Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти Ҷаҳонгир Ганҷалов ва Наврӯз Маллаев аз Арктика


Ҷаҳонгир Ганҷалов ва Наврӯз Маллаев, дар қатори даҳҳо низомиёни Русия ва Беларус бори аввал ба Арктика рафта, баъд аз тамрин дар сардии 67 дараҷаи Қутби Шимол бегоҳи 12 апрел ба кишвар омаданд.

Ҷаҳонгир Ганҷалов ва Наврӯз Маллаев – десантҳои бригадаи десантии қушӯнҳои зудамали Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар қатори даҳҳо низомиёни Русия ва Беларус болои як яхпораи бузург дар Арктика фуруд омада буданд, ба кишвар бозгаштанд. Онҳо 12 апрел дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, аз баландии 4 ҳазору 700 метр худро болои яхпораи бузург партофта, дар сардии 67 дараҷаи Қутби Шимол тамрини низомӣ кардаанд.

"Ин бори нахуст буд ва каме душворӣ ҳам дошт. Аммо шукри Худо сиҳҳату саломат ба ватан расидем ва ин муҳим аст. Аввалин шуда, парчами Тоҷикистонро дар Қутби Шимол гузоштем,"-гуфт Ҷаҳонгир Ганҷалов. Ба қавли ин десанти тоҷик, сафари онҳо ба Арктика аз рӯи барномаи кори Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ сурат гирифтааст, ки Тоҷикистон низ узви ин созмони низомии минтақаист.

Ҷаҳонгир Ганҷалови 36-сола афзуд, дар ин тамрин намояндагони Русия зиёд буда, Беларусро 12 нафар намояндагӣ кардаанд: "Машқи мо аз 6-7 намуд иборат буд - ҷаҳиш аз парашют, машқ ҳамроҳи сагҳои низомӣ, машқ бо чанаҳои барфгард (снегоход) ва ғайра. Хушбахтона, ҳеч осебе ба саломатиямон нарасид."

Қаблан расонаҳои Русия навишта буданд, ҳарчанд ҳар яке аз чатрбозон (парашютистҳо) садҳо бор аз парашют истифода кардаанд, аммо фурудашон ба яхпораи азим дар Арктика нодир буд, зеро дар вазъи сардии бесобиқа ва дар ҳоле сурат гирифт, ки чизеро дидан тақрибан номумкин буд. Ба гуфтаи низомиён, чатрбозон ҷустуҷӯ ва наҷоти афроди дар Арктика ба офат дучоршударо тамрин кардаанд.

Алексей Рагозин, муовини фармондеҳои нерӯҳои десантии Русия ба телевизионии НТВ гуфтааст, баъд аз анҷоми тамринҳо низомиён пойгоҳи бо таҷҳизоти мухобиравию гармидиҳӣ ва генераторҳо муҷаҳҳази худро дар ихтиёри муҳаққиқони Арктика гузоштаанд.

Видео аз Ютуб:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG