Пайвандҳои дастрасӣ

Маризии мармуз дар Зиракиро мушаххас кардаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, иллати мадҳушии 8 узви як хонавода дар ҷамоати Заргарии ноҳияи Кӯлобро маълум кардаанд.


Хадамоти санитарӣ ва эпидемиологияи Тоҷикистон мегӯяд, иллати аслии бемории 8 узви як хонавода дар деҳаи Корези Болои ҷамоати Зиракии Кӯлоб истифодаи нодурусти заҳри зидди хомӯшаку кана будааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси ин Хадамот рӯзи 24 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин хонавода барои эҳтиёт аз неши хомӯшаку кана аз бозор дору харида , дар сатил бо об омехта мекунанд ва бо ҷорӯб дар рӯи кӯрпаю фарши хона мезананд, вале тайи се рӯз дари хонаро боз намекунанд. Дар натиҷа заҳри дору бо роҳи нафаскашӣ ба мағзи сари аъзои хонавода таъсир расонида, онҳоро беҳуш мекунад.

«Мушкили пешомада аз он ҷиҳат тӯл кашид, ки аъзои хонавода ин амали худро пинҳон медоштанд ва асли масъаларо ба пизишкҳо баён намедоранд,» - меафзояд Наврӯз Ҷаъфаров. Ба гуфти ӯ, бо вуҷуди он ки пизишкон дар офтоб гузоштани кӯрпаву ҷиҳози хонаро маслиҳат доданд, онҳо ин корро анҷом надодаанд. Наврӯз Ҷаъфаров афзуд, ҳоло аъзои ин хонавода таҳти назорати пизишкҳо қарор доранд ва саломатии онҳо рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки 8 ҳашт узви як хонаводаи сокини деҳаи Корези Боло беш аз даҳ рӯз боз гирифтори бемории номаълуме ҳастанд. Онҳо ба таври ногаҳон аз ҳуш мераванд ва пас аз соате боз ба худ меоянд. Раҷабгул Саидшоева, як узви ин хонавода ба Озодӣ гуфт, дар аввал ба онҳо гуфтаанд, ки бемориашон натиҷаи танаффуси дорӯу мушест, ки чанд ҳафта пеш дар хона гузошта буданд, аммо пас аз як ҳафтаи табобат ҳолати бехудшавӣ боз такрор шудааст.

Ин зан мегӯяд, ҳоли худу шавҳару фарзандонаш хеле вазнин аст ва метарсад, ки онҳоро аз даст медиҳад. «Як ҳафта дар беморхона хоб кардем. Омаданд, кӯрпаву кӯрпачаамонро оташ заданд ва хонаамонро дору карданд, вале боз ин ҳолат такрор мешавад. Сурх мешавем, вале табамонро месанҷанд, аз 36 боло нест. Аз ҳуш меравем ва ба худ меоем. Метарсам, ки кӯдаку сангам дар пеши чашмам ҷон медиҳад, касе ба додамон намерасад. Ҳозир дигар кӯрпаву кӯрпачаи хуб ҳам надорем, ки бихобем. Як каме пул доштем, он ҳам тамом шуд.»

Ин зан мегӯяд, бо вуҷуди шифо наёфтанашон пизишкони Беморхонаи сироятии Кӯлоб гуфтаанд, ки табобатро дар хона идома бидиҳанд. Ӯ мегӯяд, инчунин, пизишке ба онҳо ҳушдор додааст, ки ин ҳолат агар як ҳафтаи дигар идома кунад, мағзи сарашон осеб мебинад ва онҳо пурра ақлашонро аз даст медиҳанд.

Раҷабгул Саидшоева, ки ба гуфтаи худ ягона узви нимсолими ин хонавода аст, гуфт: «Ман худ ҳоли инҳоро дида девона мешавам. Намедонам, ки чаро касе ба доди мо намерасад. Худам танҳо аз дастам чизе намеояд. Ман девона мешавам.»

Дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин афрод зери назорат қарор доранд ва аз истифодаа нодурусти доруи зидди ҳашарот, ба ин ҳол гирифтор шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши дигар аз минтақаи Кӯлоб, 16 нафар дар деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод аз истеъмоли торти хонагӣ заҳролуд шудаанд.

Маҳмадназар Талбаков,
сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб рӯзи 24-уми июн ба Озодӣ гуфт, аз ин 16 нафар шаш нафарашон дар ҳолати вазнин қарор дошта, вазъи чаҳор нафар миёна мебошад. Ӯ вазъи 6 тани дигари онҳоро сабук арзёбӣ кард. Ба гуфтаи сардухтур, ин афрод шоми гузашта, яъне 23-юми июн дар як тӯйи хонадоршавӣ торт истеъмол карда ва заҳролуд шудаанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG