Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши сохтани ТВ барои муҳоҷирони тоҷик


"Симои Муҳоҷир" - яке аз нахустин талошҳо барои сохтани ТВ барои муҳоҷирони тоҷик

"Симои Муҳоҷир" - яке аз нахустин талошҳо барои сохтани ТВ барои муҳоҷирони тоҷик

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия азм дорад, барои инъикоси беҳтари мушкилоти ин мардум як шабакаи вижаи телевизионӣ таъсис диҳад.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, мехоҳад барои инъикоси мушкилоти муҳоҷирон як шабакаи вижаи телевизиониро бо номи ТВ “ТТМ”(Таджикские трудовые мигранты” – “Муҳоҷирони кории тоҷик”) ба роҳ андозад.

Каромат Шарифов, раиси ин созмон рӯзи 18 январ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, барномаҳои ин шабака ибтидо аз тариқи Интернет пахш хоҳанд шуд, вале баъди ба роҳ афтоданаш ТВ “ТТМ” дар моҳвора низ пайдо хоҳад шуд: “Мо моҳи декабр дар маросими талили солгарди 10-уми таъсиси нашрияи “Голос таджикистанцев – Овози тоҷикистониҳо” дар Маскав расми муаррифии ТВ “ТТМ”-ро низ барпо кардем. Алакай барои оғози кори ин шабака як теъдод таҷҳизоти зарурӣ ҳам харида шудааст.”

Каромат Шарифов мегӯяд, онҳо ба хотири расондани ҳақиқат дар бораи зиндагӣ ва мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ба ин ибтикор азм кардаанд.

Беки Раҳмонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав, ки дар ҳоли ҳозир масъулияти ҷамъоварии кормандон ва сохтани барномаҳои аввали ин шабакаи телевизионии махсуси муҳоҷирони тоҷикро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, ки ТВ “ТТМ” ду ҳадафи барномаӣ дорад: “Аввал аз ҳама, сохтани як минбари баландтар барои гуфтани мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, ки то ҳол чунин минбар надоштанд ва садояшон ба гӯши масъулин намерасид. Ҳадафи дигар муаррифии ҳамватанҳои муваффақи мо дар Русия аст. Бубинед, дар ин кишвар беш аз 300 табиби тоҷик кор мекунад, ки хеле комёбанд. Мо ҳатто табиби тоҷике дорем, ки беҳтарин духтури кӯдаки Тотористон эълон шудааст.Вале, мутаассифона, дар матбуоти Русия аз муҳоҷирон бештар тасвири манфӣ месозанд ва чунин намунаҳои мусбат хеле кам таблиғ мешавад.”

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ҳамчунин мехоҳад аз тариқи ТВ “ТТМ” хазинаи наворҳои видеоияшро, ки тӯли 12 сол ҷамъ овардааст, ба шакли барномаҳои вижа нашр кунад.

Аммо масъулони ТВ “ТТМ” мегӯянд, дар роҳи шурӯи фаъолияти ин нахустин телевизион барои муҳоҷирони тоҷик ба як силсила мушкилот гирифтор шудаанд. Каромат Шарифов мегӯяд: “Дар роҳи сохтани ин шабака мо фаҳмидем, ки кадр надорем. Мо ба дастикам 10 наворбардор ва коргардону хабарнигор эҳтиёҷ дорем. Вале пайдо кардани кадрҳои ҳирфаӣ аз байни муҳоҷирони тоҷик хеле сахт аст.”

Беки Раҳмонӣ низ набуди мутахассисони касбиро як мушкили умда дар роҳи оғози нашри барномаҳои ин шабака меномад: “Албатта, мушкилоти молӣ ҳам ҳаст. Наворбардорони коргардонҳои рус ба маоше, ки мо метавонем пешниҳод кунем, кор намекунанд. Аз байни худи бачаҳои тоҷик ҳанӯз нафарҳоеро, ки барои кор омода бошанд, пайдо карда натавонистаем.”

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷики Русия – муассиси ТВ «ТТМ» аз хабарнигорону наворбардорон, гӯяндаҳо ва дигар мутахассисони тоҷик даъват кардааст, то ба сурати волонтёр дар оғози кори ин шабака саҳм бигиранд.

ТВ “ТТМ” нахустин талоши сохтани шабакаи вижаи телевизионӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест. Дар тобистони соли 2014 Раҳим Қаландаров ва Тоҳир Ҳамдамов баъди ба хабаргузории “Тоҷинфо” фурӯхтани радиои “Муҳоҷир” ба пахши озмоишии шабакаи телевизионие бо номи “Симои муҳоҷир” дар Интернет шурӯъ карданд. Ин шабака асосан ба пахши барномаҳои тафреҳӣ ва клипҳои овозхонҳои тоҷик машғул буд, вале тақрибан як моҳ боз ба ин сӯ “Симои муҳоҷир” аз интернет ғайб задааст.

Раҳим Қаландаров рӯзи 18 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, охирин барномаи “Симои муҳоҷир” рӯзи 12 декабр нашр шуд, зеро: «Азбаски аз кисаи худ ҳарҷ мекардем, вале болоравии нархи доллар ва беқубшавии пули русӣ сабаб шуд, ки феълан қатъаш кунем.Пеш аз сари маошамон ҳар моҳ 10-12 ҳазорӣ бо ҳамроҳии Тоҳирҷон сарф мекардем, ки 300 доллар зиёдтар мешуд. Аммо ҳоло азбаски нархи пахши барномаҳоро бо доллар бояд пардозт кунем, дигар зӯрамон намерасад.” Аммо Раҳим Қаландаров афзуд, ин ба маънои комилан даст кашидани онҳо аз пахши барномаҳои телевизионӣ нест: “Имсол як сюрпризи дигар барои интернет дар нақша дорем, ки ба зудӣ мебарорем.”

Ғуфрон Ваҳҳобов, раиси “Тоҷинфо” – танҳо хабаргузории тоҷикӣ дар Русия – мегӯяд, радиои “Муҳоҷир” низ ду моҳ боз ба сабабҳои фаннӣ кор намекунад: “Мо ин радиоро аз домени қаблиаш ба сомонаи худамон гузаронда истодаем. Ҳамчунин замимаи нави бепулеро таҳия дорем, ки ҳар кас битавонад бе ягон мамониат радиои моро дар телефони мобилаш гӯш кунад. Домени қаблӣ дар як вақт танҳо ба 5 000 муштарӣ метавонист хидмат бирасонад, ки ин дигар ба далели афзудани шумораи шунавандагони радиои “Муҳоҷир” барои мо кофӣ набуд.”

Раҳим Қаландаров (аз чап) ва Ғуфрон Ваҳобов

Раҳим Қаландаров (аз чап) ва Ғуфрон Ваҳобов

Радиои “Муҳоҷир” ба фарқ аз “Симои муҳоҷир”, ки рӯи барномаҳои тафреҳӣ тамаркуз карда буд, бар иловаи таронаву мусиқӣ барномаҳои вижае дар бораи ҳаёти муҳоҷирон низ таҳия мекард. Аз ҷумла барномаҳое, чун “Сӯҳбати мустақим”, “Дар ёди Ватан”, “Садои муҳоҷир” ва “Уроки толерантности” бо шоири русзабони зодаи Тоҷикистон Алексей Афғонов.

Дар Русия чанд талоши дигар барои сохтани шабакаҳои телевизионӣ бо забони тоҷикӣ низ шуда буд, вале он талошҳо бештар барои сохтани шабакаҳои телевизионии мухолиф ваё ҳадди ақал мустақил аз давлати Тоҷикистон буд.

Аз ҷумла моҳи августи соли 2013 дар Маскав шабакаи телевизионие бо номи “Сафо” ба пахши барномаҳояш тавассути моҳвораи Hotbird оғоз кард. Ин телевизион, ки асосан рӯи масоили сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тамаркуз мекард ва ҳатто гумон мерафт, ки аз сӯи раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ташкил шудааст, ҳамагӣ баъди 3 моҳ, дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон аз моҳвора ғайб зад.

Дар ибтидои соли 2014 Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷики Русия эълон кард, ки бо ҷамъе аз ҳамфикронаш шабакаи наве бо номи “Телевизиони мардумии Тоҷикистон”-ро таъсис додаанд. Иззат Амон гуфта буд, ҳадафи онҳо таъсиси расонаи мустақилест, ки битавонад ба мардум ахбори дурусту воқеиро бирасонад ва “як шабакаи воқеан мардумӣ бошад. На мисли телевизионҳои Тоҷикистон, ки танҳо ва танҳо аз таърифу тавсифи як нафар ва ё хонаводаи як нафар иборат аст.” Аммо то имрӯз танҳо чанд барномаи озмоишии “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” тавассути сомонаи Youtube дар Интернет нашр шуду бас.

Дар соли 2015 дар шаҳри Маскав як шабакаи телевизиони минтақавие бо номи CATV NEWS (Центрально Азиатские новости) ба пахши барномаҳояш оғоз кард. Ин шабака, ки барномаҳояш аз тариқи Интернет ва ҳам тавассути моҳвораи Yahsat пахш мешаванд, ҳар рӯз ба забони тоҷикӣ низ барномаи хабарие бо номи “Имрӯз” таҳия мекунад.

Ғуфрон Ваҳҳобов мегӯяд, инки зарурати таъсиси як шабакаи телевизионӣ барои муҳоҷирони тоҷик кайҳо фаро расидааст, ҷои баҳс надорад, аммо: “Набояд ҳар кас кӯрпаро ба тарафи худ кашаду барои таблиғи ақидаву сиёсатҳои худ минбар бисозад. Сохтани телевизиони вижа барои муҳоҷирони тоҷик корест, ки барои анҷоми онҳо ҳамаи созмонҳову ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ва соҳибкорони тоҷик аз як гиребон сар бароранд, чунки телевизионро танҳо бо ҷалби волонтёрҳо сохта намешавад, харҷи зиёд дорад.”

Бино ба ҳисобҳо, барои сохтани як телевизиони миёна дар Русия аз 200 000 то 1 миллион доллар сармоя лозим аст. Телевизиони интернетӣ назар ба моҳвораӣ харҷи бамаротиб камтар дорад ва ба ҳамин далел, аксар бунёди телевизионро аз Интернет оғоз мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG