Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Шафохӯҷа Бобошеров ба рӯйхати сиёҳ афтид?


Тибиби тоҷик Шафохӯҷа Бобошеров
Тибиби тоҷик Шафохӯҷа Бобошеров

Шафохӯҷа Бобошеров, табиби унвондори тоҷик, ки дар яке аз клиникаҳои Маскав кор мекунад, дар заминаи талоши беҳтар кардани шароити зиндагиаш мақомоти пойтахти Русияро ба худ душман кард.

Шафохӯҷа Бобошеров, табиби тоҷик, ки шаҳрванди Русия буда, аз соли 2003 инҷониб дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад, дар байни сокинони маҳаллӣ обрӯву нуфузи хос дорад. Беморон аз сифати кори пизишки тоҷик қаноатманданд ва пушти дари ҳуҷраи духтур хамеша серодам аст.

Чанд сол қабл, Шафохӯҷа Бобошеров ҳатто ҷоизаи "Духтури оилавии сол"-и Русияро соҳиб шуда буд. Он замон матбуоти маҳаллӣ дар бораи ӯ мақолаҳо менавиштанд ва дар барномаҳои телевизионӣ Шафохӯҷа ҳамеша қаҳрамони гузоришҳо буд. Ба дунболи ин пешрафт мақомот ба ӯ дар хобгоҳе як ҳуҷраи хурд доданд ва агарчӣ ин ҳуҷра барои зиндагии як оила муносиб набуд, аммо дар ҳар сурат сарпаноҳе буд, ки хонаводаи Шафохӯҷа дар он зиндагӣ мекард.

Оромӣ дар зиндагии Шафохӯҷа Бобошеров замоне халалдор шуд, ки ӯ аз мақомоти Маскав барои худ шароити беҳтар талаб кард. Ду сол пеш пизишки тоҷик мувофиқи қонунҳои Русия хост, ки барои гирифтани манзили давлатӣ дар навбат истад. Ариза пешниҳод кард ва аз ҳамон рӯз ташвишҳои зиёдро ба сар харид.

Мақомот ӯро аз хобгоҳ берун карданд ва дари хонаашро мӯҳр заданд. Онҳо гуфтанд, ки ин хона моли шаҳри Маскав аст ва онҳо ҳақ доранд ҳуҷраро мувофиқи салоҳдиди худ истифода кунанд.

Ҳоло Шафохӯҷа Бобошеров ва хонаводаашро як ҳамкори собиқаш дар ҳамин хобгоҳ, дар утоқи худ ҷой додааст. Аммо аз чӣ бошад, ки ҳамсояҳои пизишки тоҷик равобиташонро бо ӯякбора бад карда, алайҳи ӯ мунтазам ба пулис шикоят менависанд.

Танҳо дар табақаи чоруми ҳамин хобгоҳ тақрибан 5 ҳуҷра солҳо боз холӣ аст. Аз сабаби шароити ғайрибеҳдоштӣ ва набуди оби гарм, каме аз соҳибони ҳуҷраҳо дар инҷо зиндагӣ мекунанд. Шафохӯҷа Бобошеров мегӯяд, мақомот метавонанд яке аз ҳуҷраҳоро ба ӯ бидиҳанд, аммо барқасдона ин корро намекунанд.

Бо вуҷуди чунин шароити ногувор, собиқ муҳоҷир ва ҳамакнун шаҳрванди Русия, ки тахассуси баланд дорад, аз ҷониби мақомот зери фишор қарор гирифтааст. Бобошеров мегӯяд, чанд рӯзе, ки ӯро аз манзили зисташ берун карда буданд, шабҳои хунукро дар дохили мошин рӯз кардааст.

Шафохӯҷа Бобошеров поёни рӯзи кориро дӯст намедорад. Ӯ маъмулан бо табъи хира ва бо фикри як кӯлбаи гарму ором аз бемористон берун меравад. Сарпаноҳе, ки гоҳ шаб насибаш мешавад, вале гоҳи дигар маҷбур аст шабро дар мошин рӯз кунад.

Духтур Шафохӯҷа хона хост, аммо хобгоҳашро ҳам аз даст дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

XS
SM
MD
LG