Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беш аз 3 ҳазор паноҳанда дар баҳри миёназамин ғарқ шуданд"


Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, аз оғози соли равон 3 ҳазору 740 нафар, ки ба умеди дарёфти паноҳгоҳ дар Аврупо зодгоҳҳои худро тарк карда буданд, дар баҳри Миёназамин ғарқ шуданд. Ин рақам ба теъдоди тамоми ҳалокшудагон дар соли гузашта баробар аст.

Сухангӯи UNHCR Уиллям Спиндлер рӯзи 25 октябр дар Женева ба хабарнигорон гуфт, сатҳи ҳалокатҳо нигаронкунанда аст. Ӯ гуфт, соли равон дар муқоиса бо соли 2015 теъдоди камтари одамон озими соҳилҳои Аврупо шуданд. Спиндлер вазъи феълиро дар таърихи ҷараёни муҳоҷират дар баҳри Миёназамин соли "аз ҳама номусоид" номид.

Соли 2015 беш аз 1 миллион нафар ба убури баҳри Миёназамин талош карданд. Дар соли 2016 ин рақам каме бештар аз 300 ҳазор будааст.

XS
SM
MD
LG