Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи иқтисодии Душанбе корхонаи «Тоҷикмармар»-ро, ки ба хонаводаи соҳибкори шинохта ва маҳкумшуда ба зиндон Зайд Саидов тааллуқ дошт, дубора миллӣ сохт.

Ҳамакнун ин корхона, ки ба истеҳсоли мармар машғул буд, ба тобеияти Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон супурда шуд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе корхонаи «Тоҷикмармар»-ро (собиқ корхонаи хурди «Лаъл»), дар асоси аризаи даъвогии Оҷонсии зидди коррупсия дар мавриди бекор кардани хариду фурӯш миёни Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва харидор Зайд Саидов дубора давлатӣ кардааст.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 28-уми март дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Додгоҳи иқтисодии Душанбе рӯзи 27-уми март бо баргузории як мурофиаи хеле кӯтоҳ ҳалномаи худро содир карда, шартномаи хариду фурӯши моликияти давлатӣ миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва Зайд Саидовро, ки дар соли 1992 баста шудааст, бекор кард. Ҷаноби Табаров афзуд, ки дар ҷараёни тафтиши корхонаи мазкур ва дар масъалаи бекор кардани Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов

шартномаи хариду фурӯш Додгоҳи иқтисодии пойтахт аз Зайд Саидов ҳеҷ суоле накардааст ва назари ӯро ба эътибор нагирифта бидуни ширкати вай, корхона аз дасти ӯ гирифта шуд.

Бино бар иттилои вакилони дифоъ, Саидов ин корхонаро замоне харидорӣ кардааст, ки ҳеҷ мансаби давлатӣ надошт. Тибқи санади «изҳори назар»-и вакилон, Саидов қисме аз ин корхонаро 1992 бо нархи 2832 ҳазор рубл харидорӣ кардааст. Аммо соли 1999 Кумитаи идораи амволи давлатӣ қиммати ин корхонаи фурӯхташударо бознигарӣ мекунад ва аз ин рӯ Саидов барои харидории он боз 14747 рубли дигар пардохт мекунад.

Бо ин ҳол ба таъкиди наздикони Саидов замоне, ки вай ин корхонаро харида буд, он қарзи зиёд дошт ва фалаҷ буд. Аммо Зайд Саидов бо ворид кардани таҷҳизоти сангбурӣ аз Итолиё, истеҳсоли мармарро бо таҷҳизоти навин ба роҳ мемонад ва то ҳабси худи Саидов ин корхона фаъолияти хубе доштааст. Наздикони Саидов дар исботи суханони хеш гуфтанд сутуну сақф ва фаршҳои бархе аз ошиёнаҳои бинои «Душанбе- плаза» маҳз аз мармари истеҳсолнамудаи ин корхона оро дода шудаанд.

Аз сӯи дигар Исҳоқ Табаров мегӯяд, муҳлати даъвои нисбати бекор кардани хариду фурӯше, ки соли 1992 анҷом шудааст, кайҳо сипарӣ шуда ва онҳо ин ваҷҳро ба унвонии додгоҳ баён кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд, Додгоҳи иқтисодӣ бидуни ба инобат гирифтани даъвои эшон ин корхонаро ба моликияти давлатӣ табдил додааст.

Тибқи иттилои охири Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, аз оғози истиқлолият то ба ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор корхон хусусӣ гардонида шудаанд, ки аз он танҳо 1 ҳазору 100 –тои он фаъолият мекунанду халос. Корхонаи «Тоҷикмармар» аз ҷумлаи он 1100 корхонаҳое буд, ки натанҳо бо иқтидори пешин, балки зиёдтар аз он ҷалби технологияи навин фаъолият мекард. Зафар Абдуллое, коршиноси тоҷик.

Зафар Абдуллое, коршиноси тоҷик.

Аммо чаро мақомот баш аз 14 ҳазор корхонаҳои хусусишудае, ки фаъолият намекунандро дубора давлатӣ накарданду, маҳз «Тоҷикмармар»-ро фаъолияти хуб дошт давлатӣ карданд?

Зафар Абдуллоев, роҳбари маркази таҳлилии «Контент» дар ин робита мегӯяд: «Ин ки корхонаи Зайд Саидовро давлатӣ карданд, ғасби рейдерӣ нест. Чунки ғасби рейдерӣ гуфта тасаруфи моликияти шахсеро дар назар доранд, ки дар озодӣ аст. Чун Зайд Саидовро бо парвандаҳои сохта шуда ҳоло ҳабс кардаанд, пас гирифтани моликияти ӯ на танҳо ғасби рейдерӣ, балки ин як навъ идомаи сиёсати репрессиявӣ дар нисбати ӯ метавон гуфт.»

Зайд Саидови 54-сола моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабр бо ҷароими сангине, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои азми сохтани ҳизби сиёсӣ мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG