Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тампонро дар баччадони бемор "фаромӯш" кардаанд


Дар додгоҳи ноҳияи Вахш мурофиаи 3 пизишке ҷараён дорад, ки ҳангоми амали ҷарроҳӣ дар дохили бадани як бемор тампонро фаромӯш кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Вахш ба мурофиаи додгоҳии се пизишки беморхонаи марказии ин ноҳия идома медиҳанд. Ин табибон, ба гуфтаи тафтишот, ҳангоми амали ҷарроҳӣ дар бадани Рухшона Икромова, сокини ин ноҳия дока(тампон)-и андозааш 15х50 сантиметрро фаромӯш кардаанд, вале бо амри тасодуф Рухшона зинда мондааст.

Хабарнигори Озодӣ рӯзи 13-уми июн аз додгоҳи ноҳияи Вахш хабар дод, ки дар курсии айбдорӣ Раҳима Азизова, он замон иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи зоишгоҳ, М. Салимов, духтури ҷарроҳ ва З. Салимова, ҳамшираи ҳуҷраи ҷарроҳӣ нишастаанд, ки тибқи моддаи 129 Кодекси ҷиноӣ дар «номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ» муттаҳам дониста мешаванд.

Дар мурофиае, ки як рӯз қабл баргузор шуд, пизишкҳо иштибоҳи худро эътироф ва изҳори пушаймонӣ кардаанд. Дар назар аст, ки дар мурофиаи навбатӣ шакли ҷазо пешниҳод карда шавад.

Ба гуфтаи тафтишот, пизишкҳои беморхонаи Вахш дар таърихи 9-уми сентябри соли 2011 ҳангоми амали ҷарроҳӣ барои таваллуди Рухшона Икромова, докаи ҷарроҳии 50- сантиметра, ки андозааш 50 ба 15 сантиметр аст, фаромӯш кардаанд. Онҳо бинобар пеш омадани мушкил дар таваллуди ин зан, ҷарроҳии буриши қайсарӣ («кесарево сечение»)-ро барои ин зан зарур шуморида, аммо пас аз анҷоми амалиёт докародар дохили бадани ӯ фаромӯш кардаанд.

Вазъи саломатии Рухшона пас аз ҷарроҳӣ бадтар шуда, аммо исрори волидон дар мавриди таъмини пизишкҳои таҷрибадор ба эътибор гирифта нашудааст. Пизишкҳои ин беморхонаҳо дарди Рухшонаро карахт карда, ӯро аз зоишгоҳ ҷавоб доданд, вале баъдан дардаш шиддат гирифтааст.

Танҳо пас аз 21 рӯз ва баъди он ки волидони Рухшона ба мақомоти ҳукумати вилоятӣ шикоят карданд, натиҷаи ҷарроҳӣ дубора санҷида шуда ва содир шудани иштибоҳ собит гашт.

Пас аз ин се пизишки беморхонаи Вахш аз вазифаҳои худ озод карда шуданд ва ба дунболи он додситонии Вахш тибқи моддаи 129 («номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ») нисбат ба ин се пизишк парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG