Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили асноди ронандагӣ бо нархи 10 маротиба гаронтар аз Аврупо


Шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагиеро, ки акси соҳибонашон дар даҳ соли охир нав нашудааст, иваз мекунанд.

Ронандаи собиқадор Давлат Боев се рӯз пеш аз поёни муҳлати шаҳодатномаи ронандагиаш, онро ба шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон (БДА) супорид ва санади нав гирифт. Ӯ се даҳсола боз бо ҳуҷҷате ронандагӣ мекард, ки ҳанӯз соли 1982 гирифта буд.

Давлат Боев ба Радиои Озодӣ гуфт, барои табдили санадаш вай ду гувоҳнома пешниҳод кард ва 116 сомонӣ ҳам супурд: «Аз комиссияи тиббӣ гувоҳнома гирифтам ва аз БДА-и шаҳри Душанбе, ки ҳамон замон имтиҳонро онҷо супорида будам, иҷозатнома гирифтам. Баъдан 116 сомонӣ дар хазина (касса) супоридам, онҷо худашон акс гирифтанд ва ҳуҷҷати ронандагиямро нав карда доданд.»

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, хабар дошт, ки аз якуми январи соли 2014 санадҳои ронандагие, ки дар даҳ соли охир ба онҳо акси нав часпонда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз моҳи марти соли 2013 эълон шуда буд, ки шаҳодатномаҳои кӯҳна танҳо то 31 декабр қонунӣ хоҳанд буд.




Назаралӣ Раҳматуллоев, як масъули Бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонун, ҳар даҳсола акс дар ҳуҷҷати ронандагӣ бояд иваз карда шавад ва аз он ҷо ки ҳуҷҷати ронандагӣ ҳамагӣ як саҳифа беш нест, якбора ҳуҷҷатро иваз мекунанд. «Ронанда ҳуҷҷати ронандагии худро ба нуқтаҳои имтиҳонотии БДА-и маҳалли зисташ пешниҳод мекунад. Танҳо гувоҳномаи тиббӣ лозим аст ва ронанда метавонад бе мушкил шаҳодатномаашро иваз кунад. Дигар талаботи зиёд надорад,» - гуфт Раҳматуллоев.

Файзулло, як ронандаи собиқадор, ки ҳанӯз соли 1972 шаҳодатномаи ронандагӣ гирифтааст, мегӯяд, давоми 40 соли фаъолияташ танҳо як бор ва он ҳам соли 1989 баъд аз 17 сол ҳуҷҷати ронандагиашро иваз карда буд. Вале аз он вақт то имрӯз бо шаҳодатномаи замони Шӯравӣ ронандагӣ мекунад ва намехоҳад ин ҳуҷҷаташро иваз намояд.

Бархе аз ронандаҳои дигар ҳарос доранд, ки ин иқдом мумкин аст, сабаби имтиҳониҳои такрорӣ гардад. «Дар ҳар ҳолат, ин кор сабаби саргардониҳои нави ронандаҳо мешавад,» - мегӯяд Рустам Ҳафизов, ки дар шаҳодатномаи ӯ низ акс дар даҳ соли охир иваз нашудааст.

Аммо масъулони БДА мегӯянд, табдили шаҳодатномаҳои ронандагӣ 9 моҳ ба ин сӯ, аз моҳи марти соли 2013 то ҳоло, идома дорад ва аз ронандаҳо барои ин имтиҳони такрорӣ талаб карда намешавад.

Нозирони умур мегӯянд, дар 10 сол дигаргунӣ дар қиёфаи инсон зоҳир мешавад ва аз ин рӯ, зарурати табдили аксу асноди ронандагӣ пеш меояд. Умедҷон Саъдуллоев, хабарнигори тоҷик мегӯяд, иваз кардани акси шаҳодатномаи ронандагӣ баъд аз даҳ сол ба мисли иваз кардани акс дар шиноснома аст, ки дар ҳарду маврид амре, ба гуфтаи ӯ, лозим мебошад.

«Дар даҳ сол афроде ҳастанд, ки биноии худро аз даст медиҳанд ва ё дар ин даҳ сол ки риш надоштанд, риш мемонанд, ки он ба симои зоҳирии даҳ соли баъдаш мувофикат намекунад. Ва ин омилҳо гоҳҳо сабаби нофаҳмии миёни нозири БДА ва ронанда мешавад. Аз ин рӯ, иваз кардани акси ҳуҷҷати ронандагӣ дар даҳ сол мушкил надорад,» - мегӯяд Саъдуллоев.

Масъулони Бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон нагуфтанд, ки чӣ теъдод аз ронандагон шаҳодатномаҳои худро нав карданд ва чӣ шуморе – ҳанӯз на. Аммо бархе аз ронандагон мегӯянд, зарурати муоинаи тиббӣ ва нагузаштан аз он мумкин аст, сабаби лағви шаҳодатномаи онҳо шавад. Дар чунин ҳолат ва ҳамчунин акнун, ки муҳлати табдили шаҳодатномаи ронандагӣ ба поён расидааст, аз эҳтимол дур нест, бархе аз ронандагон ба ҳалли мушкили худ бо истифода аз ришва умед банданд. Мояи дигари нороҳатӣ маблағест, ки бояд ҳар нафар барои табдили ҳуҷҷати ронандагиаш бисупорад. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, табдили асноди ронандагӣ дар Тоҷикистон 116 сомонӣ, яъне тақрибан 24 доллар нарх дорад. Ин дар ҳолест, ки барои мисол, табдили ҳуҷҷати ронандагӣ дар кишвари серу пури аврупоие, чун Ҷумҳурии Чех, ҳамагӣ 2,5 доллар қимат доштааст. 10 маротиба арзонтар аз Тоҷикистон!
XS
SM
MD
LG