Пайвандҳои дастрасӣ

Табибон барои иштибоҳи касбӣ ба 220 соати кори иловагӣ маҳкум шуданд


Додгоҳи ноҳияи Вахш қазияи "тампон дар баччадон"- ро ба поён расонд ва ҳукми худро содир кард.

Бурҳонхӯҷа Ятимов, додраси Додгоҳи ноҳияи Вахш ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имруз додгоҳ ҳукми худро нисбати беаҳамияти ду пизишки беморхонаи ноҳия, содир намуд ва онҳоро тибқи моддаи 129 қисми як, ба ҷазои 220 соати кори маҷбурӣ маҳкум кард.

Ӯ гуфт, Раҳима Азизова, он замон иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи зоишгоҳ буд, тибқи моддаи 129, қисми 1-и кодекси ҷиноятии ҶТ («номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ») гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 220 соат кори маҷбурӣ таъин карда шуд.

Мамадшариф Салимов, духтури ҷарроҳии ин беморхона низ бо ҳамин иттиҳом айни ҳамин ҳукмро гирифт.

Вале сарнавишти корманди дигари ин беморхона Зарина Салимова, ҳамшираи ҳуҷраи ҷарроҳӣ, ки дар ин айбнома гунаҳкор дониста мешуд, норушан мондааст. Бурҳонхӯҷа Ятимов додраси Додгоҳи ноҳияи Вахш, мегуяд,ки хонум Салимова феълан дар Русия аст ва баробари бозгашташ нибати ӯ низ ҳукми додгоҳ содир карда хоҳад шуд.

«Азбаски пизишкҳо аз ин амали худ пушаймон шуда аз волидони ҷабрдида узр пурсиданд, мурофиаи ниҳоӣ тақрибан 15 дақиқа идома кард ва ба шоҳидону вакилони дифоъ ва ба тарафҳо дигар суолу ҷавоб накарданд. Ҳукми додгоҳ зуд эълон шуд» мегуяд додраси додгоҳ

Бар пояи ин ҳукм айбдоршудаҳо дар ҷойе, ки кор мекунанд, бар илова соатҳои муқаррарии корӣ, се соат бештар кор кардан хоҳанд кард.

Мирзомуддин Икромов падари ҷабрдида Рухшона Икромова мегӯяд, воқеан пизишкҳо омаданду узрхоҳӣ карданд, вале ин ба он маъно нест, ки гуноҳи онҳо башида мешавад.

«Ман пас аз анҷоми ҳукми додгоҳ ба судя занг зада пурсидам,ки аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастам ва ҳатман аз болои он шикоят хоҳам кард»- афзӯд падари Рухшона Икромова

«Зинда мондани духтари ман як мӯъҷиза аст ва агар худое нахоста ҷон медод чӣ мешуд? Чаро додгоҳ дар нисбати онҳо ҷазои беҳад сабук додааст"» мегӯяд Мирзомуддин Икромов


Пизишкҳои беморхонаи Вахш дар таърихи 9-уми сентябри соли 2011 ҳангоми амали ҷарроҳӣ барои таваллуди Рухшона Икромова, докаи ҷарроҳии 50- сантиметра, ки андозааш 50 ба 15 сантиметр аст, фаромӯш кардаанд. Онҳо бинобар пеш омадани мушкил дар таваллуди ин зан, ҷарроҳии буриши қайсарӣ («кесарево сечение»)-ро барои ин зан зарур шуморида, аммо пас аз анҷоми амалиёт докародар дохили бадани ӯ фаромӯш кардаанд.


Вазъи саломатии Рухшона пас аз ҷарроҳӣ бадтар шуда, аммо исрори волидон дар мавриди таъмини пизишкҳои таҷрибадор ба эътибор гирифта нашудааст. Пизишкҳои ин беморхонаҳо дарди Рухшонаро карахт карда, ӯро аз зоишгоҳ ҷавоб доданд, вале баъдан дардаш шиддат гирифтааст.

Танҳо баъди 21 рӯз пизишкони шаҳри Душанбе докапораро аз аз баччадони зан берун оварданд ва ӯро аз марг наҷот доданд.

Пас аз ин се пизишки беморхонаи Вахш аз вазифаҳои худ озод карда шуд ва ба додситонии Вахш тибқи моддаи 129 («номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ») нисбат ба ин се пизишк парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG