Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси як тоҷики узви “Давлати исломӣ” дар Украина


Мақомоти Украина мегӯянд, як марди 39-сола аз Тоҷикистонро дастгир кардаанд, ки ӯ барои узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" муттаҳам мешавад. Ҳоло бар асоси қарори додгоҳе дар вилояти Харков, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст.

Додгоҳе дар вилояти Харкови Украина як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро, ки ба қавли мақомоти он кишвар таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ буда, барои "зархаридӣ" муттаҳам мешавад, барои 40 рӯз ба ҳабс гирифтааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад, аммо дар хабари додситонии Харков гуфта шудааст, ки ӯ рӯзи 18 август боздошт ва дар давоми чиҳил рӯзи оянда мунтазири тасмими мақомоти интизомии Тоҷикистону Украина хоҳад монд.

Максим Белоусенко, сардори шуъбаи ҳамкории байналмилалии додситонии Харков, ба расонаҳои Украина гуфтааст, ки бар асоси иттилои пулиси байналмилалӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон соли ҷорӣ ба Сурия рафта, ба ҳайати гуруҳи “Давлати исломӣ” шомил шудааст. Ба қавли Белоусенко, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба Украина дастгир шуд ва бино ба иттилои дарёфтии онҳо дар Тоҷикистон алайҳи ин марди 39-сола бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар бораи “зархаридӣ” буда, аз панҷ то бист соли зиндонро дар назар дорад.

Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв кардааст

Тайи моҳҳои охир мақомоти Украина аз боздошти чанд шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба узвият дар гуруҳи “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд. Рӯзи 5 август марзбонони Украина дар фурудгоҳи Лвов як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо парвози Истанбул – Лвов омада буд, иҷозаи вуруд ба қаламрави Украина надоданд.

Дар хабари расмии Хадамоти марзбонии Украина гуфта мешуд, ки ҳангоми тафтиши асноди мусофирон маълум шуд, бино ба маълумоти мақомоти амниятии ин кишвар, ин шаҳрванди тоҷик ба гумони ғолиб ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мансуб буда, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Сергей Мелнук, раҳбари Хадамоти марзбонии минтақаи Лвов гуфт, ин нафарро бо парвози баргашт ба Туркия бармегардонанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи июни соли ҷорӣ ду шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Харкови Украина дастгир карданд. Гуфта мешуд, ки онҳо аз тариқи парвози Истанбул-Харков омаданд, вале ҳангоми тафтиши шиносномаҳояшон маълум шуд, ки ҳарду ҳамчун узви эҳтимолии созмони “Давлати исломӣ” аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Матбуоти Украина аз қавли манобеи худ дар ниҳодҳои амниятӣ навишт, ки ин ду нафар дар Ховари Миёна роҳу шеваҳои сохтани бомб ва корбурди бомб бо истифода аз телефонҳои дастӣ барои анҷоми таркишҳои сарироҳиро омӯхтаанд. Сомонаи Vlasti.net" бо такя ба манобеи худ дар Хадамоти амнияти Украина ҳатто навишт, ки "боздоштшудагон эътироф кардаанд, ки қасди роҳандозии инқилоби исломӣ дар Тоҷикистонро доштанд."

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба сафи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастани ҳудуди 1100 шаҳрванди тоҷик ва ҳалокати то 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна сӯҳбат мекунанд ва ин тамоюлро барои амнияти кишвар таҳдидзо мешуморанд.

Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.

XS
SM
MD
LG