Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари "Маркази бозори озоди Тоҷикистон" машварат медиҳад, ки дар шароити уфти босуръати қурби рубли русӣ, захираҳои пулиро мешавад бо асъори мухталиф захира кард.

Нозим Ишонқулов, раҳбари "Маркази бозори озоди Тоҷикистон" машварат медиҳад, ки дар шароити уфти босуръати қурби рубли русӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, пасандозҳои худро дар шакли асъори мухталиф нигоҳ доранд. Иқтисодшинос мегӯяд, дар шароити имрӯза, ки вазъ хеле босуръат тағйир меёбаду пешгӯиҳои дарозмуддати вазъи иқтисодӣ мушкил аст, танҳо машварат ин аст, ки шаҳрвандон захираҳои пулии худро “диверсификатсия” кунанд:

“Дар шароити беқурбшавии босуръати пули миллӣ, шаҳрвандоне, ки захираҳои пулӣ дар ихтиёр доранд, бояд тадбире барои як андоза ҳифз кардани қурби ин пулҳо биандешанд. Бешубҳа, дар чунин шароит кадом як роҳи фавқулода наҷотбахше буда наметавонад, чунки инфлятсия (таваррум) ба ҳама гуна асъори хориҷӣ таъсир карда метавонад. Танҳо фарқаш дар суръати тағйири қурб ё арзиши харидории ин пулҳо аст. Вале агар мо пули миллии Тоҷикистон – сомониро бо қурби доллари амрикоӣ, евро ё дигар

асъор муқоиса кунем, бешубҳа, бояд эътироф кунем, ки асъори хориҷӣ нисбатан босуботтаранд. Аз ҳамин хотир, машварат ин аст, ки захираҳои пулиро беҳтараш диверсификатсия кунанд, яъне, тавре мегӯянд, ба ҳеҷ сурат, тамоми “тухмҳоро дар як сабад” андохтан нашояд. Агар захираҳои калони пулӣ дошта бошед, беҳтараш онҳоро қисман бо доллар, қисман бо евро ва ҳатто бо юани чинӣ баргардонда, захира кунед”.

Нозим Ишонқулов меафзояд, дар шароити талотумҳои бозори асъор инсонҳо талош мекунанд, ба хотири ҳифзи моликияту захираҳои худ моли гаронарзиш бигиранд, мисли хона, металлҳои гаронбаҳо ё ҳатто мошин. “Вале ин ҳама моликият ба истилоҳ, мусбату манфиҳои худро дорад ва дар ин ҳолат ҳар нафар бояд худаш қарор кунад, ки барояш гирифтани ин навъи мол дуруст аст ё на”.

Коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, мушкилоти геосиёсии Русия ва поинравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии ин кишвар таъсир гузошт ва ба кишварҳои вобаста аз иқтисоди Русия – аз ҷумла, Тоҷикистон ҳам асар кард. “Сандуқи байналмилаии асъор пешгӯӣ мекунад, ки дар Русия суръати рушди иқтисод як дар сад коҳиш ёфта, дар Тоҷикистони вобаста аз иқтисоди Русия – ним дар сад коҳиш меёбад. Беқурбшавии сомонӣ дар паи рукуди рубл, сабаби суръатёбии инфлятсия ё таваррум мешавад ва он эҳтимолан имсол 6,5 %-ро ташкил диҳад. Соли гузашта ин нишондод 5 %-ро ташкил дода буд”, мегӯяд иқтисодшинос. Вай мегӯяд, бо сабаби ин ки вобастагии иқтисод аз доллари амрикоӣ 60 дар садро ташкил медиҳад, ҳама гуна тағйир дар қурби пули амрикоӣ, ба таври мустақим ба нархгузориҳо дар Тоҷикистон таъсир хоҳад кард. Эҳтимолан, дар оғози сол қурби доллар як каме тақвият ёбад, вале ин падида як андоза муваққаттист ва баъдан рӯ ба поён хоҳад овард. Сабабаш – шурӯи мавсими кишт ва оғози сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия мебошад,” -- гуфт ӯ.

Бо ин ҳолат, коршинос мегӯяд, роҳҳали ягона ва наҷотбахше барои иқтисод вуҷуд надорад. Агар як роҳкораш беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бошад, он ҳам бидуни ислоҳоти куллӣ дар низоми мудирияти ҳукумат имкон надорад, мегӯяд иқтисодшиноси тоҷик.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG