Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии кишвар дастур гирифтаанд, ки омӯзиши китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и президент Эмомалӣ Раҳмонро дар таътилҳо барои омӯзгорон, ба роҳ монанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо судири як фармон мудирони шӯъбаҳои маориф ва раҳбарони муассисаҳои таълимии кишварро муваззаф кардааст, ки дар баробари курсҳои омӯзишии компютерӣ ва машғулиятҳои дигар, омӯзиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и президенти кишварро дар байни омӯзгорон тарғиб кунанд.

Абдуҷаббор Алиев, як масъули вазорати маорифи Тоҷикистон дар шарҳи фармони вазири маориф рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дастур характери тавсиявӣ дорад ва ба хотири боло бурдани донишҳои таърихии омӯзгорон равона шудааст: “Барои омӯзгорон, ки дар ин мавсим дар муассисаҳои таълимӣ барои онҳо семинару такмили ихтисос ташкил мешавад, дар баробари корҳои худ, китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро хонанд ва мизи мудавварҳо дар ин мавзӯъ ташкил намоянду ҷаҳонбинии худро васеъ кунанд.”

Ба гуфтаи ин масъули вазорати маориф, китоби президенти кишвар дар тамоми китобхонаҳо вуҷуд дорад ва аксари омӯзгорон низ онро мутолиа кардаанд. Аммо мутолеаи дубора ва шарҳи мӯҳтавои он ба хонандагон ба гуфтаи ҷаноби Алиев аз манфиат холӣ нест.

Хондани китобҳои президенти Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 20 бештар аст ва ғолибан асарҳои таърихӣ буда аз тамоюлҳои сиёсии гузаштаву имрӯза қисса мекунанд, дар ин кишвар ба фарқ аз кишварҳое мисли Туркманистону Узбакистон то имрӯз маҷбурӣ набуд, вале мутолиаи онҳо дар донишгоҳҳо ва ҳангоми навиштани рисолаҳои дипломиву илмӣ,барои муҳассилин тавсия мешуд.

Китобҳое, ки ба қалами Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд, аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Аз Ориён То Сомониён”- китоби панҷҷилдаи “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”-ро дар тамоми китобфурӯшиҳои кишвар пайдо кардан мумкин аст. Дар мағозаҳо китобҳои президент дар гӯшаҳои махсус якҷо бо адабиёте, ки дар бораи шахсияти ӯ иншо шудаанд, гузошта шудаанд.

Фурӯшандаҳои дӯконҳои китобфурӯшӣ мегӯянд, харидорони китобҳои президент, ғолибан меҳмонони хориҷӣ ва донишҷӯёнанд. Бобоҷон Каримов, аз дӯкони китобфурӯшии “Ошёни адиб” мегӯяд, китобҳои президент сифатан хуб нашр шудаанд: “Меҳмонони хориҷӣ барои тӯҳфа аз Тоҷикистон харид мекунанд. Донишҷӯён барои таълифи рисолаҳои илмӣ мехаранд. Тамоми китобҳои президентро мепурсанд. Аммо ҳоло маълум, ки аслан худи китоб харидор зиёд надорад. Нархи ин китобҳо аз 20 то 100 сомонӣ аст.”

Аксари мусоҳибони мо дар хиёбонҳои Душанбе ҳам аз китобнависии президенти кишвар ба хубӣ огаҳӣ доштанд, аммо мегуфтанд, ки фурсати хондани ин китобҳоро надошатанд: “Бале медонам, ки президент асарҳои зиёд дорад, аммо ростӣ серкорам ва фурсат нашудааст ҳоло барои мутолеа. Фурсат шавад ҳатман хоҳам хонд.”

Зарина Тоҷиева, омӯзгори як мактаби миёнаи Турсунзода мегӯяд, асарҳои зиёди президентро мутолиа кардааст ва дар ҷараёни дарс ва сӯҳбат бо хонандаҳо аз ин китобҳо истифода мекунанд: ”Асарҳои президентро мутолиа мекунем, дар китобхонаи мактаб ҳаст, ҳангоми таълими хонандаҳо дар мактаб ҳам лозим шавад аз онҳо истифода мебарем. Барномаи паём ҳам ҳамеша дастрасӣ мо мешавад ва ҳангоми ҷаласаҳо дар мактаб ҳам аз он истифода мешавад. Аммо ростӣ ҳоло номи китобҳо дар хотрам нест.”

Соқибой Субҳонов, мудири кафедраи забонҳои фаронсавӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки дар тарҷумаи яке аз китобҳои президенти кишвар бо забони фаронсавӣ ширкат кардааст, мегӯяд, “ман бисёр китобҳои президентро мутолиа кардаам ва махсусан ҳамин китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ман дар тарҷумаи он бо забони фаронсавӣ чанд соли пеш то андозае саҳм ҳам доштам, бисёр аҳамияти калони худшиносӣ дорад. Дар он бештар сухан дар бораи масъалаҳои таърихӣ, маданияту фарҳанг меравад. Аммо мутаассифона ҷавонон ҳоло ба мутолиаи китоб майли камтар доранд ва аз ин ҳама бехабар мемонанд.”

Китобнависӣ, тавре ба назар мерасад, барои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бахше аз фаъолиятҳои сиёсии онҳо буда ва ин раҳбарон одатан навиштаҳои худро як ҷузъи муҳими барномаҳои таълимӣ чӣ дар мактабҳо ва чӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои худ мегардонанд. Исми Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар муқоваи чандин китоб пиромуни таърихи мардуми тоҷик ба ҳайси муаллиф омада ва китобҳои ӯ ҳамроҳ бо 18 китобе, ки дар бораи ӯ навиштаанд, дар сайти расмии президенти Тоҷикистон дар як раф чида шудаанд.

Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дафтари кор ва манзили аксари мансабдорони тоҷикро зиннат дода, аломати изҳори садоқат ба раҳбар арзёбӣ мешавад. Вале Эмомалӣ Раҳмон, ба фарқ аз Ислом Каримов ё Сафармурод Ниёзов, раҳбари собиқи Туркманистон аз таълими ҳатмии осори худ дар макотиб ва донишгоҳҳо, ба ҳар сурат, андеша кардааст. Барои аввалин бор аст, ки вазорати маориф мутолеаи китобҳои президентро ба муаллимон ва хонандаҳо бо дастур “тавсия” додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG