Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2001 ба ин сӯ барои кор ба Яман рафта буданд, баъд аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ва ҳампаймонҳояш ба шӯришиёни ҳусӣ, Яманро тарк карданд.

Берун шудани аксарияти табибони тоҷик аз Яман ба шитобзадагие сурат гирифтааст, ки бархе аз онҳо тамоми дороиҳои худро партофта, фирор кардаанд. Онҳо мегӯянд, зиндаву саломат бозгаштан ба ватан беҳтар аз пуле буд, ки ба қимати ҷон ва ё дар ивази садоҳои гӯшхароши бомбаву тирпаронӣ ва тарсу ҳароси он ки баъд аз лаҳзае чӣ хоҳад шуд, ба даст меомад.

Ба гуфтаи бархе аз ин пизишкон, ки аллакай имкони берун омадан аз минтақаи даргирро пайдо кардааанд, равонашон осеб дидааст ва то ҳанӯз аз даҳшати таркишу тирандозиҳо ба худ наомадаанд. Мадина Азизмуродова, зодаи ноҳияи Панҷакент, ки 4 сол ба ин сӯ дар яке аз бемористонҳои Яман парастори тиббӣ буд, аз ҷумлаи панҷ нафари аввалест, ба Тоҷикистон баргаштанд. Ин хонум дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо ёдоварӣ аз рӯзҳои ахири ҳаёташ дар Яман гуфт, тӯли ин муддат бо тарс ва бо умеди расидан ба дидори наздикону пайвандонаш мезист.

Хонум Мадина мегӯяд, “ман дар минтақа Маъриб кор мекардам, ҷойи мо тинҷ ва корам нағз буд. Вақте фаҳмидем, ки миёни шиаҳо ва сунниҳо ҷанг мешавад, фикр кардем, низоъ байни худи онҳо мешавад ва ба мо зарар намерасад. Вале чун бомбаборон карданд, мо тарсидем ва ягона фикрам ҳамин буд, ки саломат ба ватанам баргардаму ба чашми фарзандонам нигоҳ кунам. Амалиёт ҳар бегоҳ соати 8 оғоз мешуд ва то саҳар идома мекард. Дар 5 рӯзи аввал ҳама роҳҳо баста буданд, ҳеҷ кас ба ҷое рафтан наметавонист, аммо баъдан роҳҳо боз шуданд ва фурудгоҳҳо дубора фаъол гардиданд. Дар бемористон мо 5 нафар тоҷик кор мекардем ҳама баргаштем.”

Мадина Азизмуродова афзуд, худи яманиҳо низ дар ин шабу рӯз даҳштазада буданд ва мардҳои хонавода зану фарзандони худро ба ҷойи амн кӯч медоданд. Ҳатто занҳои яманӣ барои ҳимоят аз худ дар кӯчаҳо бо корд мегаштанд. Вале хонум Мадина гуфт, муносибати ин мардум дар нисбати онҳо ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон хеле хуб буд ва то берун рафтани онҳо аз ин кишвар пешниҳоди кӯмак низ мекардаанд. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, бо мусоидати ширкати “Здравэкспорт”-и Русия аз минтақаи ҷангзада берун шудаанд.

Дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба ҳусиҳои Яман дар охири моҳи март, тоҷикони муқими ин кишвар, ки аксарият кормандони тиббиянд, аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карданд, ба баровардани онҳо аз ин макони ҷангзада мусоидат кунад. Нахустин гурӯҳи панҷнафари пизишкони тоҷик, ки тавассути Русия ба Душанбе мунтақил шуданд, 3 апрел вориди пойтахт гардиданд. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон, аз Санъо пойтахти Яман берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 20 тифл низ буд.

Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия аз берун оврадани боз 22 нафари дигар аз хоки Яман хабар дод, ки интизор меравад шаби 7 апрел онҳо ба Тоҷикистон мерасанд. Ҳарчанд теъдоди пизишкони тоҷик ҳудуди 800 нафар арзёбӣ мешавад, вале бархе аз мусоҳибони мо мегӯянд, теъдоди онҳое, ки бо роҳи хусуси вориди ин кишвар шудаву ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд, кам нест.

Муҳаббат Уразова, яке аз дигар пизишконе, ки аз Яман баргашт, мегӯяд, нафарони зиёдеро медонад, ки бо вуҷуди хатар ба ҷон, хоҳиши баргаштан ба Тоҷикистонро надоранд. Хонум Муҳаббат мегӯяд, “ман дар Ҳаҷҷа кор мекардам, бояд аз моҳи апрел ба рухсатӣ мебаромадам. Ҳамин тавр шуд, ки ин даргирӣ ба замони рухсатии ман баробар омад ва ман ба ватан баргаштам. Аммо ҳамроҳи ман чандин нафар тоҷиконе буданд, ки бо хонаводаҳои худ дар ин давлат ба сар мебурданд ва аз бими ҷони худу фарзандон корашонро тарк карда, ҳатто либосҳои худро нагирифта ба Тоҷикистон баргаштанд. Вале чандин нафареро ҳам медонам, ки бинобар қарздор буданашон дар ватан, ба кори худ идома медиҳанд ва мегӯянд, хоҳиш ва илоҷу имкони баргаштанро надоранд, чун бояд пули қарзашонро кор кунанд. Худи ман низ ҳанӯз пули чандмоҳа ва рухсатпулиямро нагирифтам. Ширкат ба дасти мо ҳамагӣ 500 доллар пули чиптаро доду халос. Умедворам, ки Худо ба онҳо инсоф медиҳад ва ҳаққи моро пардохт хоҳанд кард.”

Муҳаббат Уразова тасдиқ кард, ки бархе аз пизишкон ва парасторони тоҷик дар минтақае дармондаву на ба Санъо ва на ба бандарҳои дигар рафтан наметавонанд. Ӯ аз ҷумла Асадулло Раҷабов, собиқ ҳамкорашро ном бурд, ки ҳоло бо ҳамсар ва ду фарзандаш дар шаҳри Адани Яман дармондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Муҳаббат, дар сӯҳбатҳои пешин Асадулло Раҷабов гуфтааст, ки ин шаҳр низ бомбаборон мешавад.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан 7 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Адан дармондаву наметавонанд худро ба шаҳри Санъо бирасонанд. Ҷаноби Эгамзод дар ин замина афзуд, “мушкил дар он аст, ки тайёраҳои Русия наметавонад мустақиман ба шаҳрҳое, ки шаҳрвандони мо дармондаанд, биравад ва онҳоро берун кунад. Ҳаддалимкон лозим аст, ки онҳо аққалан лозим аст, ки онҳо бо роҳи амн то Санъо расонанд. Аз ин хотир, мо аз онҳо хоҳиш кардем тавассути бандари обӣ худро то марзи Арабистони Саъудӣ бирасонанд, то масъулини сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар барои бозгашт ба Ватан ба онҳо кӯмак кунанд.”

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Дар зимн, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ин шаҳрвандон тавассути ширкатҳои русӣ ба Яман рафта, Русия муваззаф шудааст, то онҳоро сиҳҳату саломат то Маскав биорад. Ва аммо Шаҳноза Гадоеваи 31-сола ки низ 8 соли ахир дар яке аз бемористонҳои хусусии Санъо кор кардааст, мегӯяд, танҳо бо кӯшишу талошаш тавонистааст худу ду фарзанди ноболиғ ва ҳамчунин хоҳарашро аз ин макони ҷангзада бираҳонад.

Шаҳноза аз нахустин пизишконе буд, ки дар рӯзи аввали даргирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зад ва аз ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоташон имдод хост. Вай мегӯяд, ”ин роҳҳо бинобар он, ки хеле хатарноканд, баста шудаанд. Лекин агар ҳамватанони мо мехостанд, онҳо имкони берун шудан аз ин шаҳрҳоро доштанд. Зеро Чин ва Ҳиндустону Покистон киштӣ фиристода буданд ва онҳо метавонистанд аз ин тариқ бароянд. Вале онҳо мунтазир буданд, ки шояд вазъ беҳтар мешавад. Аммо ман дарҳол фаҳмидам, вақте ҳуҷум тариқи ҳаво сурат гирифт, қадами баъди ҳамла бо роҳи заминӣ хоҳад буд. Аз ин хотир, ман аввалин коре кардам, ба хоҳарам занг задам ва гуфтам тамоми ҳуҷҷатҳо ва пули худро ҷамъ кунад ва чун нахустин ҳавопаймои Русия барои бурун овардани шаҳрвандонаш фуруд, омад мо ба он савор шудем.”

Вале Шаҳноза мегӯяд то охирин лаҳза бовар надошт, ки ба саломатӣ метавонад хоки Яманро тарк кунад ва то ҳанӯз ваҳшати таркишҳову тирпарониҳо равони ӯро азият медиҳад.

Дар ҳамин ҳол намояндагони ширкати “Здравэкспорт”-и Русия мегӯянд, феълан дар қаламрави Яман бештар аз 20 нафар пизишкоҳои тоҷик мондаанд, ки дар беморхонаҳои хусусӣ ва дар минтақаҳои амн фаъолият мекунанд, ки бо пурра ором шудани вазъ, онҳо низ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, барои баргардонидани шаҳрвандон ҳамаи шароит ва табирҳо андешида шудааст ва онҳо ройгон ба Маскав интиқол дода мешаванд ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав онҳоро истиқбол намуда, бо автобус ба фурудгоҳ мебарад.

Бо он ки баргардонидани тоҷикони муқими Яман ба ватан идома дорад, вале ин пизишкони ҳанӯз ҳам дар ду роҳаи интихоб қарор доранд: Бо маоши кам дар ватан бимонанд ва ё боз ба хотири беҳбуди зиндагии худ дубора ба Яман бираванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG