӣ доранд ва дар баробари таҳсил дар фикри пулкоркунӣ ҳам ҳаст," -- мегӯяд ӯ. Вале дар маҷмӯъ аз нигоҳи ин масъул, бо таваҷҷӯҳ ба донишҳои замонавӣ, савияи донишу огоҳии насли имрӯз беҳтар аз замони Шӯравӣ аст.

Дар зимн, гуфта мешавад вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳам зимни таъсиси мактаби нав дар ноҳияи Рӯдакӣ аз сатҳи пасти дониши хонандаҳо аз илмҳои дақиқ нигаронӣ кардааст. Соле қабл ҳам президенти кишвар аз дониши муҳассилин ва шеваи баҳогузорӣ дар мактабҳо норозигӣ карда буд. Имсол мақомоти маориф тасмим гирифтаанд, бо тағйир додани шеваи баҳогузорӣ ва гузариш ба низоми 100-балла сифати таълим ва дониши хонандаҳоро боло бубаранд.

Аммо бо вуҷуди он ки дар масъалаи мактабу маориф солҳост, нигаронии зиёде садо медиҳад, то ҳанӯз ягон ниҳоди давлатӣ ё ғайридавлатӣ роҳҳои наҷоти соҳаро аз вазъи феълӣ ба гунаи равшану барҷаста пешниҳод накардааст. Дар оғози соли таҳсил аз мушкилоти соҳа зиёд гуфта мешавад, сол ба поён мерасад ва як сол баъд аз нав айни ин мушкилот гаштаю баргашта сари забонҳо мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG