Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори маргбор дар Калифорния


Сӯхтор дар ҷараёни як барномаи консертӣ дар иёлати Калифорнияи Амрико чандин кушта бар ҷой гузошт. Ин сӯхтор шаби шанбе ба якшанбе дар шаҳри Оукланд дар анборе рух дод, ки ба толори меҳмонӣ табдил шуда буд. То кунун ҳалокати дастикам 9 нафар дар ин сӯхтор тасдиқ шуда, вале мақомоҳои маҳаллӣ мегӯянд, эҳтимол ин шумора то чиҳил нафар афзоиш ёбад. Яке аз мақомҳои пулиси Акланд бо ишора ба инки амалиёти наҷот ҳамчунон дар ҷараён аст, гуфт, бархе аз нопадидшудаҳо хориҷианд ва мушаххас кардани ҳуввияти онҳо вақт мехоҳад. Дар замони вуқӯи ҳодиса аз 50 то 100 нафар дар толори меҳмонӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG