Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдумалик Ғаниев, сокини ноҳияи Ашт, ки тайи тақрибан даҳ сол боз дар Русия машғули кору зиндагист, рӯзи 19 июн барои фаъолиятҳои пизишкӣ барандаи ҷоизаи раисиҷумҳури Тотористони Русия шуд.

Абдумалик Ғаниев, табиби тоҷик, ки тайи тақрибан даҳ сол боз дар шаҳри Набержние Челнӣ кору зиндагӣ мекунад, дар озмуни "Табиби сол" ё "Ак чэчэклэр"-и Тотористони Русия барандаи ҷоизаи махсуси раисиҷумҳури ин кишвар - Рустам Минниханов шуд. Ин ҷоиза, ки барои фаъолияти пизишкӣ дода мешавад, аз худрави навъи "Лада Гранта" иборат аст ва маросими тақдими он 19 июн дар Қазон баргузор гардид.

Ғаниеви 46-сола аз ҷумлаи табибонест, ки барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, аммо дар пайи пайдо кардани ҷойи кори муносиб дар он ҷо боқӣ мондаанд. Ӯ 20 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҳоспитали иштирокчиёни ҷанг дар Набержние Челнӣ фаъолият дорад ва аз муносибати сокинони ин минтақа бо онҳо розист. Ба қавли Ғаниев, танҳо дар ин шаҳр мисли ӯ чор табиби дигари тоҷик расман фаъолият доранд.

Ин пизишки тоҷик мегӯяд, дарёфти ҷоизаи махсуси раисиҷумҳури Тотористон барои фаъолиятҳои табибӣ барояш осон набуд, чун дар баробари ӯ 21 нафари дигар барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза рақобат кардаанд.

"Аслан аз натиҷаи ин озмун хабардор набудам, вале вақте номамро ҳамчун ғолиб эълон карданд, хушҳол шудам. Ин ҷоиза барои ман не, ҷоиза барои Тоҷикистон буд. Чун дар ҳар куҷое ҳастем, дар талоши боло бурдани номи Ватани худем," -- гуфт Ғаниев.

Абдумалик Ғаниев зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, то замони муҳоҷираташ ба Русия дар бемористони деҳаи Понғоз кор кардааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст ва соли гузашта низ ҳамчун табиби беҳтарини Тотористон эътироф шуда буд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки соҳиби ҷойи кори муносиб асту солҳо боз дар Русия зиндагӣ мекунад, аммо фарзандонаш дар Тоҷикистон ҳастанд ва ду нафари онҳо дар донишгоҳ ва ду тани дигарашон дар мактабҳои миёнаи кишвар таҳсил мекунанд. Ӯ гуфт, аз ночорӣ муҳоҷиратро ихтиёр кардааст, вагарна бисёр мехоҳад, барои дармони дарди ҳамватанонаш дар кишвар кор кунад. "Дар як сол ду бор ба Ватан меравам. Замони рухсатиям дар он ҷо мегузарад," -- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Солҳои охир ба хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Афғонистону Русия ва Яман кӯч бастани тибибони тоҷик афзудааст. Аммо ба далели ноамнии моҳҳои ахир дар кишвари арабии Яман аксари ин табибон маҷбур шуданд аз он ҷо ба Ватан биёянд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар ин кишвари арабӣ беш аз 200 табиби тоҷик ҳамроҳи хонаводаҳои худ қарор доштанд.

Ҳоло бархе аз ин табибони баргашта мегӯянд, ба далели наёфтани ҷои кори муносиб дар кишвар омода ҳастанд дубора роҳи Яманро пеш бигиранд ё дар ягон кишвари мӯҳтоҷи табиб барои худ ҷои кор ёбанд. Гуфта мешавад, дар Афғонистон беш аз 200 ва дар Русия бештар аз 500 табиби тоҷик фаъолият доштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG