Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қӯрғонтеппа чатрбозиро меомӯзанд


Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон нахустин мактаби омӯзиши парашютизм дар Қӯрғонтеппаро ифтитоҳ мекунад.

Собир Шарифов, раиси созмони Ташкилоти мададгори мудофиа (ДОСААФ)дар Хатлон, гуфт, дар солҳои истиқлол чунин мактаби омӯзиши ҷаҳидан бо парашют дар ин вилоят вуҷуд надошта, танҳо дар чанд соли ахир дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ташкил шудааст.
Хабари таъсис ёфтани мактаби парашютизм дар Қӯрғонтеппаро аксар ҷавонони маҳаллӣ, ки ба намудҳои экстремалии варзиш шавқ доранд, хуш пазируфтанд...


Ба қавли Шарифов, рушди парашютизм ва омода кардани кадрҳо дар ин бахш, бахусус барои воҳидҳои низомии Тоҷикистон муҳим будааст.

Созмони хатлонии Ташкилоти мададгори мудофиа бо ҳадафи таъсиси як чунин мактаби парашютизм ахиран аз Қазоқистон ду адад ҳавопаймои АН-2 харидорӣ кардааст, ки барои омӯзишҳои ҳавопаймоӣ ва паридан бо парашют махсус гардонида шудааст. Арзиши ин ду ҳавопаймои истеҳсоли Лаҳистон беш аз ним миллион сомонӣ буда, бамаротиб арзонтар аз қиммати он дар бозори ҷаҳонӣ хонда мешавад.

"ДАР ФАХРОБОД ТАМРИН МЕКУНАНД"

Собир Шарифов
Ҷаноби Шарифов дар мавриди ҳадафҳои аслии таъсиси мактаби парашютизм ё чатрбозӣ дар Қӯрғонтеппа гуфт: "Машқҳо дар аэродроми Фахробод доир хоҳанд шуд. Курсантҳо аввал 16 соат дарси назариявӣ меомӯзанд, баъд аз тренажерҳо меҷаҳанд, баъд тавассути парашютҳо аз самолёт. Яъне дарсҳо бо риояи тамоми меъёрҳо баргузор мешаванд ва бехатарии курсантҳо таъмин мешавад. Мо аз кадрҳои омодашуда дар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар истифода бурда метавонем ва ҳамчунин барои рушди варзиши парашютӣ."

Хабари дар ояндаи наздик таъсис ёфтани мактаби парашютизм дар Қӯрғонтеппаро аксар ҷавонони маҳаллӣ, ки ба намудҳои экстремалии варзиш шавқ доранд, хуш пазируфтанд.

ҶАВОНОН БОҶУРЪАТ МЕШАВАНД?

Сангинмурод Шарифов
Сангинмурод Шарифови 22-сола, аз ноҳияи Бохтар, мегӯяд, дер боз интизори ифтитоҳи як чунин мактаби парашютизм буд. Сангинмурод, ки орзуи ҳавонавардӣ дораду мехоҳад ба замин аз баландӣ бингарад, гуфт, ба хотири омӯхтани ҷаҳиш аз парашют омода аст бо сарфи ҳар миқдор маблағе ин ҳунарро аз худ кунад.

"Таъсиси мактаби парашютистӣ дар вилояти Хатлон барои мо ҷавонон шонси хубе ҳаст то ҳунари худро бисанҷем. Ҷавонон боҷуръаттару ҷасоратманд мешаванд. Мехоҳам, ки мактаб ва курсҳои омӯзишӣ барвақттар созмон дода шаванд ва ман бо эҳсоси бисёр гарм аз аввалин муҳассилини он хоҳам шуд",-афзуд ӯ.

Вале чунин ба назар мерасад, ки орзуи ҷаҳидан аз парашютро натанҳо ҷавонписарон, балки духтарони маҳаллӣ ҳам дар сар доштаанд. Дилбар, донишҷӯи донишгоҳи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳар гоҳе тавассути телевизион бо парашют ҷаҳиданҳои ҷавонони кишварҳои пешрафтаи дунёро медид, ба онҳо ҳасад мебурд.

ДУХТАРОН ҲАМ ОРЗУИ ПАРАШЮТРО ДОРАНД

Дилбар
Ҳоло Дилбар аз он шод аст, ки ӯ ҳам имкони амалии омӯзиши парашютизм ё чатрбозиро хоҳад дошт: "То ҷое медонам, то ин вақт мактабҳое назири паридан бо парашют дар вилояти Хатлон вуҷуд надорад. Ҷавононе, ки мехоҳанд ҳамин ҳунарро дошта бошанд ё ақаллан як бор дар ҳаёташон бо парашют бипаранд, имкон надоштанд, ки ба орзуяшон бирасанд. Ман духтар ҳам бошам, хеле орзу дорам, ки аз ҳавопаймо бо парашют парвоз кунам. Аниқ намедонам, аммо бовар дорам, ки аз баландии ҳавопаймо ва ҷаҳидан бо парашют нахоҳам тарсид."

Аммо Дилбар умед дорад, ки қиммати таҳсил дар мактаби омӯзиши парашютизм чандон гарон нахоҳад буд ва теъдоди ҳарчи бештари ҷавонони алоқаманд имкони амалии аз худ кардани ин ҳунарро хоҳанд дошт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо ҷавонони даъватшуда ба артиш имтиёз хоҳанд дошт, ки дар мактаби парашютизми Қӯрғонтеппа ройгон таҳсил кунанд.

"ШАВҚИ ҶАВОНОН БА АРТИШ МЕАФЗОЯД"

Умед Назаров
Умед Назаров, рӯзноманигори ҷавони маҳаллӣ, мегӯяд, таъсиси мактаби парашютизм барои бедор кардани шавқи ҷавонон ба хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақши муҳимме хоҳад бозид: "Пеш аз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастан ҷавон бояд аз ҳар лиҳоз омода бошанд. Итминон дорам, ки агар ҳамин мактаб ташкил карда шавад, бисёре аз ҷавонон ба хизмати аскарӣ маҳз барои омӯхтани ҷаҳиш аз парашют хоҳанд рафт. Ин як стимули дигар мешавад барои пайвастан ба сафи артиш барои ҷавонон."

Қарор аст, мактаб ё курсҳои омӯзиши ҷаҳиш аз парашют дар назди ташкилоти мададгори мудофиаи Хатлон то тирамоҳи имсол ба кор оғоз кунад. Ҳоло набуди парашютҳои омӯзишӣ ва касбӣ аз мушкилоти аслӣ дар роҳи бунёди ҳамин мактаб унвон мешавад. Як адад аз чунин парашютҳо на кам аз 6 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошта, дар як ҳавопайпо бояд дастикам 12 нафар бо 12 адад парашют машқу тамрин кунанд.

Аммо ҳоло ташкилоти мададгори мудофиа маблағи кофӣ барои харидории парашютҳоро надорад ва хостори кӯмаки ҳукумати Хатлон шудааст. Танҳо бо як адад парашют, ки ташкилоти мазкур ҳоло дар ихтиёри худ дорад, ифтитоҳи мактаби парашютизм ғайриимкон будааст.
XS
SM
MD
LG