Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҷавони маълули тоҷикро маризӣ аз пои равон маҳрум кардааст, вале иродаи қавӣ ӯро барои як ояндаи солим умедвор нигоҳ медорад.

Аюби 23-сола устои тахтабур нест, вале барои сохтани як овезаи консерти хайриявӣ, ки маблағаш барои барқарор кардани вазъи саломатии ӯ сарф хоҳад шуд, дастбакор шудааст. Вай ин ташаббусро ҳамроҳи бародару чанде аз дӯстони фаъолаш роҳандозӣ кардааст ва ин иқдоми онҳоро ҳунармандони номии кишвар дастгирӣ кардаанд.

Аюб мегӯяд, ки вай таҳти назорати табиби рус қарор дорад. Ба ӯ гуфтаанд, ки дар Ҳиндустон барқарорсозӣ саломатӣ арзонтар аст ва 5 ҳазор доллар лозим меояд. Вай мегӯяд, ки агар маблағи заруриро ҷамъ карда тавонанд, ба он ҷо сафар мекунад.

Якуним соли пеш Аюб Одинаев дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Челябински Русия ба сифати кафшергари дараҷаи олӣ кор мекард. Дар ҷараёни кор пораи бузурги оҳан ба болояш афтод ва ба ҳароммағзи ӯ осеби ҷиддӣ расид. Пизишкон ӯро аз марг раҳо намуданд, вале гуфтаанд, ки дигар имкони роҳ гаштан надорад.

Аюб мегӯяд, ки модараш ҳар боре, ки ба ба утоқаш медаромад, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Чунин ҳолат ӯро хеле дилмонда карда буд ва касеро дидан намехост ва фикр мекард, ки дигар ҳаёти худро аз даст додааст.

Аммо ҷустуҷӯҳои ӯ дар интернет ва ошно шудан бо сарнавишти ҳамтақдиронаш, ки тавонистаанд бо талоши худ ба по хезанд, Аюбро такони ҷиддӣ дод. Ӯ аз вартаи ноумедӣ раҳо шуд ва нахост тан ба маълулӣ бидиҳад.

Ҳоло Аюб дӯстони зиёд ва зиндагии солим дорад. Вай дар як созмони ҷамъиятӣ ҳамчун ихтиёрӣ кор мекунад ва баргузории чорабиниҳои мухталиф фаъолона ширкат меварзад. Бар замми ин, ӯ дӯстдори футбол аст ва ҳамеша дар бозиҳои дастаи дӯстдоштааш бетаъхир иштирок мекунад.

Яке аз дӯстони вай мегӯяд, ки агар дар ҷоий Аюб мебуд, намедонист чӣ кор кунад. Ба гуфтаи ин дӯсти Аюб, на ҳар кас қодир ба он аст, ки ин хамаро аз сар гузаронад ва ба оянда бовар дошта бошад: "Ӯ барои ман воқеан як намунаи хуби қавииродагӣ ва мардонагист."

Шиносоӣ ва сӯҳбат бо Аюб рӯҳияи ҳар нафарро ба худ бештар мекунад ва боиси он мешавад, ки онҳо ба зиндагӣ бо чашми дигар менигаранд.

Шаҳринисо -- нафаре, ки аз ҳаёти Аюб филмбардорӣ кардааст, мегӯяд, "вакте бо ӯ сӯҳбат мекунӣ, ҳис менамоӣ, ки ӯ иродаи оҳанин дорад. Вай ботинан азму талоши худро мустаҳкам менамояд. Ӯ аз зумраи он нафаронест, ки қабл аз ҳама худаш барои ба по хестан талош мекунанд."

Аюб роҳи душвори вазъи бади саломатии худро тай кард. Ҳоло ҳамагӣ чанд қадами дигар мондааст, то ба ҳадди ниҳоии мақсадаш бирасад ва ба пойи худ рост биистад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG