Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шералӣ Мирзо дар фарҷоми размоиши чоррӯзаи ҷузвутомҳои вазоратхонаҳои қудратии кишвар дар вилояти Суғд ба омодагии ин нирӯҳо баҳои баланд дод.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар анҷоми размоиши чоррӯзаи ҷузвутомҳои вазоратхонаҳои қудратии кишвар дар вилояти Суғд гуфт, вазъи амниятиву сиёсии ҷаҳони имрӯза ва минтақа аз мақомоти қудративу ҳукумати кишвар тақозо мекунад, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош бошанд. Размоиши зиддитеррористӣ дар вилояти Суғд, ки субҳи 17-уми август раҳбарони шаҳру навоҳии минтақаро бо амри “бонги хатар” ба по хезонида буд, рӯзи 20-уми август бо роҳандозии як амалиёти густардаи заминиву ҳавоӣ ва муҳосираву маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳамлавар анҷом ёфт.

Соати 7:30-и субҳи 20 август ду ҳавопаймои ҷангӣ ва тӯпхонаҳо маҳалли таҷаммӯи гурӯҳҳои мусаллаҳеро, ки дар канораҳои як деҳаи кӯҳдомани ғасбшуда ҳадафи оташу тир қарор доданд. Ин размоиш дар тамрингоҳи ҳарбии “Чорухдаррон”, дар 10-километрии шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт. Бар тибқи ривоят, як гурӯҳи мусаллаҳи душман иборат аз 200 нафар ба деҳаи Гулистони кӯҳдоман ҳамла карда сокинонро ба гарав гирифт. Ҳадафи ин гурӯҳи ифротӣ мустаҳкам кардани мавқеи худ дар ин маҳал, боз кардани роҳ ба ҷангиёни дигари аъзои худ ва зери тасарруфи худ даровардани минтақа аст. Аммо нерӯҳои давлатӣ бо роҳандозии як амалиёти густарда ин маҳалро ба муҳосира гирифтанд.

Танку зиреҳпӯшҳо ва дар паноҳи онҳо сарбозону афсарон дар паҳнои дашт чанги заминро ба осмон хезонида, ба сӯи ин маҳали панаҳбурдаи душманон ҳамлавар шуданд. Аз чархболҳои ҳарбӣ десантчиёни тоҷик бар сари гурӯҳҳои фироркардаи душман бар фарози теппаву кӯҳҳои атроф фуруд меомаданд. Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар поён размоиш гуфт, сарбозону афсарон вазифаҳои худро дар ин амалиёт дар сатҳи баланд ва бомаҳорат анҷом доданд. Вай гуфт, амалиёт нишон медиҳад, ки “нерӯҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ барои иҷрои вазифаҳои худ омода мебошанд.

Вазъияти ҳарбиву сиёсии ҷаҳони муосир ва минтақа аз ҳамаи мақомоти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва сафарбарии қушӯнҳо, қувва ва воситаҳои мудофиавиро талаб мекунад”. Ин размоиш, бар пояи иттилоъи расмӣ, бо иштироки наздики 600 сарбозу афсарон, беш аз 30 танку зиреҳпӯш ва дигар техникаи ҳарбиву тӯпхонаӣ, 2 ҳавопаймо ва 3 чархболи ҷангӣ ҷараён гирифт. Ба он Зариф Собирзода, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди вазорати дифои Тоҷикистон раҳбарӣ мекард ва нерӯҳо аз вазорати дифоъ ва мақомоти қудратӣ иштирок намуданд. Раҳбарони ҳукумат ва мақомоти қудратии ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои Суғд аз ҷараёни размоиш ба ҳайси нозир мушоҳида мекарданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раисони шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои аввали ин размоиш ситодҳои доимоамалкунандаи мудофиаи ҳудудӣ таъсис дода, ҷиҳати сафарбарии сарбозу афсарони эҳтиётӣ барои мудофиа дар ҳолати сар задани ҷанги эҳтимолӣ ва то расидани нерӯҳои асосии ҳарбӣ омузиши ҳарбӣ диданд. Баргузории ин размоиш дар ҳолест, ки сару садоҳо аз таҳдиди гурӯҳҳои ҷангии мустақар дар Афғонистон ба амнияти минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, аз баҳори имсол рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Дар чунин вазъ мақомоти тоҷик бо баргузории размоишҳо нерӯҳои худро ба ҷанги эҳтимолӣ омода мекунанд. Вилояти Суғди Тоҷикистон, воқеъ дар шимоли кишвар ҳарчанд дур аз Афғонистон аст, вале аз эҳтимоли вуруди ҷангиён эмин нест. Дар соли 1999 ҷангандаҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон таҳти раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба қасди ҳамла ба Ӯзбакистон марзи Қирғизистонро рахна карда, баъзе ҷангиёни ин гурӯҳ ба ноҳияҳои Ашт ва Исфараи минтақаи шимолии Тоҷикистон низ раҳ ёфта буданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG