Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони Саудӣ нагузошт, табибони тоҷик аз Яман берун оянд


Ин аксро аз фурудгоҳи Санъо табиби тоҷик -- Муҳаммад Кенҷаев фиристод

Ин аксро аз фурудгоҳи Санъо табиби тоҷик -- Муҳаммад Кенҷаев фиристод

Саудӣ иҷоза надодааст, то ду ҳавопаймои Русия дар Санъо фуруд омада, шаҳрвандони ин кишвар ва чанде аз табибони тоҷикро, ки дар интизори бозгашт ба ватананд, аз Яман берун оранд.

Нӯҳ табиби тоҷик, ки чанд соли қабл тавассути як ширкати русӣ барои кор ба Яман рафтаанд, мегӯянд, ду рӯз боз дар фурудгоҳи Санъо интизори ҳавопаймоҳои Русия ҳастанд, то ҳарчӣ зудтар онҳоро аз ин кишвари арабӣ берун бубарад.

Муҳаммад Кенҷаев, як табиби тоҷик, 12 апрел дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд, парвози онҳо аз Санъо ба Маскав рӯзи шанбе сурат гирад, вале ба далели ин ки Арабистони Саудӣ иҷоза надодааст, то ҳавопаймоҳои Русия дар Яман фуруд оянд, сафари онҳо ба таъхир уфтодааст. Кенҷаев мегӯяд, дақиқ нест, ин таъхир то кай идома хоҳад кард.

"Дирӯз то нимашаб интизор будем, аммо ҳавопаймо наомад. Маҷбур шудем, шабро дар як меҳмонхонаи наздиктар рӯз кунем. Ҳоло боз ба фурудгоҳ омадаем, намедонем, чӣ хоҳад шуд,"-гуфт Муҳаммад Кенҷаев. Ӯ афзуд, аз шумори умумии тоҷикони интизор дар фурудгоҳи пойтахти Яман иттилои дақиқ надорад, вале мегӯяд, танҳо аз ҳисоби як ширкати русӣ нӯҳ табиби тоҷик чашм ба роҳи ҳавопаймоҳои Маскаванд.

Ин табиби тоҷик дар идома гуфт, вазъият дар пойтахти Яман сахт нигаронкунанда аст ва зиёд мехоҳанд, аз ин кишвари арабӣ сиҳҳату саломат ба назди пайвандонашон бозгарданд. "Ҳатто рӯзона бомбаборон мекунанд. Вазъ ором нест ва дар дили одам бештару бештар тухми тарсро мекорад. Ваҳшатзада мешавед,"-гуфт ӯ.

Арабистони Саудӣ рӯзи 11 апрел иҷоза надод, то ду ҳавопаймои Русия дар Санъо -- пойтахти Яман фуруд оянд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин ҳавопаймоҳо қарор буд, шаҳрвандони ин кишвар ва, инчунин, теъдоде аз табибони тоҷикро аз Яман берун оранд. Хабаргузории ТАСС ҳам навиштааст, бино ба иттилои манобеи онҳо ҳавопаймоҳои Русия маҷбур шудаанд, рӯзи шанбе ба Қоҳира, пойтахти Миср, баргарданд ва эҳтимол парвози онҳо ба Яман рӯзи якшанбе имконпазир шавад.

То кунун даҳҳо табиби тоҷик бо ҳамроҳии хонаводаашон тавассути ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав ва сипас ба ватан оварда шудаанд. Бозгашти онҳо баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар Санъо шуруъ шуд.

Нахустин гурӯҳи панҷнафарии пизишкони тоҷик, ки тавассути Русия ба Душанбе мунтақил шуданд, 3 апрел вориди пойтахт гардиданд. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Санъо берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.

Ҳоло дар минтақаи Ҳазрамути Яман, воқеъ дар 1000-километрии шарқи Санъо гурӯҳи тахминан 15-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 8 ходими тиб ва 5 кӯдак, дармондаанд. Духтури пӯсту амрози ҷимоӣ Ҳадя Додоҷонова 10 сол боз дар Яман кор мекунад, рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "рӯз то рӯз вазъи амниятӣ дар ин минтақа хатарнок мешавад, дар хиёбонҳо ҷангиёни исломӣ пайдо шудаанд, дар бемористони онҳо муҳоҷирони дохилӣ аз шаҳри Мукалла зиёд мешаванд."

Ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш рӯзи 26 марти соли ҷорӣ нерӯҳои чирикии қабилаи шиаҳои ҳусиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Матбуоти Саудӣ навиштанд, ин кишвар зидди шӯришиёни шиаи ҳусӣ 100 ҳавопаймои ҷангӣ, 150 ҳазор сарбоз ва нерӯҳои дарёии худро

сафарбар кардааст. Ҳусиҳо, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, тайи моҳҳои охир қисматҳои бузурге аз Яман, бо шумули пойтахташ, Санъоро тасарруф карда, раиси ин ҷумҳурӣ Мансур Ҳодиро маҷбур ба тарки пойтахт карда буданд.

Эрон хостори қатъи зуди амалиётҳо дар Яман шуда, гуфтааст, барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони ин кишвар тамоми талошҳои лозимро хоҳад кард. Рӯзи шанбеи 10 апрел Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар бораи "оқибатҳои шум"-и ҳамлаи Саудӣ ба Яман ҳушдор додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG