Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пизишкони тоҷик: "Масъуд пеш аз расидан ба Тоҷикистон фавтида буд" (ВИДЕО)


Aҳмадшоҳ Масъудро 9-уми сентябри соли 2011 куштанд.

Aҳмадшоҳ Масъудро 9-уми сентябри соли 2011 куштанд.

Пизишкони тоҷик мегӯянд, ба Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеҷ кӯмаки тиббӣ нарасонидаанд, зеро ӯ то расидан ба хоки Тоҷикистон, фавтида буд. Дар 9-уми сентябри соли 2001 пас аз як соати ҳамла, ҷасади захмии Аҳмадшоҳи Масъудро ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон оварданд. Ҳамразмонаш фикр мекарданд, ҳанӯз имкони наҷоти ӯ аз марг вуҷуд дорад.

Файзулло Шарифов, ҷарроҳи Беморхонаи Марказии Кӯлоб, ки он замон корманди Шӯъбаи эҳёгарии ин беморхона буд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 15 соли пеш дар 9-уми сентябр барояшон хабар доданд, ки бемори муҳимеро назадашон меоранд ва фавран дастгоҳҳоро омода кунанд.

Ин пизишки тоҷик бо ёддоварӣ аз он рӯзҳо гуфт: “Дар беморхона пас аз нисфирӯзӣ навбатдор будам. Хабари фаврӣ омад, ки дастгоҳоро омода кунед, ки як бемори хеле муҳимро бояд аз марг наҷот диҳем. Гуфтанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз сару рӯй ва қафаси сина бар асари таркиш ҷароҳат бардоштааст. Ин хабарро ба мо намояндагони Кумитаи амният доданд. Мо тамоми омодагиҳоро дидем. Мунтазир шудем. Пас аз чанд дақиқаи дигар гуфтанд, ки дигар кӯмаки шумо лозим нест. Чархбол ҷасадашро ба Кӯлоб оварда буд, вале онро рост ба МОРГ (сардхона)-и Кӯлоб бурданд. Ҷасадашро дар ҳамин ҷо нигоҳ доштанд, вале ҳеҷ духтуре дигар лозим нашуд.”

Ин пизишк мегӯяд, он замон барояшон гуфтанд, ки ба касе дар бораи марги Аҳмадшоҳ, нафаре, ки онҳо бояд аз марг наҷот медоданд, сӯҳбат накунанд, вале аллакай рӯзи 10-уми сентябр шаҳр пур аз хабари марги Масъуд шуда буд. Аммо пизишке, ки ҷасади Аҳмадшоҳи Масъудро дар сардхонаи Кӯлоб аз наздик ташхис кардааст, мегӯяд, аз рӯи ҷароҳатҳо хулоса ин шуд, ки ӯ пас аз таркиш дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда буд. Ин пизишк, бидуни зикри номаш 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қисмати чапи бадани Аҳмадшоҳи Масъуд комилан зиён дида буд.

Ӯ гуфт: “Ҷароҳатҳояш аз қисмати чапи сару пешонӣ, аз тарафи дил буданд. Дасти чапаш тикка буд ва осеби дараҷаи баланд бардошта буд. Дилаш ҳам дарида буд. Тибқи ташхис, аз рӯи хулосаи мо ӯ аллакай дар ҳамон ҷои ҳодиса ҷон дода буд. Чун бо чунин ҷароҳат ҳеҷ имкон надошт, ки инсон барои чанд муддат зинда монад. Дар ҳамон ҷо ҳам агар тамоми шароит ҳам вуҷуд медошт, ӯро аз марг наҷот додан мумкин набуд.”

Фаҳими Даштӣ

Фаҳими Даштӣ

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, рӯзи дуввум Бурҳониддин Раббонӣ ба Кӯлоб омад ва ӯ шахсан рӯи Аҳмадшоҳро боз кард, то президенти вақти Афғонистон ӯро бубинад. Ӯ мегӯяд, пас аз ду рӯз расман марги Масъудро эълон карданд.

Қаблан, иддао мешуд, ки то расидан ба хоки Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд зинда буд. Ҳанӯз ҳам аксари афроди наздик ба ӯ дар сӯҳбатҳояшон ба ин нукта ишора мекунанд. Аммо дар ин миён танҳо Фаҳими Даштӣ, рӯзноманигори афғон, ки лаҳзаи таркиш ҳамроҳи Аҳмадшоҳ буд, назари ҳамсон бо пизишкони тоҷик дорад.

Фаҳими Даштӣ дар як сӯҳбаташ ба бахши форсии Би-Би-Сӣ гуфтааст, бисёриҳо фикр мекунад, ки фармондеҳ то лаҳзаи расидан ба хоки Тоҷикистон зинда буд, аммо ӯ аз ангуштшумор фардест, ки ба ин бовар надорад. Ӯ гуфт: “Ҳоло вақте фикр мекунам ба он дақоиқ дуруст дар ҳамон лаҳзаи инфиҷор ба шаҳодат расида буд. Ҳарчанд, бархе аз дӯстони мо назари дигар доранд, аммо ман фикр мекунам, ки ҳамон лаҳза ҷонаш берун шуда буд.”

Саид Раҳмон, нависандаи тоҷик, ки зиндагии Масъудро пажӯҳиш кардааст, мегӯяд, замони интиқоли Масъуди захмӣ ба Тоҷикистон дар Фархор як беморхонае бо маблағгузории Ҳинд кор мекард, ки маҷрӯҳони Иттиҳоди Шимолро муолиҷа мекарданд.

Саид Раҳмо, рӯзноманигори тоҷик, муқими Кӯлоб.

Саид Раҳмо, рӯзноманигори тоҷик, муқими Кӯлоб.

“Хостанд, барои кӯмаки фаврӣ Аҳмадшоҳ Масъудро ба ин беморхона поён кунанд, аммо чун пизишки ҳамроҳашон марги ӯро тасдиқ мекунад, ӯро ба сардхонаи Кӯлоб меоранд. Ду рӯз ба он хотир ӯро дар сардхонаи Кӯлоб нигоҳ доштанд ва маргашро эълон накарданд, ки тасмимҳои баъд аз сари Масъудро рӯшан кунанд,”-афзуд Саид Раҳмон.

Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи тоҷиктабори Афғонистон дар 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, кушта шуд. Ин ду нафар, ки маводи таркандаро дар дастгоҳи наворбардории худ насб карда буданд, ҳангоми дар рӯ ба рӯи камера қарор доштани Аҳмадшоҳи Масъуд онро инфиҷор доданд. Он замон Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон қароргоҳ дошт ва ҳамчунин бо дарназрдошти наздикии роҳ, ӯро фавран ба ин кишвар оварданд.

Пас аз марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG