Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир боздошт шудааст.

Ба иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, Баҳриддин Хоҷаев ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир моҳе пештар дар қаламрави Русия боздошт шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ваколати намояндаи мардумӣ будани Баҳриддин Хоҷаев аз сӯи маҷлиси ноҳиявии Шӯрообод қатъ карда шуд. Ҳамзамон рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр дар ин ноҳия интихоботи миёндавраӣ ба ҷойи вакили собиқ Баҳриддин Хоҷаев сурат гирифт.

Исломшоҳ Шоев, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо касби беш аз 88 дарсади раъйи интихобкунандагони ноҳия Амрохон Алиев, раиси ҷамоати деҳоти Саричашма, ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ пазируфта шуд.

Дар зимн, Баҳриддин Хоҷаев, вакили собиқ, зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар мавзеи Дашти Ғазғарак хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ӯ дар интихоботи маҷлиси маҳаллии соли 2010 аз ноҳияи Шӯрообод ба унвони вакили маҳаллӣ интихоб гардида буд. Ҳамакнун тибқи иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Шӯрообод, Баҳриддин Хоҷаев дар қаламрави Русия боздошт шуда ва интизор меравад, ояндаи наздик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Шӯрообод аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон аст, ки бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад. Дар чанд соли ахир Шӯрообод аз масири қочоқи маводи мухаддир тавассути гурӯҳҳои мафиёӣ ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG