Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БАБР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш меёбад


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд гуфтааст, ки суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ беш аз 1,5 дарсад коҳиш меёбад.

Тибқи гузориши Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, ки рӯзи ҷумъаи 6-уми ноябр нашр шуд, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 5 дарсад мерасад, ки дар муқоиса ба соле қабл беш аз 1,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Соли 2014 рушди иқтисоди Тоҷикистон 6,7 дар садро ташкил медод.

Муаллифони ин гузориш сабаби аслии коҳиши ба якбораи иқтисоди Тоҷикистонро ба кам шудани мизони интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ва баргашти шумори зиёди онҳо ба ватан ва беқурбшавии пули миллии сомонӣ дар баробари асъаори хориҷӣ, марбут донистанд.

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва рушд дар гузориши моҳи майи худ коҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷориро ба 4,5 дарсад ва барои соли 2016 рушди иқтисодиро баробар ба 3,8 дар сад пешгӯӣ карда буд. Аммо ҳамакнун пешгӯии ин Бонк дар заминаи рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2016 баробар ба 4,5 дарсад аст.

Ҳамчуни тибқи пешгӯии Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд мизони таваррум дар соли ҷорӣ дар сатҳи 6,4 дарсад хоҳад буд. Муаллифони ин гузориш бар ин назаранд, ки дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз фазои иқтисоди минтақавӣ, коҳиши омилҳо ва рискҳои геополитикӣ бастагӣ дорад.

Пешгӯии Бонки Аврупои Бозсосӣ ва Рушд дар ҳолест, ки Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл аз кундӣ дар суръати рушди иқтисоди ин кишвар хабар дода буд. Бино ба омори расмии Оҷонсии омори Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар 6 моҳи аввали соли 2015 ҳудудан 19 миллиарду 158 миллион сомониро ташкил дод, ки бо қурби расмии Бонки миллӣ баробари чизе бештар аз 3 миллиард доллар аст.

Суръати рушди иқтисоди кишвар дар нимаи аввали сол 6,4 дарсад шудааст, ки назар ба 6,7 дарсад рушди нимаи аввали соли гузашта 0,3 дарсад камтар аст. Тибқи дурнамо, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бояд дар соли ҷорӣ ба 47 миллиард сомонӣ ва суръати рушди иқтисод ба 7,6 дарсад бирасад.

Аммо натиҷаҳои нимсолаи аввал иҷрои ин дурнаморо мушкилтар мекунад. Иқтисоддонҳои тоҷик кунд шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба омилҳое, чун таъсири пасрафти иқтисоди Русия бастагӣ медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG