Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каромат Шарипов: "Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад"


Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик

Яке аз ҷамъиятҳои ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ бо ҷалби ҳазорон мардикори тоҷик дар пойтахти Русия гирдиҳамоие ташкил хоҳад дод.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, мегӯяд, баргузории митинги 100 000 - нафара масъалаи ҳанӯз ҳалшуда нест, зеро барои баргузории он аз мақомоти Русия иҷозаи расмӣ гирифта нашудааст. Мавсуф ба Радиои Озодӣ гуфт, гирдиҳамоӣ ҷузъе аз барномаи созмонаш аст, ки марҳала ба марҳала бояд шаъну эътибори мардуми Тоҷикистонро дар Русия барқарор кунад: «Яке аз ҳадафҳои асосӣ эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон ва баровардани миллат аз аробакашӣ аст. Аробакашӣ барои тоҷики тоҷдор қобили қабул нест. Мо бо сафири Тоҷикистон дар Маскав ҳам вохӯрда, ҳадафи худро матраҳ мекунем. Тоҷиконро аз аробакашӣ озод карда, ба онҳо касбҳои дигар дода шавад.»

Каромат Шарипов ҳадафи дигари ин гирдиҳамоиро аз миён бурдани «ғуломии тоҷикон» дар Маскав унвон кард, аммо ба фикри ӯ, ин пешниҳоди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷикро бояд созмонҳои тоҷикӣ дар Русия зимни як ҳамоиш дар даҳаи дувуми моҳи октябр дар Маскав баррасӣ намоянд ва шарти дигар ҳам ин аст, ки созмонҳо ин гирдиҳамоиро дастгирӣ кунанд ва дар он 100 000 нафар ширкат намояд.

Аммо суол ин аст, ки то куҷо Ҷунбиши муҳоҷирини тоҷик метавонад дар баргузории чунин гирдиҳамоии бузург, он ҳам дар дили Русия муваффақ шавад ва ҷонибдории созмонҳоро ба даст орад?

Иззат Амон

Иззат Амон

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Маскав, мегӯяд, зарурати ҳамчунин гирдиҳамоиҳо ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирин вуҷуд дорад, аммо боре нашуда, ки созмонҳо ва муҳоҷирини тоҷик аз онҳо иҷозаи расмӣ дарёфт карда бошанд: «Гумон накунам, ки дар Маскав ё умуман Русия баргузор кардани чунин гирдиҳамоӣ ба фоидаи кор бошад. Дӯстоне, ки воқеан мехоҳанд шароити муҳоҷирин беҳтар шавад ва даст ба гирдиҳамоӣ дар Маскав заданианд, бояд онро дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе баргузор кунанд. Зеро бо ин роҳ наметавонанд таваҷҷӯҳи мақомоти масъули Тоҷикистон ҷалб кунанд.»

Дар суҳбат бо Озодӣ раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирини Тоҷикистон зикр накард, ки бо кӣ аз мақомоти Тоҷикистон мулоқот дошт, аммо гуфт, бардошташ аз ин сафар ин аст, ки дар Душанбе ба вазъи муҳоҷирони таваҷҷӯҳи ҷиддӣ надоранд. Иттифоқан хабари азми Ҷунбиши Каромат Шарипов ба баргузории як гирдиҳамоии 100 000-нафарии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав низ рӯзи 20 август, баъди бозгашти ӯ аз Душанбе дубора вирди забони матбуоти Русия шуд.

Каромат Шарипов ва созмонаш Ҷунбиши муҳоҷирини тоҷик солҳост, ки дар амри ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин дар Русия шуҳрат ёфтааст. Аммо муваффақиятҳои ҷузъиро ба даст оварда, дар тағйири вазъи куллӣ муассир набудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон низ солҳо ба ин сӯ мехоҳад тариқи роҳҳои расмӣ ба беҳбуди вазъи муҳоҷирон даст ёбад. Соли гузашта миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия ду созишнома дар соҳаи муҳоҷират имзо шуд, ки бояд ҳузури муҳоҷирини тоҷик дар он кишварро содда мекарданд, аммо чунин нашуд ва вазъи онҳо то рафт бадтар мешавад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои онҳо мушкил халқ мекунад, зеро шояд ба бархе мақомоти он кишвар писанд наояд. Вай афзуд, буҳрони Украина барои муҳоҷирини тоҷик ва умуман дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар Русия ин шароитро фароҳам сохтааст, ки Маскав худ ба беҳбуди вазъи онҳо иқдом кунад: «Аслан кӣ мехоҳад, ки шаҳрвандаш дар Русия аробакаш бошад, дар ҳамин Тоҷикистон ҳам? Ҳеҷ кас. Ҳама мехоҳад онҳо вазифаву маоши баланд дошта бошанд. Дар сохтори иҷтимоӣ мавҷудияти олим, аробакаш, ҷинояткор ва ғайра як амри табиӣ аст. Бо роҳу митингу эътироз ин масъалаҳоро намешавад ҳал кард.»

Намояндаи расмии Сафорати Точикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод, ки собиқаи зиёди кору иқомат дар Маскавро дорад, мегӯяд, дар шароити феълӣ баргузор кардани чунин гирдиҳамоӣ ба манфиати муҳоҷирони тоҷик нест, "зеро, ман бовари комил дорам, ки гирдиҳамоиву эътирозбозиҳо дар ҳоли ҳозир, дар вазъияти феълии Русия ба он оварда мерасонад, ки тоҷикон як навъ аз бозори кори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия берун афканда хоҳанд шуд. Ҳоло дар ин бозор рақобати шадиде миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ, Молдова ва ҳатто Чину Ветнам ва як идда кишварҳои нодори африқоӣ мавҷуд аст."

Матбуоти Русия дар бораи омодагии муҳоҷирони тоҷик ба гирдиҳамоии "100 000-нафарӣ" дар Маскав

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, яке аз ҷамъиятҳои умдаи тоҷикони Русия дар сӯҳбат бо расонаҳои он кишвар гуфтааст, ки ин ҷунбиш мехоҳад дар моҳи октябр 100 000 муҳоҷири тоҷикро барои як гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ғуломӣ ба кӯчаҳои Маскав барорад.

Каромат Шарипов аз ҷумла ба рӯзномаи «Известия»-и чопи Маскав гуфтааст, танҳо дар 12 бозори Маскав ҳазорон тоҷик дар ҳоли ғуломӣ ё нимағуломӣ кору зиндагӣ мекунанд. Оқои Шарипов гуфтааст, ҳадаф аз ин гирдиҳамоӣ ва як талаби асосии он ба масъулият кашондани корфармоён ва соҳибони бозорҳои Маскав барои истифода аз меҳнати ғуломӣ ва напардохтани маоши коргаронашон аст. Каромат Шарипов гуфтааст, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия дархости расмиаш ба номи шаҳрдории Маскавро омода мекунад.

Каромат Шарипов

Каромат Шарипов

Каромат Шарипов ба «Известия» гуфтааст: «Бино ба маълумоти мо, дар 12 бозори Маскав ҳазорон тоҷик дар ҳоли ғуломӣ қарор доранд. Ба онҳо маош намедиҳанд, аснодашонро мегиранд ва онҷоро дар дохили бозорҳо бандӣ кардаанд.»

Каромат Шарипов аз ҷумла муҷтамаи «Москва» дар минтақаи Люблино ва ҳам бозорҳои «Садовод» ва «Международний»-ро мисол овардааст, ки ба гуфтаи ӯ, тоҷикҳоро ҳамчун ғулом кор мефармоянд.

Аммо масъулони бозори «Садовод» дар сӯҳбат бо «Известия» аз вуҷуди тоҷикони «ғулом» дар ин бозор изҳори бехабарӣ карда, гуфтаанд, чунин хабарро «бори аввал» мешунаванд. Дар бозори «Международний» гуфтаанд, ки дар инҷо ба ҳайси фурӯшанда фақат шаҳрвандони Русия истихдом мешаванд ва муҳоҷирон бештар корҳои сиёҳе, чун ҳаммолиро анҷом медиҳанд. Мақомоти минтақаи Люблино низ гуфтаанд, ки кадом шикояте дар бораи истифодаи меҳнати ғуломона дар бозори «Москва» - яке аз маҳалҳои асосии кори муҳоҷирони тоҷик дар пойтахти Русия – нагирифтаанд.

Ин нахустин талоши созмон додани гирдиҳамоиҳо бо ширкати шаҳрвандони тоҷик дар пойтахти Русия нест. Дар тобистони соли 2012, дар рӯзҳои амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ гурӯҳе аз зодагони Бадахшон бо талаби хатми ин амалиёт дар Маскав гирдиҳамоӣ карданд.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷик дар назди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав талоши ташкили пикети эътирозӣ карданд, вале пулиси Русия ин тазоҳургаронро зуд пароканда кард. Ҳамин тавр, дар ибтилои моҳи август созмони ҷавонони тоҷики Русия барои ташкили як гирдиҳамоӣ бо ҷалби то 1000 муҳоҷири тоҷик дар яке аз минтақаҳои пойтахти Русия дархост дода буд, вале ба навиштаи расонаҳои русӣ, ин тазоҳурот ба далели инки масъулонаш масири ҳаракати тазоҳургаронро натавонистанд бо шаҳрдории Маскав мувофиқат кунанд, барпо нашуд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта асосан ба шарофати муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул ворид шудааст, ки баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири пасошӯравист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG